logo

маориф

ОЛИМПИАДА. ХОНАНДАГОНИ МАКТАБҲОИ ДУШАНБЕ ПЕШСАФАНД

Олимпиадаи даставӣ байни хонандагони мактабҳои президентӣ ва литсейҳо барои хонандагони болаёқат аз фанҳои табиӣ - риёзӣ дар мактаби байналмилалии президентии шаҳри Душанбе доир гардид. Дар он 233 хонанда иштирок кард, ки 43 нафари он сазовори ҷойҳои  намоён гаштанд.
Тибқи иттилои Хуршед Каримов, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Вазорати маориф ва илм, дар ҷамъбасти олимпиада дастаи хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе  бо гирифтани 17 ҷойи ифтихорӣ  (5 медали тилло,  5 нуқра ва 7 биринҷӣ) сазовори  ҷойи якум шуданд.
Дар ин радиф, Мактаби президентӣ барои хонандагони  болаёқат дар ноҳияи Данғара бо гирифтани 6 ҷойи ифтихорӣ (3 медали тилло, 1 нуқра ва 2  биринҷӣ) сазовори ҷойи дуюм, Литсей - интернати президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе бо гирифтани 4 ҷойи ифтихорӣ (1 медали тилло ва 3 биринҷӣ) соҳиби  ҷойи сеюм гаштанд.
Ҳамзамон, хонандагони Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон сазовори 3 ҷойи ифтихорӣ (1 медали тилло ва 2 биринҷӣ), Литсей барои хонандагони болаёқати равияи иқтисодии шаҳри Душанбе сазовори 3 ҷойи ифтихорӣ (1 медали нуқра ва 2 биринҷӣ) гардиданд. Хонандагони муассисаҳои таълимии дигар шаҳру навоҳии кишвар мутаносибан аз як то ду медал ба даст оварданд.
Ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ бо ҷом, медалҳо, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр шуданд.
- Вазорати маориф ва илм дар самти дарёфту рушди истеъдодҳо ва таҳкими ҳаракати олимпӣ мунтазам тадбирҳои судманд андешида, барои ташаккули тафаккури мантиқии хонандагон заминаи мусоид фароҳам меорад, - изҳор дошт Х. Каримов.
Бино ба гуфтаи масъулони Вазорати маориф ва илм, хонандагоне, ки сазовори ҷойҳои 1, 2 ва 3 гаштаанд, ҳангоми супурдани имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ соҳиби 100, 75 ва 50 холи (бонус) иловагӣ гардиданд. Ин имконият медиҳад, ки ғолибони олимпиада бо ҷамъи холҳои аз имтиҳон бадастоварда ва холҳои иловагӣ донишҷӯи мактабҳои олии мамлакат гарданд.

Раҳматулло КАРИМОВ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.05.2018    №: 91    Мутолиа карданд: 1277
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед