logo

туризм

САЙЁҲӢ. ИМТИЁЗҲОИ АНДОЗӢ САМАР МЕОРАНД

Сайёҳӣ яке аз сердаромадтарин бахшҳои иқтисоди миллии кишварҳои ҷаҳон ба ҳисоб рафта, аз лиҳози фоидаи соф ба соҳаи фурӯши нафту газ рақобат дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои имконоти фарохи рушди сайёҳӣ мебошад ва барои муаррифии онҳо ҷиҳати ҷалби сайёҳон тайи солҳои охир талошҳои зиёд ба харҷ медиҳад. Фароҳам овардани шароиту имкониятҳо ҷиҳати рушди соҳа, хусусан имтиёзҳо ва сабукиҳо барои сайёҳон ва ширкатҳои сайёҳӣ,  ба рушди соҳа мусоидат мекунад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин мақсад заминаҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор фароҳам овардааст. Фаъолияти  субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ тибқи низоми содагардондашуда танзим мегардад, ки барои  кори босамари ширкату корхонаҳои соҳа аз чораҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Аз пардохтҳои андозу гумрук озод гардидани воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти сайёҳӣ, аз пардохти андоз аз фоида озод гардидани ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолият, ташаккул ёфтани низоми содакардашудаи раводид  ва шабакаи ягонаи электронӣ барои шаҳрвандони 80 давлати ҷаҳон ва муқаррар гардидани беш аз 10 имтиёзи дорои хусусияти иҷтимоию иқтисодӣ дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» аз ҷумлаи тадбирҳои муҳиме мебошанд, ки ба хотири рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар андешида шудаанд.
Андоз сарчашмаи ғанӣ сохтани буҷети кишвар аст. Аммо кам кардани ҳаҷми он дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидори сайёҳӣ маънои коҳиш ёфтани даромад аз андозро надорад. Баръакс, ба василаи сабук сохтани пардохти андоз дар ҷодаи туризм шумораи андозсупорандагон афзуда, мушкилоти қарздорӣ аз андоз боқӣ намемонад. Ҳазорҳо ҷойи кор фароҳам меояд ва аз ин ҳисоб ҳаҷми пардохти андози иҷтимоӣ низ ба маротиб зиёд мегардад. Дар натиҷаи зиёд гардидани хизматрасониҳои туристӣ истеҳсоли дохилии маҳсулоти хӯрокворӣ, либос ва мебелу таҷҳизот низ рушд меёбад. Ин раванд дар навбати аввал ба бештар гардидани теъдоди корхонаҳои саноатии ватанӣ мусоидат менамояд. 
Аҳамияти дигари имтиёзҳои андози Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки инфрасохтори муосири хизматрасонии сайёҳӣ аз ҷониби ташкилоту ширкатҳо ва сармоягузорон дар кӯтоҳтарин муддат бунёд ва ташаккул меёбанд.
Коршиносони байналмилалии соҳа эътироф кардаанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи фароҳам овардани шароиту имтиёзҳо ба хотири пешрафти  бозори сайёҳӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои сайёҳон ва субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, баланд бардоштани маърифати сайёҳии ҷомеа, мусоидат ба рушди иқтисодиёти миллӣ ва беҳсозии вазъи иҷтимоии шаҳрвандон қадамҳои устувор мегузорад.
Гулнор МАЛИКОВА,
магистри Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.05.2018    №: 90    Мутолиа карданд: 1399
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед