logo

порлумон

ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲОИ МУҲИМ

Мутобиқи маълумоти оморӣ соли 2017 гардиши савдои хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 126,4  миллион долларро ташкил дод ва дар семоҳаи соли равон ин нишондиҳанда ба 41,5 миллион доллар расид, ки ҳаҷми мубодилаи мол назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 маротиба зиёд аст. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сармоягузории ширкатҳои ҷониби Ӯзбекистон 17 корхона фаъолият дорад.

Ин нукта дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҷониби Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни тавзеҳи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супурдани андозҳо аз даромад ва сармоя баён гардид. Назар ба гуфтаи ӯ,  мақсади созишномаи мазкур аз байн бурдани андозбандии дукарата, афзоиш додани ҳаҷми савдои байниҳамдигарӣ, воридоти сармоя, фароҳам овардани фазои сармоягузорӣ барои ҳар ду ҷониб ва дар умум барои беҳтар гардондани рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ - техникӣ ва фарҳангии байни ду кишвар мебошад.
Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ҳамчунин, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид. Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, зимни баррасии созишномаи мазкур зикр кард, ки он 9 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст. Созишномаи мазкур ба таҳкими ҳамкории ду давлат нисбат ба ҳавасмандгардонии сармоягузории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо эътирофи муҳимияти таъмин намудани механизми ҳимояи сармоягузориҳо тибқи қонунгузории ҳар ду давлат, инчунин, тавассути меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ равона шудааст. Мувофиқи созишнома тарафҳои аҳдкунанда кӯшиш менамоянд, ки дар ҳудуди давлати худ барои сармоягузориҳои тарафи дигар шароити мусоид фароҳам оваранд ва тибқи қонунгузории давлати худ ҳимояи сармоягузориҳои давлати дигарро дар ҳудуди худ таъмин намояд. Инчунин, дар он интиқоли озоди маблағҳои сармоягузорони якдигарро кафолат медиҳанд. Тарафҳо доир ба масъалаҳои вобаста ба тафсир, истифода ва ё татбиқи созишномаи мазкур машварат мегузаронанд. Созишнома ба муддати 10 сол эътибор дорад ва пас ба анҷом расидани муҳлат тибқи тартиби муқарраргардида амали он метавонад ба таври автоматӣ даҳсолаи навбатӣ тамдид гардад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.05.2018    №: 90    Мутолиа карданд: 5302
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед