logo

маориф

ТАВАҶҶУҲ МЕАФЗОЯД

(Ҷавоб ба мақолаи «Таҳсилоти иловагӣ. Бурдҳо ва бохтҳо»-и Меҳрангез Қодирова, «Ҷумҳурият», 2 январи соли 2018)
Мақолаи рўзномаи «Ҷумҳурият» дар мавриди муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ саривақтӣ буда, дар он дастовард, мушкилоти ин муассисаҳо ҳамчун падидаи навини даврони истиқлолият дар соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Масъулони соҳа: директори маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ Умед Сафаров, мудири шуъбаи кишваршиносии марказ Шаҳриёр Назаров оид ба маҳфилҳои марказҳои ҷумҳуриявӣ, ноҳиявӣ, дастоварду мушкилоти он ва роҳҳои ҳалли онҳо маълумоти муфассал пешниҳод кардаанд, ки дар рўзнома ба нашр расидааст. Муҳимтарин вазифаи мактаб ва ҷомеа дар шароити нави таърихӣ аз он иборат аст, ки шогирдонро дар рўҳияи хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ, дарки равшани арзишҳои умумимиллӣ, осори ниёгон  ва умумибашарӣ тарбия намоянд.
Чи тавре ки зикр шудааст, барои инкишофи фаъолияти ҷамъиятию сиёсии хонандагону ҷавонон, аз худ кардани малакаҳои амалии корҳои тадқиқотӣ - ҷустуҷўӣ ва сайёҳӣ - кишваршиносӣ мақоми осорхонаҳои мактабӣ хеле назаррас аст. Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ” баҳри ҷоннок намудани фаъолияти осорхонаҳои мактабӣ як қатор корҳои судманд меандешад. Аз ҷумла, нимсолаи дуюми соли 2017 Низомномаи намунавии осорхонаи муассисаи таҳсилоти умумӣ ва Низомнома оид ба таҳияи шиносномаҳои осорхонаҳои мактабӣ таҳия гардида, барои баррасӣ ва тасдиқ ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод шуд. Таъкид бояд кард, ки фаъолияти осорхонаҳо дар Шўрои омўзгории марказ ҳар сари вақт мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Ташкили осорхонаҳои мактабӣ ба инкишофи корҳои сайёҳӣ - кишваршиносӣ алоқаманд аст. Дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ чун анъана озмуни “Беҳтарин осорхонаи мактабӣ” ташкил ва гузаронда мешавад.
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.05.2018    №: 100-101    Мутолиа карданд: 1448
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед