logo

маориф

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Саттор Қувватов фаъолияти кориашро аз соли 1990 дар мактаб – интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ ба сифати мураббӣ оғоз бахшидааст. Баъдҳо дар ин муассисаи таълимӣ муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ ва таълимӣ буд. Алҳол мутахассиси забони имову ишора дар мактаб – интернати мазкур ва омӯзгори калони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ мебошад.
Чандин сол боз саъю кӯшишаш бар он аст, ки барои таълиму тарбия ва зиндагиву кори шоистаи ношунавоёни кишвар шароиту имкониятҳои бештару беҳтар фароҳам гардад.
Ӯ муаллифи китобҳои дарсии «Луғати ишоравии забони тоҷикӣ» (2008) Алифбо (барои синфи тайёрӣ, 2010), «Талаффуз» (барои синфи 1 – 2, 2010) «Инкишофи нутқ» (барои синфи 2, 2011), «Хониш» (барои синфи 3, 2013), ва «Имову ишора» (2015) аст.
Ба андешаи Саттор Қувватов ба кӯдакони ношунаво ҳар чи зудтар забони имову ишораро бояд омӯхт. Инчунин, зарур аст, ки онҳо ба таълиму тарбия ва касбомӯзӣ дар мактабҳои махсус фаро гирифта шаванд. Нигарониаш аз он аст, ки аксар падарону модарони ин қишри ҷомеа умед мебанданд, ки рӯзе ва ё соле фарзандонашон забон мекушоянд ва сухан мекунанд. Оқибат чунин умед бароварда намешавад, баъд барои омӯзиши онҳо таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд, ки дар ин маврид таълиму тарбия самари хуб намедиҳад.
- Мо бояд аз ҳисоби ношунавоён мутахассисонро дар донишгоҳ омода созем. Муаллим ва мураббиёни муваффақ хоҳанд шуд. Ба дунёи ношунавоёни мактабхон онҳо бештару беҳтар роҳ бурда метавонанд. Ба ин васила соҳиби ҷойи кор ҳам мешаванд. Ношунавоён хотираи қавӣ доранд ва ҳам аз дигар истеъдодҳои фитрӣ бархӯрдоранд. Зарур аст, ки бо роҳҳои гуногун онҳоро кашф бикунем. Ин қарзу рисолати инсонӣ ва шаҳрвандии мо аст. Дар бархе аз кишварҳои пешрафта ношунавоён ба дастовардҳои бузурги илмӣ ноил гардида, рисолаҳои номзадиву докторӣ ҳимоя кардаанд, - мегӯяд Саттор Қувватов.
Ҳамин тавр, ӯ 28 соли умрашро сарфи таълиму тарбияи ношунавоён ва омӯзондани забони имову ишора ба волидону хоҳишмандон намудааст. Ёдовар мегардад, ки интихоби ин роҳ аз оғоз на танҳо як амри тасодуф, балки ҳидояту туҳфаи илоҳӣ буд ва тайи ин роҳи мушкилу кор дар ин соҳа аҷру подоши бузург дорад.
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.05.2018    №: 107    Мутолиа карданд: 1628
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед