суханрониҳо
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо сохтмончиёни
Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, 28 октябри соли 2009
Ҳамватанони азиз!
Мӯҳтарам сохтмончиён ва энергетикҳо!
Ҳозирини гиромӣ!
Аз мулоқоти охирини мову шумо беш аз як сол сипарӣ шуд. Дар ин муддат дар натиҷаи заҳмати созандаи шумо дар бунёди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки барои халқу давлати мо ҳамчун иншооти тақдирсози ибтидои аср аҳамияти ниҳоят бузурги ҳаётӣ дорад, хеле пешрафт ба назар мерасад. Ва тавре ки мо имрӯз мушоҳида мекунем, вазифаҳои асосие, ки тибқи нақша муайян шуда буданд, инчунин дастуру супоришҳое, ки дар ҷараёни шиносоӣ бо вазъи сохтмон ва мулоқоти гузашта барои як сол ба миён гузошта будем, асосан иҷро шудаанд.
Ҳоло дар доираи онҳо шаҳраки иборат аз чандин биноҳои истиқоматӣ, мактаби таҳсилоти умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, боғчаи бачагон ва дигар иншооти ёрирасон бунёд гардида, як қатор иншооти коммуналии шаҳр, аз ҷумла дегхона, хатҳои гармидиҳӣ ва шабакаҳои обу корез таъмиру барқарор карда шудаанд.
Дар маҷмӯъ соли гузашта дар нерӯгоҳи Роғун барои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмон 130 миллион сомонӣ ва дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 308 миллион сомонӣ аз худ шудааст, ки ин ҳама нишонаи возеҳи азму талоши пайвастаи шумо – сохтмончиён мебошад. Аз ин рӯ, ба ҳамаи шумо, ки бо дарки масъулияти баланд дар назди халқу Ватани худ дар сохтмони иншооти ҳаётан муҳими давлати соҳибистиқлоламон шабу рӯз заҳмат кашида истодаед, арзи сипосу миннатдорӣ менамоям.
Бояд гуфт, ки мо маҳз бо дарназардошти зарурати таъмини эҳтиёҷоти кишварамон ва ҳалли мушкилоти ҷиддии энергетикии мамлакатамон ба идомаи сохтмони ҳанӯз дар солҳои 80-уми асри гузашта оғозгардидаи нерӯгоҳи Роғун аз нав шурӯъ кардем. Дар Паёми соли гузаштаи худ ба Маҷлиси Олии мамлакат изҳор дошта будам ва такроран таъкид месозам, ки бунёди иншооти гидроэнергетикӣ барои мо масъалаи ҳаёту мамот аст. Бунёди ин нерӯгоҳро бо вуҷуди душвориҳои зиёди иқтисодиву молиявӣ то имрӯз аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба ҷо оварда истодаем.
Ҷиҳати маблағгузории сохтмони нерӯгоҳи мазкур соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудо намудани 533 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки аз ин маблағ 423 миллион сомонӣ, яъне 80 фоизи он то имрӯз пардохта шудааст. Дигар ин, ки дар ибтидои соли гузашта мо бо 635 нафар коргар ва 46 адад техникаву механизмҳо сохтмони нерӯгоҳро оғоз карда будем. Боиси қаноатмандист, ки дар тӯли як сол шумораи коргарон дар сохтмони ин иншоот ба 6 ҳазор нафар, мошину механизмҳо ба 553 адад расонида шуда, азхудкунии маблағҳои ҷудошуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз шаш маротиба афзоиш ёфт.
Ҳамзамон бо ин, бояд зикр кард, ки дар соли 2010 аз буҷети давлатӣ барои сохтмони нерӯгоҳ ҷудо кардани маблағи зиёда аз 650 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли ҷорӣ 22 фоиз зиёд мебошад. Дар баробари расидан ба марҳалаи асосии корҳои сохтмон дар нерӯгоҳ шумораи коргарону мутахассисон ба 13 ҳазор нафар расонида мешавад. Аз ин рӯ, ба Ҳукумати мамлакат зарур аст, ки минбаъд низ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди кору зиндагӣ барои кормандони муҳандисиву техникӣ ва сохтмончиёни нерӯгоҳи Роғун тадбирҳои иловагӣ андешад.
Тибқи нақша навбати якуми нерӯгоҳи барқи обии Роғун, яъне ду агрегати аввал дар муддати се – чор соли оянда мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад. Бинобар ин, зарур аст, ки ҷиҳати сари вақт ба истифода супурдани навбати якуми нерӯгоҳ аз ҳоло корҳои омодагӣ шурӯъ карда шаванд.
Аз ин рӯ, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва саноат, молия ва дигар вазорату идораҳои дахлдор бояд бо таъминкунандагони таҷҳизоти сохтмони иншооти навбати аввали нерӯгоҳ ҳалли масъалаи бастани шартномаҳо, маблағгузорӣ ва дастрас намудани таҷҳизоти электротехникии асосӣ, назорати автоматикӣ ва муҳофизатӣ, инчунин таҷҳизоти гидромеханикӣ, гидрогенератору агрегатҳо ва таҷҳизоти ёрирасонро сари вақт таъмин созанд. Дар ҷараёни ин корҳо шаффофияти хариди давлатӣ бо роҳи баргузории тендерҳо ва кафолати техникии таҷҳизоти воридотӣ бояд таъмин гардад. Маълум аст, ки ҷиҳати татбиқи сохтмони мазкур аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» таъсис гардида, аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ корҳои азнавбарқароркунии иншооти он амалӣ мегарданд.
Ба хотири ҷалби ҳарчи бештари маблағҳо барои татбиқи лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва ташкили Консорсиуми байналмилалӣ оид ба маблағгузории он дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ корҳо оид ба гузаронидани экспертизаи бехатарии обанбор, корҳои муҳандисӣ ва арзёбии экологиву иҷтимоии нерӯгоҳ оғоз шудаанд. Бо мақсади суръат бахшидан ба ҷараёни татбиқи лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳ ва ҷалби маблағҳои иловагӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҳамкориро бо Бонки ҷаҳонӣ ва дигар ташкилотҳои молиявии ҷаҳонӣ дар масъалаи мазкур вусъат бахшида, корҳои зерин ҳарчи зудтар ба анҷом расонида шаванд:
якум, вазифаҳои техникӣ оид ба гузаронидани ташхис, яъне экспертизаи техникиву иқтисодӣ ва экологиву иҷтимоии лоиҳаи сохтмон баъди пешниҳод гардидани он аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардида, доир ба ин масъалаҳо хулосаи дахлдор таҳия карда шавад ва ба бонки зикршуда фиристода шавад;
дуюм, мушовирон оид ба ташхис ва арзёбии пешниҳодҳои тендерӣ интихоб карда шаванд;
сеюм, шаффофияти ҷараёни татбиқи лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳ таъмин карда шуда, ҳисоботи миссияи Бонки ҷаҳонӣ оид ба ташхиси корҳои азнавбарқароркунии иншоот ва хулосаи миссияи мазкур бо тартиби муқарраргардида нашр карда шавад.
Бо мақсади зина ба зина паст кардани шиддати проблемаи норасоии барқ дар фасли сармо мо ҳоло бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурду миёна ва барқарорсозии иқтидорҳои нерӯгоҳҳои мавҷудаи кишварамонро низ идома дода истодаем. Аз ҷумла чанде пеш нерӯгоҳи «Сангтӯда–1» пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар давоми ду соли оянда сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» ба анҷом расонида мешавад. Илова бар ин, аз тарафи вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон масъалаи бунёди се нерӯгоҳи барқи обии тавоноиашон миёна бо ҷониби Федератсияи Русия мавриди баррасӣ қарор дорад. Баъди ба анҷом расидани корҳои ба нақша гирифташуда доир ба таҷдиди нерӯгоҳҳои фаъолияткунандаи мамлакатамон иқтидори истеҳсолии онҳо беш аз 400 мегаватт афзоиш хоҳад ёфт.
Дар ин самт фақат барои таҷдиди Нерӯгоҳи барқи обии Норак, аз ҷумла ҷиҳати иваз кардани ду чархи корӣ ва таҷҳизоти тақсимкунандаи он дар вақтҳои наздиктарин 438 миллион сомонӣ аз худ карда мешавад. Илова бар ин, омодагӣ ҷиҳати таъмиру таҷдиди силсилаи нерӯгоҳҳои дарёҳои Вахшу Варзоб шурӯъ гардидааст ва баъди пурра анҷом ёфтани корҳои зикршуда иқтидори истеҳсолии онҳо тақрибан 70 мегаватт меафзояд.
Ҷиҳати ташаккули инфраструктураи муосири энергетикии кишвар ва таъсиси шабакаи ягонаи энергетикӣ ба бунёди хатҳои интиқоли қувваи барқ низ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад. Дар доираи он хати интиқоли барқи баландшиддати «Ҷануб-Шимол» то охири соли ҷорӣ ба истифода дода хоҳад шуд. Ҳамзамон бо ин, бо мақсади сарфаҷӯии барқи истеҳсолшаванда масъалаи ҷорӣ намудани истифодаи лампаҳо ва таҷҳизоти каммасрафи барқиро ба таври қатъӣ ба миён гузоштем. Дар робита ба ин, Фармони махсуси Президенти кишвар интишор гардид ва дар бораи то охири соли ҷорӣ пурра ба истифодаи лампаҳои каммасраф гузаштани тамоми субъектҳои хоҷагидорӣ ва аҳолӣ чорабиниҳои дахлдор амалӣ шуда истодаанд. Дар сурати татбиқи тадбири мазкур мо имкон пайдо мекунем, ки дар як сол то сеюним миллиард киловатт-соат нерӯи барқро сарфа намоем.
Тамоми ин иқдомот баёнгари онанд, ки мо ҳаллу фасли масъалаҳои энергетикиро амалан ва воқеан ҳамчун ҳадафи ҳаётан муҳим самти афзалиятноки сиёсати давлатамон қарор додаем. Зеро дар таъмини эҳтиёҷоти энергетикӣ, ки асоси пешрафту тараққиёти тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат ва мардуми кишвар мебошад, мо роҳи дигар надорем. Аз ин рӯ, мо ба хотири ҳарчи зудтар бартараф намудани мушкилоти мавҷудаи энергетикии Тоҷикистон ҳамаи имкониятҳои мавҷударо сафарбар кардаем.
Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки лоиҳаҳои инвеститсионии Ҳукумати мамлакат дар соҳаи энергетика, пеш аз ҳама, ба рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои кишвар нигаронида шудаанд. Ҳоло дар ин самт 12 лоиҳаи афзалиятнок ба маблағи қариб 3 миллиард сомонӣ мавриди татбиқ қарор дошта, то моҳи октябри соли ҷорӣ 1 миллиарду 800 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.
Дар доираи татбиқи лоиҳаҳои мазкур сохтмони хатҳои интиқоли барқи баландшиддат бо мақсади пайваст намудани шабакаи энергетикии ҷануб бо шимоли мамлакат, беҳтар намудани сифати таъминоти аҳолӣ бо қувваи барқ, сохтмони нерӯгоҳҳои хурду миёна барои таъмини боэътимоди маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои дурдаст ва аз худ кардани захираҳои гидроэнергетикии дарёҳои дохилӣ, инчунин насби ҳисобкунакҳои замонавӣ бо мақсади кам кардани талафоти нерӯи барқ корҳо босуръат идома доранд.
Илова бар ин, татбиқи лоиҳаи рушди минбаъдаи бозори минтақавии қувваи барқи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ (Лоиҳаи КАСА-1000) самти муҳими рушди ҳамкориҳои мо дар соҳаи энергетика мебошад. Амалӣ гардидани ин ҳадаф имконият медиҳад, ки Тоҷикистон бо дарназардошти ба итмом расонидани сохтмони иқтидорҳои энергетикӣ («Сангтӯда – 1», «Сангтӯда – 2», навбати аввали нерӯгоҳи Роғун) ва таҷдиди иқтидорҳои мавҷуда (Норак, Қайроққум, Сарбанд, Бойғозӣ) имконияти содироти қувваи барқро ба дигар мамлакатҳо пайдо намояд. Яъне ин иқдомоти мо барои ташкили шабакаи ягонаи энергетикӣ дар минтақа ва бозори боэътимоди қувваи барқ равона гардида, имконият ва ҳаҷми содироту воридоти онро ба таври бесобиқа баланд мебардорад, ки ин, бешубҳа, ба беҳтар шудани муҳити сармоягузорӣ ва рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишварҳои минтақа мусоидат карда, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони он заминаи боэътимод мегузорад.
Вобаста ба ин ва бо истифода аз фурсати муносиб, яъне аз ин минбари сохтмони нерӯгоҳи Роғун, бори дигар хотирнишон кардани як нуктаро зарур медонам, ки мо борҳо дар хусуси он изҳори назар намудаем. Тоҷикистон обанбор ва нерӯгоҳҳоро ҳеҷ гоҳ бар зарари ҳамсояҳои худ, яъне бо мақсади маҳдуд кардани реҷаи ҷоришавии об сохтанӣ нест, баръакс, дар ин раванд манфиати онҳоро низ ба эътибор мегирад. Аз ин лиҳоз, такроран таъкид месозам, ки бунёди нерӯгоҳи Роғун набояд боиси ташвишу изтироби кишварҳои поёноб бошад. Илова бар ин, мехоҳам махсус таъкид намоям: вақте ки Нерӯгоҳи барқи обии Норак бунёд мегардид, таҳияи лоиҳа ва сохтмони нерӯгоҳи Роғун маҳз бо ташаббус ва дастгирии роҳбарияти ҳамонвақтаи давлати ягона ва ҷумҳуриҳои минтақа ба миён гузошта шуда буд. Зеро онҳо бо бунёд намудани обанбори Роғун аз худ кардани зиёда аз 360 ҳазор гектар заминҳои нав ва беҳтар намудани таъминоти беш аз чоруним миллион гектар заминҳои минтақаро бо об дар назар дошта буданд.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки обанборҳо дар ҳалли масъалаи таъминоти муназзами об воситаи беҳтарин мебошанд. Дар робита ба ин, метавонем таҷрибаи истифодаи мутақобилан судманди обанбори Норакро дар шароити хушксолӣ ва камобии солҳои 2000-ум ва 2008-ум низ ҳамчун мисол нишон диҳем, ки ба манфиати кишварҳои поёноб буд. Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби ҳавзаи баҳри Арал ташаккул меёбанд ва кишвари мо ҳамагӣ 5 фоизи онро истифода мебарад.
Вазъи баамаломада моро водор месозад, ки дар хусуси ба роҳ мондани идоракунии захираҳои оби минтақа тадбирҳои муштарак, ҳамоҳангшуда ва мутақобилан судманд андешем. Яке аз онҳо афзун гардонидани иқтидори обанборҳо дар кишварҳои болооб мебошад, ки барои ин шароити мусоиди ҷуғрофӣ доранд ва кишварҳои поёноб метавонанд дар ин кор ба мо бо дарназардошти манфиатҳои худ мусоидат намоянд.
Доир ба истифодаи оқилона ва сарфаҷӯёнаи захираҳои об Тоҷикистон ҷонибдори ҳалли тамоми масъалаҳо бо муросову мадоро мебошад. Пешниҳоди чандинкаратаи Тоҷикистон доир ба истифодаи захираҳои оби кӯли Сарез ва ташкили консорсиуми байналмилалӣ барои сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун далели равшани ниятҳои неки мо мебошанд. Дар шароите, ки дар ҷаҳон захираҳои нафту газ торафт коҳиш ёфта, иқлими сайёра бинобар таъсири омилҳои техногенӣ, аз ҷумла партови гази нерӯгоҳҳои барқи ҳароратӣ тадриҷан тағйир меёбад ва ба муҳити зист таъсири босуръат афзояндаи манфӣ мерасонад, ҷомеаи ҷаҳонӣ торафт бештар зарурати истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергияро таъкид менамояд, ки зимни он истифодаи захираҳои гидроэнергетикӣ бо мақсади истеҳсоли нерӯи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ бехавф манфиати зиёд дорад ва ин масъала бебаҳс аст.
Ҳукумати Штатҳои Муттаҳидаи Амрико ва як қатор кишварҳои дигар дар ҷараёни омодагӣ ба Конфронси Копенгаген оид ба тағйирёбии иқлим аз сари нав баррасӣ намудани барномаҳои энергетикии худро эълон карданд, ки тибқи онҳо ба манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия, аз ҷумла энергияи обӣ гузаштан торафт бештар таъкид мегардад. Тибқи маълумоти Шӯрои байналмилалии энергетикӣ ҳоло дар ҷаҳон ба ҳисоби миёна 33 фоизи захираҳои гидроэнергетикӣ аз худ карда шудаанд ва пешбинӣ гардидааст, ки то нимаи дуюми асри ХХ1 ин нишондод ба 70 фоиз баробар мешавад. Аз ин бармеояд, ки ҳоло дар саросари ҷаҳон ба истифодаи захираҳои гидроэнергетикӣ афзалияти бештар дода истодаанд.
Бояд гуфт, ки барои фаъолияти нерӯгоҳи барқи аловии иқтидораш ба нерӯгоҳи Роғун баробар дар як сол ба ҳисоби миёна 10 миллион тонна ангиштсанг масраф шуда, ба муҳити зист даҳҳо миллион тонна партов ва газҳои зарарнок хориҷ мешаванд, ки ин ҳама боиси зиёни ҷиддӣ ба саломатии одамон мегардад. Аз ин рӯ, бо истифода аз захираҳои об ва тавассути бунёди иншооти гидроэнергетикӣ истеҳсол намудани қувваи барқ ҳам манфиати иқтисодӣ ва ҳам экологӣ дорад.
Дар ин замина бо итминони комил метавон гуфт, ки дар ояндаи наздик дар сурати бунёд гардидани Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва дигар иншооти гидроэнергетикӣ Тоҷикистон ва кулли кишварҳои минтақа манфиати зиёд хоҳанд дид. Пеш аз ҳама, дар Осиёи Марказӣ ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ афзуда, мардумони як қатор кишварҳои минтақа аз барқи арзон бархурдор мегарданд.
Дуюм, нерӯгоҳи Роғун боиси таҳкими амнияти энергетикӣ, рушди босуръати саноат ва пешрафти иқтисодии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ хоҳад гашт.
Ва сеюм, бунёди обанбор ва тавассути он танзими ҷоришавии об имкон медиҳад, ки масъалаи идоракунии оқилонаву самараноки захираҳои об ҳал карда шавад ва вазъи таъминоти кишварҳои минтақа бо ин захираи ниҳоят арзишманд ба маротиб беҳтар гардад.
Ҳозирини мӯҳтарам!
Маълум аст, ки дар раванди сохтмони нерӯгоҳи Роғун 63 деҳаву маҳалли зист зери обанбори он мемонад ва беш аз 46 ҳазор нафар одам кӯчонида мешавад.
Дар марҳалаи якуми сохтмони нерӯгоҳ масъалаи аз ҷои зисти доимӣ кӯчонидани 950 оила, ки 4500 нафарро ташкил медиҳад, пешбинӣ шудааст ва бо мақсади бо манзил таъмин намудани онҳо ҳоло дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод бунёди хонаҳои истиқоматӣ ва иншооти инфраструктуриву иҷтимоӣ идома дорад.
Чанде пеш аз деҳаи Сарипул ва маркази ноҳияи Нуробод 190 оила ба ноҳияи Данғара кӯчонида шуд. Дар баробари ин, дар ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Турсунзода низ азхудкунии қитъаҳои ҷудошудаи замин - сохтани хатҳои интиқоли об ва барқ, сохтмони роҳҳо ва таҳкурсии биноҳои истиқоматӣ барои аҳолии кӯчонидашаванда оғоз ёфтааст. Барои аз маҳалли обанбори сохташаванда кӯчонидани аҳолӣ соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 29 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки то имрӯз беш аз 80 фоизи он аз худ карда шудааст.
Вобаста ба ин, ба вазоратҳои молия, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои дахлдор ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» ҳамчун фармоишгар зарур аст, ки дар бораи аз маҳалли обанбори сохташаванда сари вақт кӯчонидани аҳолӣ, дар ноҳияҳои муайянгардида фароҳам овардани шароити зист ва ба мардум дуруст фаҳмонидани зарурат ва моҳияти муҳоҷирати онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Тавре ки зикр гардид, бунёди нерӯгоҳи Роғун барои давлати соҳибистиқлоли мо яке аз масъалаҳои стратегӣ мебошад. Рушди устувори иқтисодиёт, ободии Ватан, сатҳу сифати зиндагии шоистаи мардум ва ниҳоят истиқлолияти воқеии Тоҷикистонро бе бунёди нерӯгоҳи Роғун таъмин кардан амри маҳол аст. Аз ин рӯ, сохтмони он талаби давру замон, яъне зарурати ҳаётӣ мебошад ва инро ҳар як фарди солимфикр, чи дар дохили кишвар ва чи дар хориҷи он бояд хуб дарк намояд.
Мо, албатта, хуб мефаҳмем, ки барои сокинони таҳҷоӣ бо сабаби сохтани обанбор тарки манзили ободу осуда кори саҳл нест, вале ба онҳое, ки халқи худ ва давлати соҳибистиқлоли хешро сидқан дӯст медоранд, инчунин Ватани худро обод ва наслҳои ояндаи миллат, аз ҷумла фарзандони хешро воқеан хушбахту сарбаланд дидан мехоҳанд, бо амри дил ба ин кор иқдом хоҳанд кард. Албатта, онҳо ҳеҷ гоҳ бе сарпаноҳ намемонанд ва бо кӯмаку мусоидати Ҳукумати мамлакат манзилҳое бунёд мекунанд, ки аз хонаҳои ҳозираашон беҳтар хоҳанд буд.
Барои бунёди нерӯгоҳи Роғун мо ҳоло тамоми имкониятҳоямонро сафарбар кардаем, то ки дар ояндаи наздик халқамонро аз мушкилоти энергетикӣ раҳоӣ бахшем.
Дар баробари ин, аз ҳамин рӯз эътиборан майдони сохтмони нерӯгоҳи Роғунро ҷабҳаи заҳмати созанда ба хотири ободии Ватан эълон карда, тамоми мардуми кишвар, ҳар фарди бонангу номуси миллат, ҳар як шахси ватандӯсту ватанпараст ва ҳамчунин ҳамватанони бурунмарзиамонро даъват менамоям, ки бо пуштибонӣ аз иқдоми давлати Тоҷикистон барои дастгирии моддиву маънавии шумо - бунёдкорони иншооти тақдирсози миллати сарбаландамон саҳмгузорӣ намоянд.
Дар робита ба ин, ба вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, адлия, энергетика ва саноат, инчунин Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода мешавад, ки бо дарназардошти ҳавасмандии корхонаҳо ва аҳолӣ механизми ҷалби маблағҳои онҳоро барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун таҳия карда, дар мӯҳлати ду моҳ ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намоянд. Ҳамчунин, ба вазоратҳои энергетика ва саноат, корҳои хориҷӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ лозим аст, ки бо иштироки созмонҳои байналмилалӣ ва институтҳои молиявии ҷаҳонӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ асосноксозии техникиву иқтисодӣ ва арзёбии таъсири иҷтимоиву экологии лоиҳаи бунёди нерӯгоҳи Роғунро ҳарчи зудтар анҷом дода, ҳамзамон бо ин корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба манфиати сохтмони нерӯгоҳи Роғун тақвият бахшанд ва тавассути ба роҳ мондани ҳамкории бахшҳои давлативу хусусӣ ва иштироки давлатҳои хоҳишманду созмонҳои молиявии ҷаҳонӣ ҷиҳати ҷалби сармоягузориҳои иловагӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар шароити гармшавии глобалии иқлим истеҳсоли нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза аҳамияти махсус пайдо мекунад. Бо дарназардошти хислати минтақавӣ доштани нерӯгоҳ ва имконияти интиқоли барқ ба кишварҳои ҳамсоя Ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст, ки аз ҳамаи имкониятҳо истифода бурда, ҷиҳати ҷалби дигар маблағҳо низ барои сохтмони ин иншооти моҳиятан муҳим тадбирҳои амалӣ андешад.
Дар баробари ин, Шӯрои директорони нерӯгоҳ вазифадор карда мешавад, ки масъалаҳои вобаста ба ҷараёни иҷрои корҳо ва истифодаи мақсадноки маблағҳоро ҳар моҳ ба таври қатъӣ баррасӣ намояд ва ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани масъалаҳои идоракунӣ ва баланд бардоштани тартибу интизоми корӣ ва беҳтар намудани сифати корҳои сохтмон чораҳои иловагии муассир андешад. Ба Ҳукумат ва сохтору мақомоти дахлдори он супориш дода мешавад, ки доир ба ворид намудани техника ва технологияи пешрафта, суръатбахшии ислоҳоти низоми идоракунии соҳа, аз ҷумла Ширкати «Барқи тоҷик» дар шароити иқтисоди бозаргонӣ, инчунин татбиқи сиёсати тарифӣ бо дарназардошти пӯшонидани хароҷоти воқеии низоми энергетикӣ, рушди бозори хариду фурӯши нерӯи барқ ва ташкили тавозуни истифодаи самараноки он чорабиниҳои мушаххасро амалӣ намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Мо хуб медонем, ки ҳанӯз дар давраи бунёди нерӯгоҳи Норак дар кишварамон сулолаи бунёдкорони иншооти энергетикӣ ташаккул ёфта буд ва сафашон ҳангоми сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда –1» боз зиёд гардид, ки дар бунёди нерӯгоҳи Роғун мо асосан ба қувваю ғайрат ва азму талоши ватандӯстонаи онҳо, яъне шумо – мутахассисону сохтмончиён эътимод мебандем ва такя мекунем.
Итминони комил дорам, ки ба шарофати заҳмати содиқонаву софдилонаи шумо - мутахассисону сохтмончиён навбати аввали Нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар мӯҳлати муқарраршуда, яъне дар зарфи се-чор соли наздик ба кор даромада, Тоҷикистони соҳибихтиёри моро аз лиҳози энергетикӣ низ соҳибистиқлол мегардонад ва мушкилоти имрӯзаи мардуми шарифи кишварамон пурра бартараф мешавад.
Дар роҳи татбиқи ин ҳадафи созанда ба ҳамаи шумо – кормандони муҳандисиву техникӣ, инчунин бунёдкорони ин иншооти тақдирсоз барори кор ва ба мардуми сулҳдӯст, фарҳангӣ ва ободгари Тоҷикистон суботу оромӣ, хушҳоливу хушбахтӣ ва файзу баракат орзумандам.
Ташаккур!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3019