logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ва ПОСУХ

Ба саволҳо, Садриддин Саидов раиси мақоми минтақавии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Фарҳод Тоиров, узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавоб доданд. Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 -16 ба мо муроҷиат намоянд.

- Ман дар масоҳати 1,87 гектар замин хоҷагии деҳқонӣ дорам. Дар  оғоз  саҳмдорони  хоҷагӣ  8 - нафар буданд. Баъди як сол бо сабаби заминро истифода набурданашон, мутобиқи қонунгузорӣ, бо протоколи маҷлиси умумии аъзои хоҷагӣ онҳоро аз аъзогӣ озод намудем. Баъд аз чор сол бо қарори суди иқтисодӣ онҳо саҳмдориашонро барқарор карданд.  Дар ин муддат ман дар қитъаҳои аз онҳо озодшуда боғ бунёд кардам ва ҳоло дарахтон боровар шудаанд. Оё ман барои баргардондани маблағи сарфкардаам ҳуқуқ дорам?
Саидмурод  ОБЛОҚУЛОВ, 
ноҳияи Шаҳринав

Дар ин маврид, бояд пеш аз ҳама ҳолати корро мавриди омӯзиш қарор дода, муайян намуд, ки то чи андоза шумо аъзои хоҷагиро қонунӣ аз узвият озод намудаед. Зеро агар аз ҷониби суди иқтисодӣ қарори шумо вобаста ба хориҷ намудани аъзои хоҷагӣ бекор гардидаву саҳмдории онҳо барқарор шуда бошад, аз ғайриқонунӣ қабул намудани қарори шумо дар ин бора шаҳодат медиҳад.
Мутобиқи талаботи қонунгузорӣ шумо ҳуқуқ доред, ки барои баргардондани маблағи сарфкардаатон бо ариза ба суд муроҷиат намоед.
- Бо ҳамсарам як сол боз зиндагии якҷоя надорем. Феълан, ӯ дар Федератсияи Русия зиндагӣ мекунад ва барои бекор кардани ақди никоҳамон забонхат фиристодааст. Оё дар асоси ҳамин забонхат метавонам ақди никоҳамонро бекор созам?
Х. АЗИМОВ, 
ноҳияи Данғара
 
Дар идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифтани бекоркунии ақди никоҳ дар ҳолате иҷозат дода шудааст, ки агар зану шавҳар фарзандони ноболиғ надошта бошанд. Шумо дар асоси ариза оид ба бекор кардани ақди никоҳ ба идораи САҲШ - и маҳали зистатон муроҷиат менамоед ва суроғаи ҳамсаратонро нишон медиҳед. Агар дар рӯзи таъйиншуда ҳамсаратон ба САҲШ ҳозир нашавад, ба шумо мактуби рад кардани бекоркунии ақди никоҳ дода мешавад. Ин мактуб ба шумо ҳамчун асос барои даъво ба суд ҷиҳати бекор кардани ақди никоҳ шуда метавонад. Дар суд ҳамсаратон метавонад, ки аз ҳуқуқи мурофиавии худ истифода бурда, ба суд ҳозир нашавад ва намояндаи ваколатдори худро таъмин кунад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.05.2018    №: 106    Мутолиа карданд: 1134
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед