logo

маориф

МАОРИФИ ТОҶИКИСТОН. МУҲОКИМАИ КОРШИНОСОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистон - Русия бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва дастгирии Бонки ҷаҳонӣ зери унвони «Омӯзиш ҳамчун воситаи татбиқи дурнамои рушд» ҷаласа баргузор гардид.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода вобаста ба роҳҳои ислоҳот ва рушди соҳаи маориф, ки аз масъалаҳои калидии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, сухан ронд.
Зикр гашт, ки новобаста аз идомаи буҳрони молиявии ҷаҳонӣ дар соли 2018 маблағгузории соҳаи маориф дар Тоҷикистон афзоиш ёфта, ба 3 миллиарду 863,1 миллион сомонӣ расонда мешавад, ки нисбат ба соли сипаришуда 281,9 миллион сомонӣ зиёд буда, 18 дарсади ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Вазири маориф ва илм Нуриддин Саид зимни баррасии масъалаҳои умдаи соҳаи маориф аз ҳамкориҳои босамар ва манфиатбахши вазорат бо Бонки ҷаҳонӣ, ки торафт вусъат меёбад ва он боиси пешрафти бисёр самтҳои соҳаи мазкур гаштааст, изҳори назар кард.
Дар давоми ҷаласа намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ва мутахассисони соҳа оид ба мавзӯи «Дурнамои маорифро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ тавр амалӣ сохтан мумкин аст?» машварат созмон доданд.
Директори соҳаи маорифи Бонки ҷаҳонӣ Кейко Мива таҳти унвони «Оид ба рушди ҷаҳонӣ - 2018. Омӯзиш ҳамчун воситаи татбиқи дурнамои рушд» маърӯзаи пурмуҳтаво намуд. Номбурда зимни таҳлили ислоҳоти соҳаи маориф ва дурнамои он аз кӯшишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳа изҳори қаноатмандӣ кард.
Дар чорабинӣ, инчунин, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои маориф Ян - Петер Олтерс саволу ҷавоб ва гуфтугӯ доир намуд.
Ян - Петер Олтерс доир ба фаъолияти  Вазорати маориф ва илм ва дигар муассисаҳои таълимӣ фикру андешаҳои худро иброз карда, аз ҷумла зикр намуд, ки таваҷҷуҳи пайваста ба ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ  далели он аст, ки ҷумҳурии мо барои ояндаи рӯшану шукуфои халқ, бавижа ҷавонону наврасон, аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.05.2018    №: 105    Мутолиа карданд: 1450
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед