logo

маориф

32 МЕДАЛ ДАСТОВАРДИ КАМНАЗИРИ ЯК ЛИТСЕЙ

Муҳассилини Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе  дар олимпиадаҳои имсолаи ҷумҳуриявӣ, ки чанде пеш анҷом пазируфтанд, 32 медал (9 тилло, 10 нуқра, 13 биринҷӣ)  ба даст оварданд,  ки воқеан нишондоди баланд арзёбӣ мегардад. Зеро то ба имрӯз ягон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба чунин дастовард ноил нагашта буд.
Ба ҷуз ин, литсей дар олимпиадаи даставӣ байни хонандагони мактабҳои президентӣ ва литсейҳо барои хонандагони болаёқат бо гирифтани 17 ҷойи ифтихорӣ мақоми аввалро соҳиб гардид .
Дар робита ба ин дастовардҳо, хабарнигори рӯзнома бо  директори литсей Насим Туманов суҳбат орост, ки фишурдаи онро манзури хонандагон менамоем.
- Бигӯед, ки литсей дар омода намудани хонандагон ба олимпиадаҳо аз кадом шеваҳо кор мегирад, ки ба чунин натиҷаҳои баланд мушарраф мегардад?
- Тайёр  намудани хонандагон ба олимпиадаҳо як самти муҳими фаъолияти муассиса маҳсуб меёбад ва, ба ин хотир, дар мактаб гурӯҳҳои олимпӣ  ташкил намудаем, ки барои омода намудани хонандагон муовини махсус оид ба олимпиада кор мебарад. 
Боиси тазаккур аст, ки хонандагони муассиса  тибқи барномаҳои муассисаҳои таълимии пешрафтаи Аврупо, ки бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст, ба таълим фаро гирифта мешаванд. Дар баробари ин, синфхонаҳо бо таҷҳизоти таълимии муосир таъминанд. Умуман, муассиса ва омӯзгорони он баҳри боло бурдани савияи дониши хонандагон талоши зиёд менамоянд.
Тавре медонем, ҳоло дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ  шаклҳои гуногуни олимпиада – олимпиадаи фаннӣ, даставӣ, номии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, даставӣ байни хонандагони мактабҳои президентӣ ва литсейҳо барои хонандагони болаёқат, лоиҳавӣ-ихтироъкорӣ роҳандозӣ шудаанд. Бояд гуфт, ки имсол хонандагони мо дар олимпиадаҳои ноҳиявиву ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, дар маҷмӯъ сазовори  90 медал шуданд. Ин дастоварди хонандагон гувоҳи он аст, ки талошҳои омӯзгорони мо дар ин самт самараи хуб дода истодаанд.
Ҳоло литсейро метавон пешбарандаи сиёсати ҳаракати олимпӣ дар кишвар номид, зеро хонандагони он дар бештари олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд.

- Ба хонандагоне, ки дар олимпиадаҳо иштирок ва ҷойи намоёнро ишғол мекунанд чӣ имтиёзҳо пешбинӣ шудааст?
- Аз ҷониби Вазорати маориф ва илм  тартиби тахфиф ба ҳаққи таҳсил муқаррар шудааст. Тибқи он, хонандагони муассисаи мо, ки дар олимпиадаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мешаванд, аз 10 то 90 дарсад аз пардохти маблағи таҳсил озоданд. Ҳамчунин, мувофиқи имкониятҳо, муассиса аз ҳисоби маблағҳои худӣ ба хонандагон мукофотпулӣ ва туҳфаҳо тақдим мекунад.

- Гуфтед, ки литсей пешбарандаи сиёсати ҳаракати олимпӣ аст ва дар бештари олимпиадаҳои фаннии сатҳи байналмилалӣ Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад. Имсол хонандагони шумо дар кадом олимпиадаҳои байналмилалӣ ширкат намудаанд ё хоҳанд кард?
-Боиси ифтихор аст, ки хонандагони литсейи мо ҳамасола ба тамоми олимпиадаҳои  байналмилалӣ даъват мешаванд. Аз ҷумла, аз 20  то 30-юми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Кембриҷи Британияи Кабир  миёни мактаббачагон олимпиада баргузор гардид, ки дар он 17 нафар хонандагони мо ширкат варзида, соҳиби  3 медали нуқра ва 9  биринҷӣ гаштанд. Айни замон, ду нафар хонанда барои иштирок дар олимпиадаи байналмилалии АФО аз фанни физика ба  Ветнам сафар намуданд. Ҳамзамон, 20 май дар Ҳиндустон аз фанҳои дақиқ олимпиадаи Эмити доир мешавад, ки хонандагони литсей дар он низ иштирок хоҳанд кард. Умед дорем, ки онҳо дар ин олимпиадаҳо сазовори ҷойҳои намоён гашта, шарафи Тоҷикистонро боз ҳам баландтар мебардоранд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.05.2018    №: 98    Мутолиа карданд: 1911
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед