logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

14 май дар Қасри миллат таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати кишвар баргузор шуд.

Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони як қатор сохторҳои давлатӣ иштирок карданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оид ба раванди иҷрои дас-туру супоришҳои қабландодашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагии ҳамаҷониба барои дар сатҳи баланд таҷлил кардани Ҷашни умумимиллӣ - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доир ба ҳадаф ва аҳамияти баргузории мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар дар арафаи моҳи шарифи Рамазон андеша ронданд.
Раванди тағйирёбии иқлим, пайомад ва таъсири он ба иқтисодиёти мамлакат, таҳкими амнияти давлату миллат дар шароити зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъмини волоияти қонун, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳамагуна ҷинояткорию қонуншиканиҳо, вусъати корҳои созандагию ободонӣ, ҳифзи солимии аҳолӣ, дуруст ба роҳ мондани ташхису табобат, таъмиру тармим ва бунёди муассисаҳои тандурустӣ, махсусан марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, дасти мадад дароз кардан ба табақаҳои эҳтиёҷманд, дар маҷмӯъ фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои шаҳрвандон аз масъалаҳои муҳими мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони ҷомеаи кишвар буд.
Бо дарназардошти муҳимияти масъалаҳои дар вохӯрӣ муҳокимашуда Сарвари давлат дар назди аъзои Ҳукумати кишвар, масъулони сохторҳои давлатӣ ва мақомоти марказии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо баҳри таҳияи нақшаи чорабиниҳо аз рӯйи натиҷаҳои мулоқот ва дар амал татбиқ кардани дастурҳои зикршуда, супоришҳо доданд.
Пешвои миллат таваҷҷуҳи аъзои Ҳукуматро ба масъалаи ҷонибдории аҳолӣ аз ҳадафҳои созанда ҷалб карда, дастур доданд, ки бо мақсади амалӣ намудани хоҳишу талошҳои мардум мусоидати фаъол намоянд.
Ёдовар мешавем, ки зимни баромади худ соҳибкорони ватандӯсти ҷумҳурӣ асосан ташаббус пеш гирифтанд, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати неку ояндадори роҳбарияти давлату Ҳукумат дар корҳои созандагию бунёдкорӣ тавассути таъмиру тармим ва сохтмони роҳҳо, мактабҳо, марказҳои тандурустӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар иншооти зарурӣ, фаъолона иштирок мекунанд.
Супоришҳои дигар ба масъулони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, таълиму тарбияи насли наврас дар роҳи хештаншиносию ватанпарастӣ, бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ, китобхона, ҳаммомҳо бо сартарошхонаву кошонаи ҳусн, боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои сайру истироҳати оммавӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳҳои дӯзандагӣ, истеҳсоли маснуоти ҳунарҳои мардумӣ дар ҳар як ҷамоату деҳоти кишвар, бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолӣ ва таъмири роҳи байни деҳаҳо, риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дода шуданд.
Аъзои Ҳукумат, сохторҳои давлатӣ ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аз Сарвари давлат, ҳамчунин, доир ба ҷоннок кардани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ ва анҷоми тадбирҳои мушаххас оид ба волоияти қонун, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, ба Ватан баргардондани фарзандони онҳое, ки дар муассисаҳои таълимии динии кишварҳои хориҷӣ ғайриқонунӣ таҳсил мекунанд, таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи солимии ҷомеа, дастурҳо гирифтанд.
Мавриди зикр аст, ки мулоқоти навбатии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар дар арафаи моҳи Рамазон баргузор гардид, аз ин рӯ, зимни вохӯрӣ ба масъалаҳои анҷом додани тадбирҳои хайру савоб, дароз кардани дасти сахо ба эҳтиёҷмандон, ятимону камбизоатон, ғамхорӣ нисбат ба падару модар, хоҳару бародарони хеш, таваҷҷуҳи махсус дода шуд.
Дар анҷоми кори маҷлис Президенти мамлакат ба Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар бобати андешидани тадбирҳои мушаххас оид ба таъсири иқлим ба иқтисодиёти кишвар, дарёфти роҳҳои баромадан аз вазъияти баамаломада, захираи кофии маводи ғизоӣ, хӯроки чорво ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, супоришҳои мушаххас доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.05.2018    №: 95    Мутолиа карданд: 8394
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед