logo

порлумон

СОЗИШНОМА ОИД БА АЛОҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АВТОМОБИЛӢ БА ТАСВИБ РАСИД

Бо назардошти кушода шудани гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба роҳ мондани ҳамлу нақли байналмилалии дуҷонибаи мусофирон тавассути автобусҳо, инчунин, интиқоли транзитии онҳо ба Қазоқистон, Федератсияи Русия ва дигар давлатҳои хориҷи дуру наздик имконпазир мегардад. Ин бевосита барои рушди соҳаи нақлиёт, интиқоли сайёҳону муҳоҷирони меҳнатӣ бо нархи нисбатан арзон мусоидат мекунад.
Ин нукта зимни баррасии Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ аз ҷониби Завқибек Худоёрзода, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон ба вакилони мардумӣ ироа гардид. Мавсуф иброз дошт, ки созишномаи мазкур ҷиҳати эҳёи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаи ҳамлу нақли бору мусофирон равона гардидааст. Баъди тасдиқи созишнома воситаҳои нақлиёти боркашу мусофирбар метавонанд ҳамлу нақли дуҷониба ва транзитиро тариқи қаламрави ҳамдигар амалӣ намоянд, ки бевосита ба рушди савдо, сайёҳӣ, гардиши молу маҳсулоти ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшад. Ҳамзамон, бо кушода шудани хатсайрҳои байналмилалӣ тавассути фаъолияти терминалҳои нави мусофирбарӣ имкони хариди автобусҳо аз ҷониби бахшҳои хусусӣ, сохтмони инфрасохтори зарурӣ, мағозаҳо, нуқтаҳои хидматрасонии техникӣ, пайдо шудани хатсайрҳои дохилӣ ва ҷойҳои нави корӣ пайдо мешаванд.
Ин ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таҳкими муносибатҳои дуҷониба, барқарор шудани муносибатҳои дӯстонаи шаҳрвандони ду кишвар, зиёд гардидани гардиши молу маҳсулот ва болоравии иқтидори транзитӣ, ки барои рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ равона мешавад, мусоидат мекунад. Созишнома аз ҷониби вакилони мардумӣ ба тасвиб расид.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.05.2018    №: 106    Мутолиа карданд: 5208
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед