logo

туризм

РАФТИНГ ЧАРО ДАР ТОҶИКИСТОН РУШД НАМЕКУНАД?

Бино ба гуфтаи мутахассисони соҳа, Тоҷикистон барои ривоҷу равнақи намудҳои гуногуни туризм имкониятҳои зиёд дорад. Айни замон дар мамлакат сайёҳии кӯҳнавардӣ, экологӣ, таърихӣ-фарҳангӣ, зиёратӣ ва муолиҷавӣ дар ҳоли рушд қарор доранд. Вале, бо вуҷуди пешравиҳо,  дар ин ҷода ҳанӯз ҳам камбудиҳо ба назар мерасанд. Масалан, вазъи яке аз намудҳои сайёҳӣ – рафтинг (рафт – қаиқи хурдғунҷоиши резинӣ), ки онро шино дар дарёҳои кӯҳӣ низ меноманд,  беҳбудиро тақозо менамояд.

Рафтинг намуди махсуси варзиши обӣ буда, дар дарёҳои кӯҳӣ ба роҳ монда мешавад. Он миёни сайёҳон аз давраҳои қадим маъмул  буд  ва, асосан, барои омадурафти одамон ва интиқоли молу маҳсулот истифода мешуд.
Ба андешаи дотсенти кафедраи туризми Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Моҳира Қодирова, Тоҷикистон, ки дорои 947 дарёст, барои ба роҳ мондани ин навъи сайёҳӣ иқтидори бузург дорад. Вале, мутаассифона, ҷой доштани баъзе мушкилот ривоҷу равнақи рафтингро зери суол мебарад.
Чуноне Моҳира Қодирова иброз дошт, яке аз мушкилиҳои асосӣ – ин набудани  мутахассисон  мебошад. Аз ин рӯ, хуб мебуд агар дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ вобаста ба ин навъи туризм гурӯҳи вижае таъсис ёбад, ки  он тавонад мутахассисони ҳирфаиро омода созад. Чун рафтинг аз намудҳои экстремалии сайёҳӣ ба шумор меравад, онҳо  бояд ҳам ҷисман ва ҳам рӯҳан обутобёта бошанд ва дар мавридҳои зарурӣ ба сайёҳон ёрии аввалияи тиббӣ расонанд. Зеро дарёҳое, ки барои рафтинг истифода мешаванд, аксаран аз минтақаҳои аҳолинишин дур ҷойгиранд.
Дар баробари ин, зарур аст, ки клубҳои варзиши экстремалӣ таъсис ёбанд. Ҳамзамон, дар мамлакат таҷҳизоте, ки барои ин навъи сайёҳӣ пешбинӣ шудаанд, камчинанд ва туристоне, ки бо мақсади саёҳати рафтинг ба Тоҷикистон меоянд, аксаран таҷҳизотро бо худ меоранд.  Зимнан, бояд қайд кард, ки имтиёзҳои додаи Ҳукумати кишвар ҷиҳати ворид намудани таҷҳизоти сайёҳӣ саривақтист ва, бе шубҳа, ин иқдом метавонад дар ҳалли масъалаи мазкур мусоидат намояд.
Мавриди зикр аст, ки дар аксар кишварҳо рафтинг хусусияти оммавӣ пайдо кардааст. Чуноне хабаргузориҳои интернетӣ иттилоъ медиҳанд, ҳамасола дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон мусобиқаҳои гуногуни минтақавию байналмилалӣ гузаронда мешаванд, ки ҳазорҳо сайёҳу варзишгар дар он иштирок мекунанд. Ҳатто, ба хотири ривоҷу равнақ бахшидани ин навъи сайёҳӣ дар баъзе кишварҳои Аврупои Ғарбӣ дарёҳои сунъӣ сохтаанд. Ин ҳама гувоҳи он аст, ки дар ҷаҳони муосир теъдоди хоҳишмандони рафтинг  сол ба сол меафзояд.
Аз ин лиҳоз, моро мебояд баҳри рушду такомули рафтинг аз иқтидорҳои бузурги кишвар самаранок истифода барем, зеро ба ин васила метавон ба инкишофи дигар навъҳои туризм замина гузошт, ки он дар навбати  худ ба пешрафти соҳаи сайёҳӣ мусоидат хоҳад кард.
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.05.2018    №: 106    Мутолиа карданд: 1208
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед