маориф
ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ
Афзоиши пайвастаи ташкилот ва гурӯҳҳои террористӣ дар ҷаҳони муосир аз омилҳои муташанниҷ гаштани вазъи сиёсию иҷтимоии замони имрӯза гаштааст. Чуноне ки медонем, дигаргуниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоие, ки Тоҷикистон дар охири асри гузашта паси сар кард, кишвари моро ба душвориҳои сангин дучор сохта, боиси сар задани ҷанги таҳмилӣ гардид, ки оқибати он ҳоло ҳам эҳсос мешавад ва хотираҳои мардумро ранҷ медиҳад. Агар мушоҳида намоем, барои сар задани бесарусомониҳо бешак, ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва хоҷагони хориҷии онҳо даст доштанд.
Айни замон дар байни терроризм ва экстремизм ягонагии амалиёт дида мешавад: ҳардуи ин зуҳурот масъаларо бо роҳи зӯроварӣ ҳал кардан мехоҳанд. Қувваҳои экстремистӣ дар ҳолатҳои муайян аз ҳиссиёти динии мардум истифода бурда, бо шиору тавсияҳои ғаразнок онҳоро ба вартаи фалокату ҳалокат кашида, фазои сиёсии кишварҳои алоҳидаро муташанниҷ мекунанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои сатҳи гуногун иброз доштаанд: «Террорист ватан, миллат ва мазҳаб надорад, аз ин рӯ, мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои якдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо мекунад».
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар ин самт нақши муҳим бозида метавонад. Мутобиқи моддаи 8-и қонуни мазкур падару модарон уҳдадор карда мешаванд, ки фарзандонашонро аз иштирок дар фаъолияти муассисаҳои динӣ, ғайр аз кӯдаконе, ки дар мактаби махсуси динӣ таҳсил менамоянд, манъ намоянд.
Танҳо соли 2013 барои риоя накардани ин талаботи қонун бештар аз 3100 падару модар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Албатта, ин ҳама чораҳо барои солимии мафкураи ҷавонон ва пурмасъулият гардидани волидони онҳо андешида мешавад. Зеро, аз роҳи бад гардондани фарзанд ин вазифаи волидон мебошад. Ҷавонон ва наврасон бояд аз сулҳу суботи имрӯза шукргузорӣ ва онро ҳифз намоянд. Танҳо дар сурати ваҳдату ягонагӣ мардуми кишвар душвориҳо ва монеаҳоро осон паси сар менамоянд. Рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ ва кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад.
Муҳаббат РАҲМАТОВА,
омӯзгори МТМУ № 14 – и шаҳри Кӯлоб
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.05.2018 №: 108 Мутолиа карданд: 1480