мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Дэвид Петреус
26 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи Қувваҳои Марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Дэвид Петреусро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуданд.
«Тоҷикистон ба сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон манфиатдор аст ва мо барои рушду густариши ҳамкориҳои судманд бо Амрико дар ин ва дигар арсаҳо кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳем», - изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Дэвид Петреус нақши Тоҷикистонро дар таъмину устуворгардонии амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ муҳим арзёбӣ намуда, ба Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ва сохторҳои марбутаи кишвар барои мусоидати фаъол ба нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ дар Афғонистон арзи сипос кард.
Фармондеҳи Қувваҳои Марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамчунин аз ҳамкории мутахассисони амрикоӣ, ки бо сарҳадбонон, кормандони гумрук ва дигар мақомоти кишвари мо ҳамкорӣ мекунанд, изҳори қаноатмандӣ карда, аз ҷумла изҳор дошт, ки «дар доираи барномаҳои таълимӣ мо натанҳо нерӯҳои Тоҷикистонро меомӯзонем, балки худ низ аз таҷрибаи фарохи онҳо баҳравар мешавем».
Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҳар ду ҷониб ҳавасмандии худро ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба, аз ҷумла иқтисодию иҷтимоӣ таъкид намуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1982