logo

ҳуқуқ

50 000 СОМОНӢ ҶАРИМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ДОРУВОРИИ ПАСТСИФАТ

Кейрва Парвин Кумар, соли таваллудаш 1995, шаҳрванди Ҷумҳурии Ҳиндустон, донишҷӯи курси чоруми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, барои ғайриқонунӣ машғул шудан ба фаъолияти хусусии тиббӣ ва фармасевтӣ дастгир ва ҷарима шуд.
 
Парвин Кумар моҳи январи соли 2018 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бародараш Санҷай Кумар, ки дар Ҷумҳурии Ҳиндустон қарор дошт, телефонӣ тамос гирифта, ба воситаи ягон шахс аз Ҳиндустон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани 497 баста маводи дорувории «Rimover KIT Mifepristone tabets IP & Misoprostol tablets IP», ки ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ намебошанд, маслиҳат мекунанд.
Сипас, барои амалӣ намудани нақшаи ҷинояткоронаашон Санҷай Кумар 30 январи соли 2018 маводҳои дорувории иборат аз як қуттиро гирифта, бо мақсади ба воситаи ягон мусофир интиқол додан, ба фурудгоҳи шаҳри Деҳлӣ меорад. Аз мусофири хатсайри №118 самти «Деҳлӣ - Душанбе» шаҳрванди Ҷумҳурии Ҳиндустон Шаши Пракаш хоҳиш мекунад, ки маводи дорувориро ба бародараш Парвин Кумар расонад.
Шаши Пракаш, ки аз мақсади нопоки бародарон Санҷай Кумар ва Парвин Кумар воқиф набуд, қуттии дар дохилаш 497 баста маводи дорувории «Rimover KIT Mifepristone tabets IP & Misoprostol tablets IP» -ро дар бағоҷаш гирифта ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меорад. 
30 январи соли 2018 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳангоми аз назорати гумрукӣ гузарондан, маводи дорувории мазкур аз ҷониби кормандони дидбонгоҳи назорати гумрукии мусофирони гумруки «Майдони ҳавоӣ»-и раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе дар-ёфт ва мусодира шуд.
Тибқи хулосаи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводи дорувории мазкур бо нишондоди тамғагузорӣ (дар борҷомаи  якум маълумот оид ба мавод бо забони фаҳмо дарҷ нашудааст, мавод бо борҷомаи дуюм ва дастурамали истифодабарӣ таъмин нест) ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгӯ набуда, арзиши як бастаи он дар дорухонаҳои яклухтфурӯшии Ҷумҳурии Тоҷи-кистон аз 90 то 100 сомониро ташкил медиҳад. Тартиби муомилоти маводи дорувории мазкур тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» риоя нашудааст. Риоя накардани шароити нигоҳдории маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ метавонад ба паст шудани сифат ва гум кардани хосияти табобатии он оварда расонад, ки ин эҳтимолияти хатари зарар ба ҳаёт ва саломатии истеъмолкунандаро дорад.
Баъди маълум шудан, ки маводи дорувории мазкур ба Кейрва Парвин Кумар тааллуқ дорад, нисбат ба ӯ бо моддаи 2101 қисми 2 банди “б” - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, ба номбурда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 50 000 сомонӣ, таъйин карда шуд.
Малоҳат РАҲМОНЗОДА,
судяи суди ноҳияи Шоҳмансур,
Лашкар ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.05.2018    №: 106    Мутолиа карданд: 1213
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед