logo

туризм

Токио - аз қароргоҳи сёгунҳо то мегаполис

50 шаҳри машҳуртарини ҷаҳон

Токио дар садаи XXI 600-сола ҳам шавад, ба бинанда таассуроти шаҳри қадимро намебахшад. Наздики 12 миллион сокини он, дар назари аввал, ба тарзи амрикоӣ зиндагӣ дорад: ҷойи кимонои анъанавиро костюми корӣ ва либосҳои ҷинсӣ гирифтааст, хонаҳо ва офисҳо аз электроникаи мураккабтарин лабрезанд, радио тозатарин савту навои мусиқиро ба самъи шунаванда мерасонад. Вале ин ҳама, чунон ки мегӯянд, танҳо болои сахраи яхи шиновар аст. Пушти «витрина»-и комилан замонавӣ анъанаҳои бисёрасраи тағйирнаёбанда пинҳонанд. Ширкатҳои ҷопонӣ бо усули хонаводаи падарсолорӣ сохта шудаанд, маросимҳо на танҳо шакл, балки мундариҷаи хешро ҳам нигоҳ доштаанд. Дар тавофут аз Ғарб ин ҷо наву куҳна дар рақобат набуда, мисли Ин ва Ян ба ҳам даромехта, ҳамзистӣ доранд.
Токио дар калонтарин ҳамвории ҷазираҳои ҷопонӣ- Канто воқеъ гардидааст. Имрӯз аз мавҷудияти шаҳраки Эдо, ки дар ҷойи он пойтахти шарқӣ қомат афрохтааст, боқимондаҳои на чандон зиёд ёдовар мешаванд. Қалъаи Эдо (дар турҷума- «дарвозаҳои дарёӣ»), ки соли 1457 аз сӯи феодали маҳаллӣ Докан Ота сохта шудааст, ба шарофати сулолаи сёгунҳои Токугава рушду шукуфоӣ ёфтааст. Дар оғози садаи XVII генерали муқтадир Изясу Токугава, ки ҳамаи Ҷопонро муттаҳид сохт, бар ивази хидматҳояш заминҳои ҳосилхези водии Канторо соҳиб гашт ва дар Эдо корҳои сохтмониро сар кард. Сараввал қалъаи ҳоким ва амлок барои хонаводаҳои мӯътабари империя сохтанд. Баъд маҳаллаҳои самурайҳо ва ҳунармандон қомат афрохтанд. Қасри сёгунҳо (Мэйдзи), ки дар қалъаи дохилӣ (хонмару) воқеъ буд, 33 ҳазор метри мураббаъ масоҳат дошт. Қалъаи дохилӣ як истеҳкоми муқтадири ҷангӣ буд. Онро деворе иборат аз 20 дарвоза, 11 манораи посбонӣ ва 15 сарбозхона мепечонд. Бар қалъаи дохилӣ манораи асосии панҷошёнаи қаср бо баландии 51 метр бунёд ёфта буд ва баландтарин манораи қасрии Ҷопон маҳсуб меёфт. Дар паҳлӯи истеҳкомоти дохилӣ истеҳкоми хурдтари дувум (ниномару) ҷойгир буд, ки дар он фарзандон ва бевазанҳои сёгунҳо зиндагӣ мекарданд. Девори он андаке хурдтар буд: 10 дарвоза, 7 манораи посбонӣ ва 8 сарбозхона дошт. Қалъаи савум (санномару) асосан аз иншооти хоҷагӣ иборат буд. Ва ин ҳама, метавон гуфт, дар музофот, хеле дур аз пойтахти кишвар- Киото бино ёфта буд. Танҳо соли 1868 Эдо ба шаҳри асосии Ҷопон мубаддал гашт ва ҳамон сол ба худ номи имрӯзаашро гирифт, ки дар тарҷума маънои «пойтахти шарқӣ»-ро дорад.
Дар садаи гузашта Токио ду бор қариб пурра хароб гашта буд: бори аввал- бар асари заминларзаи мудҳиштарини соли 1923 ва дафъаи дувум- соли 1945 дар натиҷаи бомбаборонкунии ИМА. Ва ҳар ду дафъа аз нав сохта шудааст.
Имрӯз Токио дорои 50 ҳазор корхона мебошад, ки қисмати бештари онҳо бузурганд. Шаҳр дорои системаи пешрафтатарини хидматрасонист, ки 55%-и сокинони коргари пойтахтро машғул медорад. Биржаи Токио бо биражаҳои машҳури Нию-Йорк ва Лондон дар як мақом қарор гирифтааст. Токио ду фурудгоҳи байналмилалӣ дорад, аз шаҳр хатҳои қатораҳои баландсуръат мегузаранд.
Сокинони Токио шаҳри худро дӯст медоранд, вале истироҳатро берун аз он авлотар медонанд. Зеро ҳавои шаҳр чандон тоза нест.
Токио ба шаҳрҳои аврупоӣ комилан монандӣ надорад. Мантиқи бунёдгарони он дигар будааст. Дарозии умумии кӯчаҳои Токио ба 22 ҳазор километр баробар мебошад. Вале аксари онҳо ном надоранд, ба ҷои ин шаҳрро ба 23 маҳалла тақсим кардаанд. Гумон мекунӣ, ки бо чунин бархӯрди математикӣ пайдо намудани хонаи зарурӣ чандон душвор нест. Аммо ин дар назари аввал чунин менамояд. Гап дар сари он ки дар дохили маҳаллаҳо рақами хонаҳоро на ба тартиби ҷойгиршавӣ, балки мутобиқи замони сохта шудани онҳо гузоштаанд: хонае, ки нахуст бунёд ёфтааст, рақами  якро гирифтааст, баъдина (агарчи дар охири маҳалла ҳам ҷойгир бошад)- рақами дуро. Дар натиҷа ҳатто барои кормандони полис пайдо кардани хонаи зарурӣ душвориҳо пеш меорад. Аз ин рӯ ба меҳмонон пешакӣ аз тариқи факс нақшаи маҳалларо мефиристанд ё онҳоро шахсан пешвоз мегиранд. Ба ашхоси аз кишварҳои аврупоӣ омада боз ҳам мушкилтар аст. Аксари ишораҳо, ки дар метро ва кӯчаҳои Токио овехта шудаанд, ба забонҳои ҷопонӣ, чинӣ ва курёӣ мебошанд. Навиштаҷоти англисӣ хеле кам ба чашм мерасанд. Аммо, дар айни замон, аксари ҷопониҳо забони англисиро медонанд ва ба сайёҳи роҳгумзада дасти ёрӣ дароз карда метавонанд.
Токио шаҳри бисёрошёна аст. Манзури мо на танҳо биноҳои осмонбӯси 50-ошёна, балки роҳҳои мошингард низ мебошанд. Автомобилҳо ҳам дар зери замин, ҳам дар рӯи замин ва ҳам дар болои замин равуо доранд. Роҳҳои бисёрқабата  ноҳияҳои гуногуни шаҳрро ба ҳам мепайванданд.  Аммо ин ҷо мошин ба дараҷае зиёд аст, ки дар соатҳои, ба истилоҳ, «пик» боз ҳам роҳбандӣ эҷод мешавад.
Токио на танҳо маркази саноативу молиявӣ, балки маркази фарҳангии Ҷопон низ ба шумор меравад. Дар донишгоҳҳои қадимаи хусусӣ ва давлатии он аз кишварҳои дигари ҷаҳон ҳам шумораи зиёди донишҷӯён таҳсил менамоянд. Беш аз 400 намоиши суратҳо, даҳҳо осорхона, театр сайёҳонро дар муқобили интихоби мураккабе қарор медиҳанд: ба куҷо бояд рафт? Охир, барои зиёрати ҳатто машҳуртарини онҳо як моҳ камӣ  мекунад!
Ҷопонро бе самурайҳо ва самурайҳоро бе шамшер тасаввур кардан имкон надорад. Дар бораи шамшерҳои ҷопонӣ ривоятҳо зиёданд. Офаридаҳои устоҳои бузург аз насл ба насл ҳамчун ёдгории хеле арзишманд дода мешуданд. Ва табиист, ки Токио Осорхонаи шамшерҳо дорад. Он дорои ашё ва фаровардҳои намоишии зиёде мебошад: тачи (шамшери садаи XII, аҳди Хейан), маҷмӯаи тиқаҳои аҳди Камакура (садаҳои XIII-XIV), шамшерҳои кандакоришудаи аҳди Эдо (садаи XVII), таҷҳизи пурраи самурайҳо. Баъзе аз фаровардҳо умри беш аз 900-сола доранд, вале ба назар ҳамчун нав ва хеле зебо ҷилва мекунанд.
Шаҳр дорои 1750 калисои синтоӣ ва 2953 калисои буддоӣ мебошад. Дар калисои асосии синтоӣ-Касикодокоро- нусхаи оинаи муқаддаси (Ятано кагами) худои Аматэрасу маҳфуз аст, ки ба ҳайси модари Ҷопон шинохта шудааст. Буддоиҳо бошанд, барои ибодат назди муҷассамаи 13-метраи Буддо Амида меоянд, ки соли 1252 сохтаанд..
Калисоҳо ва кохҳо, осорхонаҳо ва намоиши суратҳо, донишгоҳҳо ва офисҳои корпоратсияҳои азимтарин, тарабхонаҳо ва театри Кабуки- ин ҳама гӯиё ҷузъи як муаммо ҳастанд, ки аз сӯи фарди номаълуми кӯҳпайкаре дарҳамубарҳам шудаанд. Ва танҳо ин ҳамаро дар як ҷо ҷамъ оварда, батадриҷ ба фаҳми ин гуфта меравӣ: «Ҷопон аз Токио оғоз меёбад».

Тарҷума аз китоби «50 знаменитых городов мира», Харков, ФОЛИО, соли 2006


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 10116
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед