маориф
ФАЪОЛИЯТ ҶОННОК МЕГАРДАД
(Ҷавоб ба мақолаи «Хоҷа боғ дорӣ? Дорам! Ё мулоҳизае чанд дар атрофи Паркҳои технологии донишгоҳҳо», «Ҷумҳурият», 19.01.2018, № 15)
Дар мақолаи мазкур рӯзноманигор Қурбон Аҳмадзода таҳлилу мулоҳизаҳои хешро доир ба мақсади таъсис ва то кадом андоза амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ» (21. 07. 2010, № 629 ) дар сохтори муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат, бурду бохти фаъолияти 8 - сола дар ин самт ва таклифу пешниҳодҳояшро барои ҷоннок кардани паркҳои технологӣ баён доштааст.
Воқеан, яке аз самтҳои асосии пайдоиши шаклҳои беҳтарини ташкили ҷараёни илмӣ - истеҳсолӣ ва такони мусбати ҷиддӣ бахшидан ба фаъолияти инноватсионӣ ин бунёди паркҳои технологӣ мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки фаъолияти паркҳои мазкур дар ҷаласаҳои назди вазир ва мушовараҳои вазорат пайваста пайгирӣ ва баррасӣ мешаванд. Аз 39 муассисаи таҳсилоти олии касбии мамлакат дар 13 муассиса паркҳои технологӣ таъсис дода шудааст, ки онҳо дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ»ҳамчун шахси ҳуқуқӣ фаъолият мебаранд.
Вобаста ба шароиту имконияташон баъзе паркҳои технологӣ фаъолияти назаррас доранд.
Айни ҳол аз 66 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ 9 муассиса - коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, коллеҷи технологии шаҳри Душанбе, коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан, коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ, коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ, коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб, коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров ва коллеҷи тиббии ноҳияи Рӯдакӣ (ғайридавлатӣ) пояи моддию техникиашонро ба ташкили паркҳои технологӣ мувофиқ гардонда, дар ин самт корро шурӯъ намудаанд. Аз он ҷумла, дар заминаи парки технологии коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон марказҳои таълимию табобатии «Ҷарроҳия», дорухонаи таълимию истеҳсолӣ, ҷамъоварии гиёҳҳои шифоӣ ва коркарди онҳо, марказҳои таълимию истеҳсолии «Дорусозӣ», таъмири техника ва таҷҳизоти тиббӣ ва «Дандонсозӣ» амал менамоянд.
Ҳамин тавр, таъсиси паркҳои технологӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ вобаста ба шароиту имконияташон марҳила ба марҳила ба роҳ монда мешаванд. Фақат фаъолияти босамари онҳо вақт ва фидокорӣ ба касбро талаб менамояд.
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.05.2018 №: 103 Мутолиа карданд: 2255