logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ДМИТРИЙ МЕДВЕДЕВ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот карданд.

Ҳангоми суҳбат ҳолат ва дурнамои маҷмӯи муносибатҳои дӯстиву равобити мутақобилан судманди Тоҷикистону Россия мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти аҳамияти шарикии стратегии Тоҷикистону Россия таъкид карданд, ки рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо ин кишвар аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Президенти мамлакат ҳалли муштараки як қатор масъалаҳои мубрамро дар бахши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, омили муҳими таҳкими муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ намуданд. Дар ин робита, зикр гардид, ки “инкишофи минбаъдаи ҳамкории тарафҳо дар ин соҳа аҳамияти аввалиндараҷаро касб менамояд”.
Бояд тазаккур дод, ки имрӯз Федератсияи Россия дар самти шарикии тиҷоративу сармоягузории Тоҷикистон мавқеи пешсафро ишғол мекунад. Соли 2017 гардиши мол байни ду кишвар беш аз нуҳсад миллион доллари амрикоиро ташкил карда буд.
Ҷонибҳо барои таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар бахши воқеии иқтисодиёти Тоҷикистон, васеъ кардани ҷуғрофияи робитаҳои байниминтақавӣ, татбиқи саривақтии қарорҳои қабулкардаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодиро, амри зарурӣ маънидод карданд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, яке аз бахшҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба - муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла сода кардани қоидаҳои будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҷалби муташаккилонаи онҳо ба бозори меҳнати Россия баррасӣ гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия ба таври муфассал масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуманитариро мавриди баррасӣ қарор доданд. Инчунин, зарурати андешидани тадбирҳои муштараку самараноки минбаъдаро дар ин самт махсус таъкид карданд.
Зимни мулоқоти судманд таваҷҷуҳи махсус ба масъалаи фароҳам овардани шароитҳои мусоиди фаро гирифтани шаҳрвандони Тоҷикистон ба таълим бо забони русӣ, бахусус ҷалби ҷавонони тоҷик ба донишгоҳҳои Россия ва дар доираи татбиқи созишномаҳои қаблан имзошуда, ба афзоиш додани шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо забони русӣ дар Тоҷикистон, равона карда шуд. Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид доштанд, ки дар ин самт бояд раванди дар Тоҷикистон бунёд кардани панҷ мактаби таълими забони русӣ аз ҷониби Россия ҷоннок карда шуда, шумораи муаллимони русии ба Тоҷикистон фиристодашаванда афзун гардад.
Дар ҷараёни мулоқот таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амният ҳамчун самти афзалиятноки муносибатҳои дуҷониба маънидод карда шуд. Дар ин самт таваҷҷуҳи махсус ба масъалаи мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир равона гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои хуби ҳамкории муштаракро дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва шаклҳои дигари ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ таъкид намуда, таҳкими минбаъдаи ҳамкории тарафайнро дар соҳаи амният зарур шумурданд.
Дар фарҷоми мулоқоти судманд ҷонибҳо омодагии худро баҳри рушди минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистону Россия дар чаҳорчӯбаи шарикии стратегӣ ба манфиати ҳар ду кишвар иброз доштанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.05.2018    №: 108    Мутолиа карданд: 1560
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед