маориф
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ОҒОЗИ МАРҲАЛАИ НАВИ РУШДИ МАОРИФ
Таҳлили осори илмии муҳаққиқон ва коршиносони соҳаи маорифи ҷумҳурӣ имкон медиҳад хулоса барорем, ки ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ баъди расидан ба Истиқлолияти давлатӣ се марҳалаи асосии зеринро паси сар намудааст.
Тибқи нишондиҳандаҳои омори расмӣ дар ибтидои раванди рушди марҳалаи якуми соҳаи маориф теъдоди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3179 ададро ташкил медод, ки аз он 614 мактаби таҳсилоти ибтидоӣ, 634 адад мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 1916 мактаби таҳсилоти умумӣ, 1 гимназия ва 14 мактаб - интернат барои кӯдакони гирифтори иллатҳои рӯҳӣ ва ҷисмонӣ буданд.
Мутаассифона, бар асари даргириҳои дохилӣ аксари биноҳои муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қӯрғонтеппаи (ҳозира Бохтар) вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вайрону валангор ва ҳайати омӯзгорони онҳо парешон гардиданд.
Аз ин лиҳоз, бо расидани ҷумҳурӣ ба ваҳдати миллӣ (соли 1997) таъмиру тармими биноҳои таълимӣ ва аз нав сарҷамъ сохтани ҳайати омӯзгорони мактабҳо аз вазифаҳои асосии марҳалаи дуюми рушди соҳаи маориф қарор гирифтанд.
Тоҷикистон бо зиёд намудани ҳаҷми маблағгузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ барои рушди соҳаи маориф ба он муваффақ гардид, ки на танҳо иншооти харобгардидаи таълимиро таъмиру тармим намояд, балки биноҳои нав бунёд намуда, мавриди истифода қарор диҳад. Дар натиҷа соли 2010 дар ҷумҳурӣ теъдоди мактабҳо аз 3179 ба 3747 адад расид.
Ифтитоҳи мактабҳои навъи муосир ва ҷараён гирифтани усулҳои фаъоли таълими фанҳои гуногун дар соҳаи маориф хоси марҳалаи имрӯзаи рушди маориф мебошад. Таъсиси муассисаҳои муосир – литсейҳо ва мактабҳои президентӣ аз дастовардҳои дигари ин соҳа дар марҳалаи кунунии рушди маориф ба шумор меравад.
Айни замон дар Тоҷикистон 65 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият менамояд. Маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар марҳалаи сеюми рушди соҳаи маориф беш аз 22 маротиба афзоиш ёфтааст.
Ваҳдати миллӣ оғозбахши рушду нумӯи мактабҳои олӣ мебошад. Дар ин муассисаҳои таълимӣ 2073 номзади илм ва 493 доктори илм ба донишҷӯён дарс мегӯянд.
Умуман, баъди расидан ба ваҳдати миллӣ раванди таъмир ва ба истифода додани хобгоҳҳо барои духтарони тибқи Квотаи президентӣ таҳсилкунанда ва унвонҷӯёну аспирантҳо, бунёди «Шаҳраки донишҷӯён», сохтмони факултаи сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, сохтмони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва хонаҳои истиқоматӣ барои омӯзгорони филиали донишгоҳи мазкур дар шаҳри Данғара, сохтмони филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва хобгоҳи он дар ноҳияи Рашт, сохтмони хобгоҳ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, ба истифода додани бинои таълимӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, барқарор ва муҷаҳҳаз кардани бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, таъмири толори варзишии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, азнавсозии бинои филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.Ломоносов аз дастовардҳои назаррас ба шумор мераванд.
Таъсиси филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.Ломоносов дар шаҳри Душанбе, Донишкадаи энергетикии Москва ва Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Москва» аз иқдомоти неки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2010 стипендияи Президенти Тоҷикистон барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва аспирантҳо муқаррар гардидааст.
Бо мақсади рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва ҳавасманд намудани кормандони соҳаи маориф бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2006 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф таъсис дода шуд. Дар асоси фармони мазкур барои кормандони соҳаи маориф 5 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 2000 доллари ИМА муайян гардид, ки то имрӯз 14 нафар ба он сазовор дониста шудаанд.
Солҳои охир маблағгузории соҳаи маориф ба таври назаррас афзоиш ёфта истодааст.
Бояд қайд намуд, ки дар баробари маблағҳои буҷетӣ барои дастгирии соҳа маблағҳои сармоягузорӣ ва грантҳо низ сафарбар карда мешаванд. Бо ҷалби институтҳои молиявии байналмилалӣ аз соли 1998 то ба имрӯз барои дастгирии ислоҳоти соҳаи маориф 14 лоиҳаи сармоягузорӣ ва грантӣ бо маблағи умумии 160 миллион доллари амрикоӣ ҷалб карда шудааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба воя расондани кадрҳои соҳибмаърифат ва донишманду баландихтисос, дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани насли наврас ва омода кардани неруи нави бунёдкор танҳо дар панҷ соли охир маблағгузории соҳаи маорифро 2,3 баробар зиёд карда, аз 1 сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаи маорифро боз 15 дарсад баланд мебардорад.
Дар ин раванд, то соли 2017 дар ҳудуди кишвар ба маблағи умумии беш аз 430 миллион сомонӣ 130 муассисаи нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои қариб 31 ҳазор ҷойи нишаст бунёд карда, ба истифода супурда шуданд.
Дар натиҷаи роҳандозӣ намудани як силсила ислоҳоту иқдомоти ҷиддӣ дар соли 2017 Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи чор нишондиҳанда – дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлат ҷойи 54-ум ва дар байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои аввалро ишғол намуд. Инчунин, аксари муассисаҳои таълимӣ дар ҷараёни дарс аз технологияҳои наву ҳозиразамон ва шаклу усулҳои фаъоли таълим истифода карда, насли наврасро бо дастовардҳои муосири илмӣ шинос мекунанд ва ҷиҳати васеъ гардондани дараҷаи ҷаҳонбинии онҳо кӯшиш менамоянд.
Дар марҳалаи кунунӣ дар соҳаи маориф гузариш ба стандартҳои нави таълим идома дошта, зарурати ворид намудани шаклу воситаҳои нави азхудкунии илму дониш дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот пеш омадааст.
Раъно ИМОМАЛИЕВА,
устоди калони кафедраи фанҳои ҷомеашиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.05.2018 №: 103 Мутолиа карданд: 1445