logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО РОҲБАРОНИ ҲАЙАТҲОИ КИШВАРҲОИ ИШТИРОКДОРИ ИДМ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарони ҳукуматҳо ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки барои ширкат дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ ба Душанбе омадаанд, мулоқот намуданд.

Дар мулоқот Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев, Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Андрей Кобяков,  Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов, Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон  Бахитжан Сагинтаев,  Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Муҳаммадкалӣ Абилгазиев, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Арарат Мирзоян, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Ягуб Эюбов, муовини Раиси Девони вазирони Ҷумҳурии Туркманистон, вазири корҳои хориҷии ин кишвар Рашид Мередов ва Раиси Кумитаи иҷроия - котиби иҷроияи ИДМ  Сергей Лебедев иштирок карданд
Пешвои миллат дар ҳузури иштирокчиён баромад намуда, аз ҷумла чунин таъкид карданд: «Тоҷикистон ҳам дар чаҳорчӯби иштирок дар кори ИДМ ва ҳам чун раисикунандаи кунунии он барои таҳкими минбаъдаи ҳамкории бисёрҷониба миёни ҳамаи давлатҳои аъзои ИДМ самти самаранок ва созанда мегузаронад.
Тадбирҳое, ки мо дар ин самт ба роҳ мемонем, ба принсипҳои дӯстӣ, эҳтироми мутақобила ва эътимод, ҳамкории мутақобилан судманд ва баррасии манфиатҳои ҳамаи ҷонибҳо асос ёфтаанд. Дар ин раванд мо омодаем, ки минбаъд низ ба наздикшавии мавқеи давлатҳоямон дар тамоми соҳаҳои ҳамкорӣ бо мақсади таъмини устувории иҷтимоиву иқтисодӣ, субот ва амният дар тамоми қаламрави иттиҳод идома диҳем. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи идома ва татбиқи самтҳои асосии ҳамкории иқтисодии мутобиқ ба санадҳое, ки дар чаҳорчӯби иттиҳод қабул гардидаанд, афзалиятнок мебошад.
Дар соҳаи иқтисод кӯшишҳои мо ба татбиқи Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи марҳилаи сеюми Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ то соли 2020 равона карда шудаанд. Иқтисодиёти мамлакатҳои мо бо ҳолати таърихӣ ва хусусиятҳои табиӣ, ҷуғрофӣ ва инфрасохтории худ пайваст мебошанд.
Ба андешаи мо, барои рушди ҳамкории прагматикӣ зарур аст, ки ба таҳия ва татбиқи лоиҳаҳое, ки ҳамаи ҷонибҳо қаноат ва шарикони эҳтимолиро ҳавасманд мекунанд, бештар мусоидат кард. Махсусан мехоҳам муҳимияти таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт ва коммуникатсияро таъкид намоям.
Дар ин замина, бештар намудани талошҳо дар самти фаъолсозии ҳамкорӣ дар соҳаи технологияи инноватсионӣ ва энергетикаи каммасраф вазифаи муҳим боқӣ мемонад. Бо назардошти омилҳои тағйирёбии иқлим, масъалаи васеъ намудани заминаи «иқтисоди сабз» тавассути азхудкунии фаъоли манбаъҳои энергияи барқароршаванда ва аз лиҳози экологӣ тоза муҳим мебошад.
 Тоҷикистон дар ҷаҳон бо захираҳои гидроэнергетикии худ дар ҷои шашум қарор дорад ва истифодаи самараноки ин иқтидор метавонад барои таъмини рушди устувори кишварҳои минтақа заминаи боэътимод гузорад.
Самтҳои дигари афзалиятнок рушд ва истифодаи самараноки иқтидори нақлиётӣ - коммуникатсионӣ ва транзитии кишварҳои мо маҳсуб мешаванд. Дар робита ба ин, тавсеаи ҳамкориро дар самти таъсиси шабакаи ягонаи минтақавии роҳҳои ҳамлу нақли нақлиётӣ ва оҳан дар асоси технологияҳои муосир зарур мешуморем.
Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, ба таҳкими ҳамкории ҳарбӣ - техникӣ, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи ғайриқонунии яроқ, ҷиноятҳои кибернетикӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ нигаронда шудааст.
Яке аз вазифаҳои муҳим ин ҳамоҳангсозии масъалаҳо ва таҳияи равишҳои ягона ба масъалаҳои муносибатҳои иҷтимоиву меҳнатӣ ва муҳоҷират мебошад. Зарур мешуморем, ки корҳо дар самти таъсиси низоми амалии танзими раванди муҳоҷират фаъол карда шаванд. Талошҳо дар ин самт бояд фарогири мубодилаи иттилоот дар бораи талабот ба захираҳои меҳнатии бозори меҳнат бошанд.
Фаъолияти Низоми ягонаи баҳисобгирии шаҳрвандони кишварҳои сеюм ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки ба қаламрави кишварҳои иштирокдори ИДМ ворид мешаванд, низ масъалаи мавриди таваҷҷуҳ ба шумор меравад.
Аҳамияти масоили рушди ҳамкории бисёрҷониба дар соҳаи гуманитарӣ меафзояд. Мо таҳкими минбаъдаи робитаҳои давлатҳои иштирокдорро дар соҳаҳои фарҳанг, илм ва маориф, кор бо ҷавонон, сайёҳӣ ва варзиш ҷонибдорӣ менамоем.
Амнияти минтақавӣ банди махсуси рӯзнома дар заминаи равандҳои глобалии тағйир ёфтани тартиби ҷаҳонӣ мебошад. Имрӯз вазъ дар ҷаҳон комилан ихтилофнок ва зудтағйирёбанда буда, дар ин замина, ташаннуҷ дар муносибатҳои байналмилалӣ беш аз пеш меафзояд.
Носуботӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон зери таъсири таҳдидҳо ва чолишҳои ҷаҳонӣ зиёд мешавад. Дар масоили таъмини амният ва субот, мо иттифоқчиёни табиӣ мебошем ва ҳамгироии зичтар дар ин самт ба манфиатҳои умумии мо ҷавобгӯ хоҳад буд.
Тоҷикистон талошҳои муштараки ҷомеаи ҷаҳониро дар ҳалли мушкилоти асосии Шарқи Наздик дар асоси принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ қотеона ҷонибдорӣ менамояд.
Вазъияти пуризтироб дар марзҳои ҷанубии иттиҳод – дар Афғонистон ба миён меояд. Дар баробари ин, ҳаҷми истеҳсоли ғайриқонунӣ ва содироти маводи мухаддир аз кишвар афзоиш меёбад. Ин ҳолат аз мо вокуниши комилан мувофиқ тақозо мекунад.
Дар ин росто, тақвияти ҳамоҳангии фаъолиятро миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси иттиҳод зарур мешуморем. Ҳамчунин, мебояд ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти иттилоотӣ низ таваҷҷуҳи дахлдор зоҳир намуд.
Бе таъмини субот ва амнияти кафолатнок мо наметавонем ба сатҳу сифати рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ба ин васила, ба ҳалли муваффақонаи масъалаҳои ҳамгироии минбаъдаи минтақавӣ, ки ба манфиати умумиамон ҷавобгӯ мебошанд, ноил шавем. Дар ин росто, таҳкими механизмҳои ҳамкории созандаамон дар самти мубориза бо чолишҳои амнияти минтақавӣ вазифаи аввалиндараҷа мегардад.
Рӯзномаи имрӯзаи ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ масъалаҳои муҳим ва ҳалталаби рушди минбаъдаи ҳамгироии бисёрҷанбаи моро ифода мекунад.
Мутмаинам, ки татбиқи мунтазами қарорҳои аз ҷониби шумо қабулшаванда ба таҳкими ҳамкорӣ дар иттиҳод бар асоси манфиатҳои умумии мо мусоидат хоҳад кард.
Ба Шумо дар роҳи таҳкими ҳамкорӣ байни кишварҳоямон барори кор таманно дорам.
Итминон дорам, ки бо талошҳои муштарак мо метавонем иқтидори бузурги созандаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро татбиқ намоем».


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.06.2018    №: 109    Мутолиа карданд: 1690
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед