logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

Заминфурӯшӣ боз ду мансабдорро ба курсии айбдорӣ шинонд
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти афроде хабар дод, ки дар ду ҳолат бо истифода аз мақоми хизматии худ ба заминфурӯшӣ даст задаанд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ангентӣ, Анвар Умарзода, раиси Ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, «бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, бо суи-истифода аз мақоми хизматӣ барои ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз заминҳои корами обии деҳаи Хуросон аз шаҳрванд “А” маротибаи аввал 5000 рубли русӣ, маротибаи дуюм 5000 сомонӣ гирифта, иловатан боз 45000 сомонӣ ба сифати пора талаб намудааст». Вале бори сеюм маблағи талабшуда ба ҷайби раис ворид нашуда, ӯ дар пайи чорабиниҳои оперативӣ – тафтишотӣ зимни гирифтани маблағи пора дар ҷойи ҳодиса дастгир ва нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Мавриди дуюми заминфурӯшӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ сабт шуда, Фазлиддин Каримов, муҳандис - заминсози Ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳия, бо ҷурми қаллобӣ ва талаби пора боздошт шудааст. Ба иттилои манбаъ, заминсози ҷамоат аз як шаҳрванд, ки номаш ошкор нашудааст, барои ҷудо кардани 0,12 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва тартиб додани ҳуҷҷати зарурӣ дар ин бора 10500 доллари амрикоӣ талаб намудааст.
Фазлиддин Каримов аз ин маблағ 500 долларашро гирифта, қарори раиси Ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакиро оид ба додани 0,12 гектар қитъаи замин бо истифода аз техникаи компютерӣ сохтакорона тартиб додааст. Ӯ зимни гирифтани 10000 доллари дигари талабнамудааш, дастгир гардида, алайҳаш бо моддаи 247 қисми 4, 340 қисми 2  - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар асоси муроҷиати як сокини пойтахт марди 56 - солаеро боздошт намуданд, ки дар қаллобӣ бо ҳаҷми махсусан калон гумонбар мешавад.
Номбурда моҳи сентябри соли 2013 ба бовари марди 65 - солаи сокини пойтахт даромада ваъда додааст, ки хонаашро ба маблағи 300 000 доллари амрикоӣ фурӯхта медиҳад.
Дар пайи ин муомила марди 65 - сола дар идораи нотариалӣ хонаи худро ба номи «фурӯшанда» гузарондааст. Аммо ин марди қаллоб хонаро фурӯхта маблағашро ба манифати худ истифода карда, дар натиҷа ба соҳиби хона 100 000 доллари амрикоӣ заррарӣ моддӣ расондааст.
Ба иттилои сомонаи ВКД, тафтишот муайян намудааст, ки марди тақаллубкор, ҳамчунин, ба боварии марди 65 - солаи сокини кӯчаи У. Хайёми пойтахт даромада, аз ӯ 127 000 - доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро бар нагардондааст.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.05.2018    №: 105    Мутолиа карданд: 1084
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед