logo

ҳуқуқ

СУДИ ОЛӢ ҲАФТ УЗВИ ЯК ГУРӮҲИ ҶИНОЯТКОРРО АЗ 10 ТО 30-СОЛӢ РАВОНАИ ЗИНДОН КАРД

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 май ҳукми як гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ иборат аз ҳафт нафарро, ки дар содир намудани чандин ҷиноят, аз ҷумла дар қатли бераҳмонаи соҳибкор Мақсудҷон Муҳаммадҷонов ва ҳамсараш Ибодат Неъматуллоева муттаҳам мешаванд, эълон намуд.
Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ аз ҷониби коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олӣ баррасӣ гардида, бо ҳукми суд ба Сайфулло Абдиев, Шарофиддин Абдуллоев, Ҷунайдулло Меҳбуллоев ва Абдуманон Эргашев ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 30 – солӣ бо мусодираи молу мулк таъйин гардид. Се нафари дигар - Муродбекзода Парвин 25 сол, Абдусуъуд Имомов 17 сол ва Маъруфзода Рустам 10 сол паси панҷара хоҳанд монд.
Зафар Азиззода, судяи Суди Олӣ, зимни эълони ҳукми суд нисбат ба маҳкумшудагон иброз дошт, ки ин гурӯҳ солҳои 2017 - 2018 дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ҳулбук ва Рӯдакӣ ба содир намудани ҷиноятҳои куштори одамон, ҳуҷуми роҳзанонаи молу мулки шаҳрвандон бо расондани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба онҳо, дуздӣ ва суиқасди дуздӣ даст задаанд. Аз ҷумла, Сайфулло Абдиев бо ҳамроҳонаш шаби 17 ба 18 октябри соли 2017 ба манзили истиқоматии Мақсудҷон Муҳаммадҷонов, сокини Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ворид шуда, ӯ ва ҳамсараш Ибодат Неъматуллоеваро, ки ба тиҷорати матоъ машғул буданд,  бо шиканҷаи зиёд ба қатл мерасонанд. Гуфта мешавад, ки ин гурӯҳ «бо мақсади куштор ва тасарруфи молу мулки онҳо, ҳуҷуми роҳзанона намуда, бо қубурҳои оҳанин ва мехкашаки бо худашон оварда, ҷабрдидагонро, ки дар ҳолати оҷизӣ, яъне хоб буданд, бо бераҳмии махсус ба сару рӯяшон ҷароҳатҳои гуногун расонда, дасту пою даҳонашонро бо лентаи часпанда (скотч) баста, онҳоро ба ҳалокат расондаанд. Сипас, хонаҳои онҳоро кофтуков карда, 59000 сомонӣ, 75000 доллари ИМА ва телефони мобилиашонро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд».
Гурӯҳи ҷинояткор тақрибан баъд аз чаҳор моҳи содир намудани ин ҷинояти такондиҳанда, зимни содир намудани ҷинояти навбатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ боздошт шуданд. Тафсилоти парвандаи ҷиноятӣ ва ҳукми суд нишон медиҳад, ки амалу ҳаракатҳои ин гурӯҳ ҷинояткорони касбиеро мемонад, ки барои ошкор нашудани аъмоли ғайриқонунии худ аз роҳу шеваҳои махсус кор гирифтаанд. Вале набояд фаромӯш кард, ки феълан мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар қудрати комил доранд, то ба зудӣ парда аз рӯи ҳама гуна ҷиноят бардоранд ва ҷинояткоронро ба ҷазо ва ҷавобгарии қонунӣ бикашанд.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.05.2018    №: 98    Мутолиа карданд: 1077
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед