logo

туризм

ХУҶАНД. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ САЙЁҲӢ

Шаҳри Хуҷанд бо таъриху тамаддуни бисёрсола, ёдгориҳои фарҳангӣ ва мавзеъҳои зебову дилнишин барои ривоҷу равнақи соҳаи туризм имкониятҳои зиёд дорад. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баҳри боз ҳам афзун намудани иқтидори сайёҳии Хуҷанди бостонӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тадбирҳои муассир андешида мешаванд.

Тибқи иттилои раиси шаҳри Хуҷанд Маъруфҷон Муҳаммадзода, соли равон  аз Маҷмаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ то Маҷмаи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бунёди роҳи симӣ дар назар дошта шудааст. Инчунин, айни замон таъмиру азнавсозии Қалъаи Хуҷанд босуръат идома дорад ва пас аз анҷоми он дар ҳудуди маҷмаа нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти дастии мардумӣ ва армуғонҳои миллӣ ташкил карда мешаванд. 
Боиси тазаккур аст, ки феълан дар шаҳр  ширкатҳои сайёҳии «Спутник», «Олами саёҳат», «Шарқ – Амрико», “Марко Поло”, “Согдиана Трейд” ва филиали «Суғдиён – Помир Тур» фаъолият доранд, ки ба сайёҳон барои гирифтани раводид, хариди чиптаҳои ҳавопаймоӣ ва таъмин шудан бо нақлиёту меҳмонхона мусоидат менамоянд. Баҳри ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо ин ширкатҳои сайёҳӣ сити-турҳо ва растаҳои фурӯши маҳсулоти ороишӣ аз сангҳою металлҳои қиматбаҳо, туҳфаҳои хотиравӣ ва намунаҳои ҳунарҳои дастӣ ташкил кардааст. Бо мақсади рушди туризми мактабӣ ва дарёфти роҳбаладони ҷавон дар ҳамкорӣ бо ширкати “Согдиана Трейд” дар 29 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназия чорабиниҳои ташвиқотӣ гузаронда шуданд, ки зимни онҳо 3 хатсайри нави туристӣ : “Шоми Душанбе” (Хуҷанд – Истаравшан – Шаҳристон – Айнӣ – Варзоб – Душанбе – Ҳисор – Хуҷанд), “Искандаркӯл” (Хуҷанд – Истаравшан – Шаҳристон – Айнӣ – Искандаркӯл – Хуҷанд), “Ҳафткӯли муъҷизадор” ( Хуҷанд – Истаравшан – Шаҳристон – Айнӣ – Панҷакент – Саразм – Ҳафткӯл – Хуҷанд) муаррифӣ гаштанд.
Ҷои  шубҳа нест, ки ин чораҳои андешидашуда ва тадбирҳои дигаре, ки роҳандозӣ хоҳанд гашт, дар ояндаи наздик Хуҷанди бостониро ба яке аз шаҳрҳои пешрафтаи сайёҳии на танҳо мамлакат, балки Осиёи Марказӣ табдил медиҳанд, ки ин боиси рушду нумӯи дигар соҳаҳо ва, дар маҷмӯъ, баланд гаштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар хоҳад шуд. 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.05.2018    №: 107    Мутолиа карданд: 1348
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед