logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, № 5, мод. 321, № 9 - 10, мод. 543; с. 2010, № 1, мод. 2, мод. 5, № 3, мод. 153, №7, мод. 547, № 12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, № 6, мод. 430, мод. 431, № 7 - 8, мод. 610, № 12, мод. 838; с. 2012, № 4, мод. 256, №7, мод. 685, мод. 693, № 8, мод. 814, № 12, қ. 1, мод. 1004; с. 2013, № 3, мод. 181, № 7, мод. 508; с. 2014, № 3, мод. 143, мод. 144, № 7, қ. 1, мод. 389, мод. 390; с, 2015, № 3, мод. 201, № 7 - 9, мод. 707, мод. 708, № 11, мод. 955, № 12, қ. 1, мод. 1108; с. 2016, № 3, мод. 130, мод. 131, мод. 132, № 5, мод. 359, мод. 361, № 7, мод. 613, мод. 614, № 11, мод. 877; с. 2017, № 1 - 2, мод. 5, мод. 6, № 5, қ. 1, мод. 275, № 7 - 9, мод. 568, мод. 585; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2018, № 1477), иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми 2 моддаи 33 сархати ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ;».
2. Боби 231 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«БОБИ 231. ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ДАР СОҲАИ БЕХАТАРИИ ИНШООТҲОИ ГИДРОТЕХНИКӢ
Моддаи 4041. Риоя накардани меъёрҳо ва қоидаҳои бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ
1. Барои риоя накардани меъёрҳо ва қоидаҳои бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ дар давраи лоиҳакашӣ, сохтмон, қабул ва ба истифодабарӣ супоридан, истифодабарӣ, таъмир, таҷдид, маҳфуз доштан ва аз истифодабарӣ баровардан, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
2. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то сӣ, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то ҳаштод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Моддаи 4042. Монеъ шудан ба воридшавии шахсони мансабдори мақомоти назорати давлатии бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ ба иншоотҳои гидротехникӣ
Барои монеъ шудан ба воридшавии шахсони мансабдори мақомоти назорати давлатии бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ ба иншоотҳои гидротехникӣ, шинос шудан бо маводи вобаста ба бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ ва ташкили назорати техникӣ, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Моддаи 4043. Дар муҳлати муқарраршуда аз тарафи молик ё истифодабарандагони иншоотҳои гидротехникӣ пешниҳод накардани эъломияи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ ба мақомоти назорати давлатии бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ
Барои дар муҳлати муқарраршуда аз тарафи молик ё истифодабарандагони иншоотҳои гидротехникӣ пешниҳод накардани эъломияи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ ба мақомоти назорати давлатии бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Моддаи 4044. Пешниҳод накардани маълумот ба мақомоти назорати давлатии бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ
Барои аз тарафи молик ё истифодабарандагони иншоотҳои гидротехникӣ пешниҳод накардани маълумот дар бораи таҳдиди садамаи иншоотҳои гидротехникӣ ё пинҳон доштани чунин маълумот ё додани маълумоти бардурўғ ба мақомоти назорати давлатии бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ё дар ҳолати таҳдиди бевоситаи рахнашавии ҳудуди зери фишори об қарордошта, хабар надодан ба кормандони иншоотҳои гидротехникии дар ҳолати садамавӣ қарордошта, аҳолӣ ва ташкилотҳои дар минтақаҳои имконпазири зериобмонӣ воқеъбуда, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз чил то ҳаштод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                     Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 майи соли 2018, № 1517

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон                                             Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 4 апрели соли 2018, № 1042

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                 М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 11 майи соли 2018, № 526


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.05.2018    №: 100-101    Мутолиа карданд: 2803
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед