logo

ҳуқуқ

ҲАМОИШИ МУҲИМ ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТ ВА СУБОТ

Бо ташаббуси Ҳаракати ҷамъиятии «Дӯстони Россия» ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд дар мавзӯи «Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар таъмини амният ва субот дар марзҳои ҷануби ИДМ» баргузор гардид.

Дар ҳамоиш олимону коршиносон, таҳлилгарони масоили Афғонистон ва минтақа, намояндагони мақомоти давлатӣ, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти қудратӣ ва ҳимояи ҳуқуқу тартибот ва хадамоти махсус, ҳамчунин, намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Дар ин чорабинии муҳим саҳми бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар таъмини амният ва субот дар марзҳои ҷануби кишварҳои аъзои СААД, махсусан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид.
Зимнан, ба таври равшану возеҳ зикр гардид, ки сарони ҳар ду давлат тадбирҳои сиёсию дипломатӣ, ҳарбию техникӣ ва созмондиҳии сохтори таъмини амният ва субот дар минтақаро заминагузорӣ кардаанд.  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар асоси ҳусни тафоҳум ва эътимоди мутақобилаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ ба шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россия таҳким мебахшанд ва соҳаи низомиро барои ҳимояи боэътимоди сарҳади ҷанубии кишварҳои узви СААД тақвият медиҳанд. Ҳамкории наздики сохторҳои қудратӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва хадамоти махсуси ду кишвар дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, дар муқобила бо амалҳои тахрибии гурӯҳҳои бунёдгаро, ҷинояткории созмонёфтаи фаромиллӣ, қочоқи аслиҳа ва маводи мухаддир таъмин карда мешавад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.05.2018    №: 107    Мутолиа карданд: 1089
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед