logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ПЕТЕР СИЯРТО

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 май дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” вазири робитаҳои иқтисодӣ ва корҳои хориҷии Маҷористон Петер Сиярторо ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот, ки дар фазои самимӣ ҷараён гирифт, маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Маҷористон баррасӣ карда шуданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мо ба рушди ҳамкорӣ миёни кишварҳоямон дар асоси дуҷониба ва дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо манфиатдорем.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо омодагии худро баҳри таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби технологияи муосир ва сармоягузориҳои хориҷӣ, татбиқи муштараки лоиҳаҳои хурду миёнаи обӣ дар Тоҷикистон, инчунин, сохтмони инфрасохтори минтақавӣ ва байналмилалӣ баён карданд.
Ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахши саноати металлургӣ, муҳандисӣ, телекоммуникатсия, истеҳсоли алюминий, маҳсулоти бофандагӣ, маводи сохтмонӣ, канданиҳои фоиданок, сангҳои қиматбаҳо ва саноати кимиё, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахта, сабзавот ва меваҳо, аз соҳаҳои дигари ояндадору афзалиятноки равобити дуҷониба номида шуданд.
Ҷонибҳо бо он ҳамақида буданд, ки барои расидан ба ҳадафҳои муштарак - таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ ба манфиати кишварҳо хоҳад буд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мубрами ҷомеа, аз ҷумла муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, гуфтугӯи судманд анҷом доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.05.2018    №: 89    Мутолиа карданд: 1351
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед