logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОНУ БЕЛАРУС

15 май дар Қасри миллат музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Беларус дар чаҳорчӯбаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Тоҷикистон баргузор гашт.

Дар ҷараёни музокироти вижаи сарони ду кишвар дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум, ки ба робитаҳои муосири байнидавлатии ин мамлакатҳо хос аст, масъалаҳои муҳимтарини рушду таҳкими ҳамкории дуҷониба дар ҳамаи арсаҳои манфиатҳои муштарак ба таври амиқ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенкоро барои ташриф ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфта, изҳор доштанд, ки мулоқоту вохӯриҳои сатҳи олӣ ва муносибатҳои мунтазаму судманд дар сатҳи ҳукуматҳо омили муҳим ва мусбат дар ташаккули равобити байни ду кишвар мебошанд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамеша сатҳи баланди дастовардҳои ҳамкории Тоҷикистону Беларусро қадр мекунад ва ҷонибдори таҳкими минбаъдаи ин ҳамкорӣ мебошад. Айни ҳол заминаи меъёриву ҳуқуқии муносибатҳои ду кишварро беш аз 80 санади муҳим танзим менамояд, ки бахшҳову соҳаҳои афзалиятноки ҳамкориро дар бар мегирад.
Ҷонибҳо имзои бастаи нави санадҳои ҳамкориро, ки имрӯз дар чаҳорчӯби сафари расмии Президенти Беларус ба Тоҷикистон қабул мегарданд, омили таконбахши рушду густариши муносибатҳои ояндадори ду кишвар арзёбӣ намуданд. Барои тақвияти равобити дуҷониба сарони давлатҳо аз раванди инкишофи муносибатҳои парлумонӣ изҳори қаноатмандӣ карда, пешниҳод намуданд, ки фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии парлумонӣ васеъ ба роҳ монда шавад.
Дар ҷараёни мулоқот бо иштироки ҳайатҳои васеъ, ҷонибҳо муносибатҳои ҳамкории кишварҳоро дар ҷаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, баррасӣ карданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдории фаъолонаи Ҷумҳурии Беларусро оид ба ташаббуси глобалии Тоҷикистон дар бораи Даҳсолаи нави байналмилалии амалиёти “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” махсус таъкид карданд. Изҳори итминон шуд, ки ҳайати Беларус дар Конфронси сатҳи олӣ оид ба татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои даҳсолаи нави об, ки моҳи июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, фаъолона иштирок мекунад.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба мавқеи кишварҳояшон дар самти ҳалли мушкилоти глобалӣ, нигоҳдории якҷояи сулҳ ва амният дар минтақа, тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои он, масъалаҳои мубориза бо терроризм, экстремизм ва радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ табодули андеша карданд.
Дар робита ба вазъи мураккаби сиёсӣ дар ҳамсоякишвари Афғонистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ёрии шарикон дар масъалаҳои пурзӯр кардани заминаи моддию техникии неруҳои сарҳадии Тоҷикистон баҳри таҳкими ҳифзи марзҳои ҷанубии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зарур аст.
Зимни баррасии муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, афзоиши гардиши мол байни ду кишвар, сарони давлатҳо зарур шумурданд, ки кори Комиссияи байниҳукуматии тиҷоратию иқтисодӣ ҷоннок карда шуда, татбиқи саривақтии Барномаи байнидавлатии ҳамкории иқтисодӣ то соли дуҳазору бистум таъмин гардад.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли маҳсулоти истеъмолӣ, доруворӣ, кишоварзӣ, рушди соҳаҳои парандапарварӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, гӯшт ва шир, ба роҳ мондани саноати коғаз, нафту газ, трансформаторҳо, чароғҳо, эҷоди паркҳои технологӣ дар Тоҷикистон бо истифода аз таҷрибаи Беларус, таҳкими робитаҳои доираҳои соҳибкорӣ доир ба истифодаи самаранок аз имкониятҳои фарохи минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон зарур шумурда шуд.
Зимни музокироти сатҳи олӣ ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои афзалиятноки фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф, робитаҳои муассисаҳои олии таълимӣ, тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси тиббӣ дар кишварҳои якдигар ҳавасмандии худро иброз доштанд.
Дар фарҷоми музокирот маросими имзои бастаи санадҳои дуҷониба, ки аз 15 созишнома иборат буда, аксари соҳаҳои калидии ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларусро дар бар мегиранд, сурат гирифт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Изҳороти муштаракро дар хусуси таҳкими дӯстӣ ба имзо расонданд.
Дар ҳузури сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко санадҳои зерини байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расонда шуданд:
- Барномаи машваратҳо байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус барои солҳои 2018 - 2019;
- Нақшаи чорабиниҳо дар бораи рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва гуманитарӣ миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумитаи иҷроияи шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус барои солҳои 2018 - 2019;
-  Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти экспертизаи судӣ байни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии экспертизаҳои судии Ҷумҳурии Беларус;
- Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти экспертизаи судӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии экспертизаҳои судии Ҷумҳурии Беларус;
- Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тибби судӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии экспертизаҳои судии Ҷумҳурии Беларус;
- Созишнома миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маълумоти томактабӣ;
- Созишнома байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноати Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат;
- Созишнома байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ;
- Барномаи ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистону Беларус “Харитаи роҳ” барои солҳои 2019 - 2020;
- Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амволи Ҷумҳурии Беларус;
- Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи назорати давлатии Ҷумҳурии Беларус;
- Созишнома оид ба ҳамкории илмӣ миёни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Беларус;
- Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2018 - 2020 ҷиҳати иҷрои Созишнома байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои фавқулода, ки 28 октябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе имзо шудааст;
- Созишномаи ҳамкории таълимӣ ва илмӣ байни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии Ҷумҳурии Беларус.
Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.05.2018    №: 96    Мутолиа карданд: 1289
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед