logo

мусоҳибаҳо

Эмомалӣ Раҳмон: «Имкониятҳои интегратсияро самаранок истифода барем»

Мусоҳибаи Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо рӯзномаи «Известия»-и Федератсияи Русия, 15октябри соли 2009

Пурсиш: Ҷаноби Президент, Шумо вазъи иқтисодии Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказиро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Посух: Солҳои охир дар Тоҷикистон болоравии бомароми иқтисодӣ мушоҳида мешуд. Сиёсати ҳадафмандона барои таъмини устувории макроиқтисодӣ бар пойдевори  рушди босуботи ҳамаи бахшҳои иқтисод, гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ ва сохторӣ, фароҳам овардани шароити иқлими хеле беҳтар барои сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусӣ ба ин мусоидат мекард.
Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар панҷ соли охир 1,5 баробар, ба ҳар сари аҳолӣ 3,3 баробар афзуд. Суръати миёнаи  солонаи афзоиши маҳсулоти саноатӣ 10 дарсадро ташкил дод. Бахши кишоварзӣ бардавом рушд карда, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулот дар 5 соли охир 3 баробар зиёд шуд. Дар афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ислоҳоти бахши аграрии иқтисодиёт нақши муҳим бозид.  Ба фермерҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ тақсим карда додани замини фонди ҷамъиятӣ бахши хусусии иқтисодиётро пойдор гардонд. Ҳоло 90 дарсади маҳсулоти кишоварзии кишварро бахши хусусӣ истеҳсол мекунад.
Мо метавонистем ба комёбиҳои бештар даст ёбем, аммо бӯҳрони шадиди ҷаҳонӣ ба иқтисоди кишвар наздики 3,5 миллиард сомонӣ зарар ворид сохт. Таъсири ногувори бӯҳрон ба иқтисоди Тоҷикистон пеш аз ҳама дар поин рафтани нархи ҷаҳонии алюминий ва пахта, ки маҳсулоти асосии содиротии кишвар мебошанд, эҳсос гардид.Дар ин вазъият мо бояд сиёсати оқилонаи иқтисодиро ба роҳ монда, барои рафъ ва кам кардани пайомадҳои нохуш тадбирҳои заруриро амалӣ намоем. Дар баробари ин бо мақсади таъмини нақшаҳои макроиқтисодӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ бояд тамоми норасоиҳои ҷойдоштаро бартараф карда, кори маҷмӯи бахшҳои иқтисоди кишварро фаъол намоем.
Таҳлили натиҷаҳои иқтисодӣ баёнгари онанд, ки ба афзоиши минбаъдаи ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ коҳиши истеҳсоли маҳсулоти саноат ба андозаи 4 %, пахта 16%, инчунин дараҷаи пасти истифодаи иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ таъсири манфӣ расонидаанд. Бо вуҷуди афзоиши ҳаҷми гардиши мол дар тиҷорати берунӣ пастравии ҳаҷми молу маҳсулоти содиротӣ, хусусан фарқи ногувори байни содирот ва воридот, ки наздики 40 дарсад аз ҳаҷми умумии гардиши моли тиҷорати беруниро ташкил медиҳад, ташвишовар аст ва он ба мувозанаи пардохтии он таъсири манфӣ мерасонад.
Дар буҷети соли 2009 мо ба рушди бахши иҷтимоӣ афзалият додем. Маблағгузории ин бахш дар маҷмӯъ бо хароҷоти манзилӣ- коммуналӣ нисбат ба соли 2008 якуним баробар зиёд мешавад.
Дар бахши бонкӣ моро зарур аст, ки ба масъалаи баланд бардоштани масъулияти бонкҳо ва созмонҳои ғайрибонкии кредитӣ барои татбиқи сиёсати қатъии пулӣ, роҳ надодан ба ҷаҳишҳои таваррумӣ ва таъмини имконияти харидории устувори асъори миллӣ диққати ҷиддӣ диҳем.
Соли гузашта бонкҳои кишвар барои сектори соҳибкории хурду миёна ба маблағи умумии 1 миллиарду 612 миллион сомонӣ- 57 дарсад бештар аз соли 2007 қарзҳои хурд доданд. Қарзгирон дар ин давра 9 ҳазор кас зиёд шуда, шумораи умумии онҳо ба 166 ҳазор расид. Аммо ин натиҷаро ҳанӯз қаноатбахш шуморидан мумкин аст.
Дар самти фаъолияти инвеститсионӣ пешравиҳои фараҳбахш падид омаданд. Дар 5 соли охир ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ беш аз 5 баробар афзуд. Айни ҳол дар бахшҳои гуногуни иқтисоди кишвар 55 лоиҳаи давлатии инвеститсионӣ ба маблағи умумии 1,7  миллиард доллари ИМА амалӣ мешавад.
Дар тиҷорати берунӣ ҳам баъзе дигаргуниҳои мусбат рух доданд. Гардиши моли тиҷорати беруна соли 2008 назар ба соли 2003 2,8 баробар зиёд шуд. Ҳамзамон, бӯҳрон бисёр мушкилиҳоро ошкор кард, ки самтгирии аз ҳад зиёд ба содироти ашёи хом, умуман иқтисод бозори сусти молиявӣ ва душвориҳои марбут ба муҳоҷират аз ҷумлаи онҳоанд.
Нишонаҳои нахустини бӯҳрон дар кишвари мо охири соли 2008 падид омаданд. Нишондиҳандаҳои савдои берунӣ хеле коҳиш ёфтанд, ҳаҷми содирот 48%, воридот 22%, гардиши мол дар тиҷорати берунӣ маҷмӯан 30% кам шуд. Пайомади дигари нохуши бӯҳрон ба андозаи 35% коҳиш ёфтани интиқоли маблағҳо мебошад, ки дар навбати худ ба қобилияти харидории мардум таъсири амиқ гузошта, норасоии мувозанаи пардохтиро боло бурд. Ин омилҳо ба ташаккули қисми даромади буҷет ва суботи молиявӣ таъсири манфӣ расонданд. Бори нахуст дар ҳашт соли охир қисмати даромади буҷети давлатӣ иҷро нагардид (98,1%).
Бо ин ҳама душворию мушкилиҳо болоравии иқтисодӣ дар кишвар устувор идома ёфт. Дар ҳашт моҳи соли равон афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8%-ро ташкил дод. Ба ин зиёд шудани истеҳсоли маҳсулот дар бахши кишоварзӣ (116,8%), ҳамчунин талаботи мунтазам ба моли бозори дохилӣ, гарчанд камтар аст, аз ҳисоби маблағҳои интиқолии муҳоҷирони меҳнатӣ мусоидат карданд.
Дар бахши истеъмолӣ суръати таваррум муътадил буд. Тайи ҳашт моҳи соли равон он ҳамагӣ 4% (барои муқоиса, тайи ҳамин давраи соли гузашта - 11,9%)-ро ташкил дод.
Дар робита ба Осиёи Марказӣ: иқтисоди миллии кишварҳо солҳои охир маҷмӯан рушди устувор дорад, динамикаи мусбии фаъолнокии инвеститсионӣ ва гардиши мол дар савдои беруна назаррас аст, нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоӣ мусбӣ тағйир меёбанд. Ин ба шарофати истифодаи босамари захираю имкониятҳои интегратсия (баҳамназдикшавӣ) имконпазир мегардад.
Пурсиш: Тоҷикистон узви фаъоли Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё мебошад. Лутфан, бигӯед, ки дар сохтори ин эътилоф аркони муҳимтарин кадомҳоянд?
Посух: Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2000 узви ин иттиҳод аст. Тоҷикистон ҳамаи паймону созишномаҳои дар доираи созмон қабулшударо ба тасвиб расонд, вазифаҳои молиявии бар дӯш гирифтаашро иҷро мекунад, ҳамчунин дар ҷаласаҳои дар ҳама сатҳ баргузоршавандаи эътилоф фаъолона ширкат меварзад.
Мо ба нигоҳдорӣ, рушди интегратсияи иқтисодӣ ва ҳамкории судманди мутақобила дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё аҳамияти калон медиҳем. Созмоне, ки 9 сол пеш арзи ҳастӣ кард ва ба ояндаи он бисёриҳо бо шубҳа менигаристанд, имрӯз ба як сохтори доманфароху гуногунҷабҳаи ҳамкориҳои судманд мубаддал мешавад, барои робитаҳои ҷаҳонӣ пайдо кардани кишварҳои аъзо бо назардошти манфиати иқтисоди миллии онҳо пойгоҳи устувор фароҳам меоварад.
Ба андешаи ман, равандҳои интегратсионие, ки дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё зуҳур кардаанд, гувоҳи стратегияи оқилонаи кишварҳои узви созмон буда, таҳдиду пайомадҳои глобализатсияро, ки қодиранд ба манфиатҳои миллии онҳо латма зананд, рафъ месозанд.
Қарори сарони давлатҳои Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё дар бораи гузариш ба марҳилаи баланди интегратсия- созмондиҳии Иттиҳоди гумрукӣ, ки моҳи октябри соли 2007 дар Душанбе қабул гардид, намунаи хуби самараи созмони рушду камолёбанда аст. Тайи солҳои сипаришуда кишварҳои иттиҳод бо кӯшиши муштарак барои бунёди пойгоҳи мустаҳками паймонию ҳуқуқии ҳамкорӣ тамоми асноди заруриро омода сохтанд. Имрӯз дар чаҳорчӯби Иттиҳоди иқтисодӣ барномаҳои фарогири байнидавлатӣ оид ба ташкили минтақаи ягонаи нақлиётӣ, бозори умумии энергетикӣ, истифодаи босамари захираҳои обию энергетикии Осиёи Марказӣ, рушди муҳити илмию техникӣ ва инноватсионӣ, ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ, ҳамчунин ҳалли мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ таҳия ва тадриҷан амалӣ мегарданд.
Ҷойи таъкид аст, дар доираи Иттиҳоди иқтисодӣ хусусан ҳалли мушкилоти иҷтимоию гуманитарӣ хеле муҳим мебошад.
Якҷоя татбиқ кардани барномаҳои энергетикии Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳими стратегӣ ва иқдоми мушаххасест, ки бо он мо мехоҳем дар рушди устувори иттиҳод ҳиссаи худро гузорем.
Кӯшиши мо барои итмоми ҳарчи зудтари лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ на танҳо барои гирифтани фоидаи зиёди иқтисодӣ аз истифодаи захираҳои гидроэнергетикии кишвар аст, балки ба хотири хоҳиши покдилонаи ҳамкорӣ дар ҳалли мушкилиҳои экологии минтақа, норасоии об ва албатта, барои таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ низ мебошад.
Бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ, пеш аз ҳама таҷрибаи Иттиҳоди Аврупо, ба асоси сохтори бунёдии созмон аз аввал принсипҳои сохтори қатъии ташкилотӣ, ки аз ҷумла ҳангоми қабули қарор раъйи аксариятро мепазирад ва иҷрои қарорро ҳатмӣ мегардонад, маблағгузории ҳиссавӣ, ба созмон додани мақоми байналмилалӣ, ҷо дода шудааст.
Ҳамин тавр, созмони байналмилалие ба вуҷуд омад, ки мақоми байналмилалӣ дошта дар ҳалли масъалаҳои ҳамкории мутақобилаи интегратсионӣ аз салоҳияти васеътаре бархурдор аст.
Пурсиш: Шумо ақидаеро, ки Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё метавонад тадриҷан ба яке аз минтақаҳои ҷаҳонии болоравии устувори иқтисодӣ мубаддал гардад, ҷонибдорӣ мекунед?
Посух: Бисёр олимоне, ки асри XXI-ро ҳамчун замони эҳёи ҳамаҷонибаи минтақаи АврОсиё пешгӯӣ кардаанд, перомуни «қарни тиллоӣ»-и кишварҳои воқеъ дар паҳнои Роҳи абрешим сухан мегӯянд. Ва ин сухан бебунёд нест. Аммо барои татбиқи воқеии ҳадафҳо ва боло бурдани сатҳи некӯаҳволии мардуми кишварҳоямон, барои амалӣ сохтани барномаҳои бузурги миллӣ ва минтақавӣ талошу такопӯи муштарак ногузир аст.
Ба андешаи ман, маҳз механизмҳои интегратсияи минтақавӣ имкон медиҳанд, ки афзалиятҳои рақобатии мутлақ ва нисбии кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авросиё дар амал татбиқ шаванд. Ин ҳам ба энергетика, ҳам ба пойгоҳҳои захиравӣ, ҳам ба ҷодаҳои нақлиётӣ, рушди соҳаҳои анъанавӣ ва инноватсионии саноат, ҳам ба илму технология дахл дорад.
Оянда аз интегратсия аст. Ягон давлати ҷаҳон дар қаламрави худ, новобаста ба фарохии захираҳо, дарбаста, тавоноии фаъолият надорад. Русия, Қазоқистон ва Белорус дар ин ҷода барои дигар кишварҳои собиқи шӯравӣ намунаи воқеӣ нишон доданд. Онҳо дар остонаи марҳилаи нави ҳамкориҳо дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё қарор доранд. Ин давлатҳо тавонистанд ба паймони беназири созмони Иттиҳоди гумрукӣ ноил гарданд. Аз 1 январи соли 2010 дар ин се давлат ҳамаи тарифҳо барои кишварҳои сеюм ягона мешаванд. Дар тиҷорати байниҳам ин пешравии азимест, ки бисёр душвориҳоро осон мегардонад. Аз моҳи июли соли 2011 онҳо танҳо сарҳадҳои берунӣ хоҳанд дошт. Дар дохил барои одамон ва амвол сарҳадҳои гумрукӣ барҳам мехӯранд.
Созмон додани Минтақаи ягонаи иқтисодӣ бояд марҳилаи навбатии интегратсия гардад. Ин, амалан, аллакай иттиҳоди иқтисодии комил аст, ба мисли Иттиҳоди Аврупо. Ба назари ман дар дурнамо оид ба барориши асъори ягонаи минтақавӣ низ сухан гуфтан  имконпазир аст. Ин комилан воқеист.
Пурсиш: Оё таъсиси Хазинаи зиддибӯҳронии Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё ба Тоҷикистон дар бобати кам кардани таъсири манфии пайомади бӯҳрони молиявии ҷаҳон ёрӣ расонд?
Посух: Пеш аз ҳама мехоҳам зикр кунам, ки бо оғози бӯҳрон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чораҳои фаврӣ андешид ва айни замон дар ин самт барои ҳалли мушкилиҳои рухдода аз рӯи нақша кори муайяне анҷом дода мешавад. Аммо аён аст, ки тадбирҳои дар сатҳи миллӣ барои суботи иқтисоди пешбинишуда, чи дар Тоҷикистон ва чи дигар кишварҳои Иттиҳоди иқтисодӣ, барои пушти сар кардани бӯҳрон нокифояанд. Фақат танзими амалҳои зиддибӯҳронӣ метавонад пайомади бӯҳронро то ҳадди имкон кам карда, ба болоравии иқтисодӣ мусоидат намояд. Бо ин мақсад, тавре маълум аст, нақшаи татбиқи чораҳои муштараки давлатҳо- аъзои Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё оид ба коҳиш додани пайомадҳои бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ, ки аз чораҳои тақозокунандаи қарорҳои муштарак ва чораҳои барои сатҳи миллӣ тавсияшуда иборатанд, таҳия гардиданд. Яке аз нуктаҳои ин нақша дастгирии кишварҳои камдаромади Иттиҳод бо роҳи таъсиси Хазинаи зиддибӯҳронии Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё буд. 9 июни соли 2009 дар Маскав дар бораи таъсиси Хазинаи зиддибӯҳронӣ Созишнома ба имзо расид. Санади мазкур айни ҳол аз маросими расмиёти дохилидавлатӣ мегузарад, баъди анҷоми ин маросим Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаққи ибтидоии узвияти Хазинаи зиддибӯҳрониро пардохт намуда, ҳамчун узви комилҳуқуқи ин хазина барномаҳои зиддибӯҳронии худро пешниҳод менамояд.
Пурсиш: Ҷалби сармояро ҳамчун омили рушди иқтисодиёти кишвар чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Дар ин ҷода оё ба Бонки АврОсиёии рушд  умед мебандед?
Посух: Ҳиссаи маблағгузории мустақими кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 60%-ро ташкил медиҳад. Хусусан бо Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамкориҳои фаъоли инвеститсионӣ дорем.
Ба наздикӣ Созишнома оид ба шароити шарту будубоши Бонки АврОсиёии рушд дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо мерасад. Ифтитоҳи намояндагии БАОР дар ҳудуди Тоҷикистон имкон медиҳад ҳамкориҳои инвеститсионии кишвар бо давлатҳои узви бонк густариш ёбанд.
Тайи солҳои 2007-2008 аз Русия ба Тоҷикистон ба андозаи беш аз 403 миллион доллари ИМА маблағҳои инвеститсионӣ ворид шуданд. Танҳо дар соли 2008 гардиши мол байни ду кишвар 1 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба солҳои пешӣ хеле зиёд буда, аз рушди бонизоми робитаҳои тиҷоратӣ- иқтисодии ин кишварҳо гувоҳӣ медиҳад.
Ифтитоҳи филиалҳои Донишгоҳи давлатии Маскав ва боз ду муассисаи  таълимоти олии Русия дар Тоҷикистон, ҳамчунин таҳсили мутахассисони ҷавони тоҷик дар муассисаҳои таълимоти олии Русия барои омода сохтани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи илмҳои дақиқ, техника ва риштаи ҳарбӣ заминаи хуб фароҳам меорад.
Робитаҳои устувор бо собиқ кишварҳои шӯравӣ асосан дар доираи созмонҳои Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё ва Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) сурат мегиранд. Баргузории муштараки саммити сарони давлатҳои узви ин созмонҳо дар Душанбе, моҳи октябри соли 2007, бо натиҷаҳои умедбахш анҷом ёфтани ин ҷамъомадҳо эътибори байналмилалии Тоҷикистонро боло бурд. Саммити сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки моҳи августи соли 2008 дар Душанбе баргузор шуд, низ дар ин ҷода аҳамияти муҳим касб кард.
Робитаҳои Тоҷикистон бо кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё дар асоси манфиатҳои дуҷониба пайваста густариш меёбанд. Ба ғайр аз Федератсияи Русия ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон дар ду соли охир хусусан бо Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон хеле тавсеа ёфт. Иртибот дар сатҳи олии сиёсӣ нерӯи асосии муҳаррики ин раванд маҳсуб меёбад. Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон ва сафари расмии ҷавобии Нурсултон Назарбоев ба Тоҷикистон, иртиботи пайваста дар доираи ҳамоишҳои минтақавӣ, байналмилалӣ ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи кишварҳо такони устувор бахшид. Оғози кори бонкҳои саҳомӣ ва ширкатҳои азими Қазоқистон дар Тоҷикистон, иштироки бархе аз онҳо дар таъсиси корхонаҳои муштарак ва омодасозии пойгоҳи техникӣ-иқтисодӣ барои бунёди НБО-и Шӯроб иқдоми умедбахши сармоягузорони қазоқистонӣ дар муҳити иқтисодии кишвари мо мебошад.
Тайи солҳои 2007-2008 Қазоқистон ба иқтисоди Тоҷикистон наздики 400 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ кард. Гардиши моли байни кишварҳо тайи ин муддат 600 миллион долларро ташкил дод. Солҳои охир робитаҳо бо Туркманистон хеле мустаҳкам шуданд.
Пурсиш: Вазифаҳои аввалиндараҷаи Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё, аз нигоҳи Шумо, кадомҳоанд?
Посух: Созмон дар ҷаҳон як иттиҳоди байнидавлатии иқтисодии минтақавии амалкунандаест, ки рушди он ба муҳимтарин равандҳои ҷаҳонӣ- глобализатсия ва минтақавишавӣ  вобаста аст. Баҳрабардории босамар аз маҷмӯи имкониятҳои хусусияти дохилӣ ва берунӣ дошта, хусусан ҳамкории судманди мутақобила, дар назди давлатҳо ояндаи воқеии болоравии пайвастаи иқтисодиро надида меорад, таъсири онро ба рушди шабакаи хоҷагидории ҷаҳонӣ тақвият мебахшад.
Ба назари мо, тақвияти иқтисодҳои миллӣ, дигаргуниҳои муҳими иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар шароити иқтисоди гузариш, фароҳам овардани шароити мусоиди ҳуқуқӣ барои равуои озоди шаҳрвандон дар минтақаи Иттиҳоди иқтисодӣ, бо назардошти манфиатҳои миллӣ воридшавии кишварҳо ба шабакаи васеи робитаҳои иқтисодии байналмилалиро натиҷаҳои мусбати ҳамкориҳои иқтисодӣ дар чаҳорчӯби Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё шумурдан мумкин аст.
Бешубҳа, таҳия ва ташаккули пойгоҳи муназзами меъёрию ҳуқуқии ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар шароити нави танзими фаъолиятҳо дар самтҳои муҳимтарини интегратсия ҳам комёбии фаъолияти Иттиҳоди иқтисодист.
Дар вазъияти баамаломада ногузирии дақиқ сохтани мантиқу мазмун, шакл ва равиши интегратсияи ҳозиразамонро бо мақсади баланд бардоштани самаранокии ҳамкории судманди мутақобилаи давлатҳои узви Иттиҳоди иқтисодӣ худи зиндагӣ тақозо мекунад.
Дар баробари дигар масъалаҳои муҳим ба таҳия ва татбиқи барномаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика ва нақлиёт диққати махсус додан зарур аст. Мутаассифона, айни замон дар масъалаи танзими байнидавлатии шабакаи энергетикии кишварҳои Иттиҳоди иқтисодӣ ҳамоҳангӣ ба назар намерасад. Механизми истифодаи босамари оқилонаи якҷояи захираҳои обию энергетикии давлатҳо вуҷуд надорад, ҷонибҳо дар маблағгузории барномаҳои гидроэнергетикии якдигар ширкат надоранд.
Мақсади аслии Иттиҳод дар марҳилаи ҳозира ба назари мо, бояд таъмини рушди устувор, амнияти иқтисодӣ, боло бурдани некӯаҳволӣ ва сифати зиндагии мардум (дар асоси асаргузории  синергетикӣ ва миқёсӣ рақобатпазирии иқтисоди миллии кишварҳо- аъзои Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё ва устувор сохтани мавқеи онҳо дар системаи хоҷагидории ҷаҳонӣ бошад.
Барои расидан ба ҳадафҳои умумии стратегии кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё баҳрабардорӣ аз афзалияти тақсимоти байнидавлатии меҳнат, махсусгардонӣ ва таовуни (табдилгардонии) истеҳсолот ва тиҷорати судбахши дуҷониба ногузир аст. Комёбиҳои пайдарпай дар дастёбӣ ба мақсадҳои гузошташуда, ба кишварҳои Иттиҳод имкон фароҳам меоранд, ки ба модели (услуби) рушди инноватсионӣ- инвеститсионии иқтисод гузаранд. Бунёд, пойдевори ин услуб бар дониш, таъмини ширкат дар ташаккули даромадҳои ҷаҳонӣ ва тақсимоти афзалиятноки он асос ёфта, ба наздикшавии қонунгузориҳои миллӣ ва шароити ҳуқуқию иқтисодии фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ мусоидат мекунад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 32866
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед