logo

ҳуқуқ

ТОҶИКИСТОН ПЕШОҲАНГИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ИФРОТГАРОӢ

Терроризм ва экстремизм аз зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир ба шумор рафта, хатари онҳо рӯз ба рӯз рӯшантар мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ барои решакан кардани ин падидаи манфӣ аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода мебарад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, ки 4 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, аз хатари ин вабои аср, ки тамоми кишварҳои дунёро ба таҳлука овардааст, изҳори нигаронӣ намуда, чунин иброз доштанд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон аввали солҳои 90-уми асри XX - ҳанӯз дар оғози бунёди давлати соҳибихтиёри худ ҳадафи амалҳои тахрибкоронаи террористону ифротгароён бо дастгирии хоҷагони хориҷии онҳо қарор гирифт. Дар он айём ниҳодҳои терроризми байналмилалӣ ва ифротгароён кишвари моро ба саҳнаи озмоиши қудрати маргбори худ ва ҳадафи ғаразҳои зиддиинсонӣ табдил дода буданд. Он замон Тоҷикистон ба ҳамаи он ҳодисаҳои фоҷиаборе, ки имрӯзҳо дар Ироқу Сурия, Яману Афғонистон мушоҳида мешаванд, рӯ ба рӯ шуда буд.  Ҳадафу нақшаҳои пасипардагиву ғаразноки саркардаҳои аслии он амалҳои харобиовар ва хоҷагону сарпарастони онҳо, ки аз ғояҳои ифротгароӣ ва террористӣ сарчашма мегирифтанд, бо роҳи зӯрӣ ва қатлу куштор ба сари мардум таҳмил кардани фарҳанги бегонаву тафаккури асримиёнагӣ ва дар Тоҷикистон таъсис додани давлати исломӣ буд». Дар ин конфронси сатҳи баланд, ки коршиносону намояндагони созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ширкат доштанд, масъалаҳои вобаста ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм баррасӣ гаштанд. Гуфта шуд, ки давоми солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи ифротиён қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд.
Зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расондашуда садҳо миллиард долларро ташкил медиҳад. Танҳо дар қаламрави Афғонистон соли гузашта бар асари ҷангу амалҳои террористӣ зиёда аз 10 ҳазор нафар аҳолии осоишта зарар дида, тақрибан 4 ҳазор нафар қурбон шуд. Сию ду дарсади қурбониён ва 53 фоизи маҷрӯҳонро занону кӯдакон ташкил додаанд.  
Мутафаккири бузурги фаронсавӣ Оноре де Балзак навишта буд: «Идеяҳоро фақат бо идея метавон нест кард».  Яъне идеяи миллӣ ва идеологияи миллӣ даркор аст, ки он бояд бар алайҳи терроризму ифротгароӣ кордеҳ бошад, одамонро гирди ҳам оварад.
Дар Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки ҷавҳар, хосият ё маҷмӯи сифатҳои тоҷикон аз илму донишомӯзӣ, заҳматписандию таҳаммул, сарукор бо замин, оштию сулҳпазирӣ ва ғайра иборатанд. Ва ҳамин консепсия чун идеологияи миллии Тоҷикистон бар зидди терроризму ифротгароӣ равона гардидааст.
Коршиносон сабабҳои асосии шомилшавии ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротӣ раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва надоштани дониши казоии баъзе ҷавонон унвон мекунанд. Ба қавли онҳо, баъзе муҳоҷирони тоҷик дар Федератсияи Русия фирефтаи аъзои гурӯҳҳои бадхоҳ гардида, ба Сурияву Ироқ мераванд. Ба ҳамин монанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ аъзои ин гурӯҳҳо бо даъвати ба ном «ҷиҳод» ҷавононро фирефта карда, ба онҳо маблағи пулӣ ваъда мекунанд ва ба ҷанг мебаранд. Ба ин ваъдаҳои сохтаву бардурӯғ танҳо афроде фирефта мешаванд, ки дониши кофӣ ва ҷаҳонбинии васеъ надоранд.
Бунёди корхонаю коргоҳҳои хурду миёна дар ноҳияҳо ва рустоҳои дурдаст, тақсим кардани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, коркарди пахта, меваю сабзавот ва дигар маводи кишоварзӣ дар сатҳи маҳал боиси рушди иқтисод ва беҳшавии вазъи иҷтимоии сокинони маҳаллӣ хоҳад шуд ва ин боис мегардад, ки ҷавонон дар дохил соҳиби шуғл шаванд ва ба доми тазвири ифротиён наафтанд.
Шоёни зикр аст, ки талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароии замон натиҷаҳои дилхоҳ дода истодаанд. Ва баргузор гардидани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” дар шаҳри Душанбе гувоҳи ин гуфтаҳост. Яъне Ҷумҳурии Тоҷикистон барои решакан кардани ин хатари ҷаҳонӣ дар сафи пеши мубориза қарор дорад.
Бахтиёр САМАДЗОДА,
сардори шуъбаи суди иқтисодии шаҳри Душанбе,
Зулфия САИДЗОДА,
судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.05.2018    №: 99    Мутолиа карданд: 1027
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед