маориф
ТОҶИКОБОД. МАОРИФ ДАР МАДДИ АВВАЛ
Шароити таҳсил дар макотиби ноҳияҳои дурдасти кишвар, аз ҷумла Тоҷикобод, беҳтару хубтар мегардад. Зимни суҳбат бо мудири маорифи ноҳия Мирзомуддин Носиров маълум гашт, ки имрӯзҳо таҳсили хонандагон беҳтар гашта, шумораи мактабҳо дар давоми соҳибистиқлолии кишвар ба 43 - то расид ва як қисми муассисаҳо навсозӣ, қисми дигар таъмиру таҷдид гардиданд.
Сохтмону навсозии муассисаҳои таълимӣ бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир бо суръат ва сифати хуб идома дорад. Аз ҷумла, дар назди муассисаҳои №№ 5, 6, 8, 9, 11, 15 ва 17 биноҳои таълимии иловагӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Аз ин рӯ, имрӯзҳо норасоии ҷои нишаст то андозае ҳалли худро ёфта, бо маблағгузории буҷети маҳаллӣ дар назди муассисаҳои таълимии № 2 ва № 27 сохтмони биноҳои 6 - синфхонагӣ ва таъмири қисмати берунаи муассисаи № 18 идома дорад. Дар маркази ноҳия бо дастгирии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба маблағи 4 миллион сомонӣ сохтмони Маркази инкишофи кӯдакон бо фарогирии 303 нафар оғоз гардидааст. Сохтмони бинои шуъбаи маориф, мактаби мусиқӣ барои 180 нафар ва муассисаи таълимии № 1 низ ба нақша гирифта шудаанд.
Сарфи назар аз вусъатёбии сохтмони биноҳои нав ҳанӯз ҳам дар аксар деҳаҳо мактабҳои замони шуравӣ сохташуда амал мекунанд, ки бештари онҳо дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Дар муассисаҳои №№ 2, 14, 20, 27 ҷойҳои нишаст намерасанд. Сабаби асосии нарасидани ҷои нишаст, зиёд шудани шумораи аҳолӣ мебошад.
- Дар ҳудуди ноҳия норасоии омӯзгорон низ мушоҳида мегардад. Аз ҷумла, 5 нафар муаллими забони хориҷӣ, 11 нафар омӯзгори фанҳои дақиқ ва 11 нафар аз фанҳои дигар, ҷамъ 27 нафар омӯзгор намерасад. Ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ пешниҳод ирсол гардид, - гуфт Мирзомуддин Носиров.
Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 1, 4 ва 6 интернатҳои наздимактабӣ амал намуда, 93 нафар хонандаи эҷхтиёҷманду ятимро аз деҳаҳои дурдаст ва оилаҳои камбизоат ба таълиму тарбия фаро гирифтаанд. Бо мақсади беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ - иқтисодии мутахассисони ҷавон ба 52 нафар ба муҳлати се сол 10 дарсад музди иловагӣ таъйин гардида, 5 муаллими ҷавон бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин шуданд. Ҳамчунин, 14 омӯзгори ҷавон аз «Амонатбонк» қарзҳои имтиёзнок гирифтаанд.
Омили баланд гардидани сатҳи таълиму тарбия, иштироки хонандагон дар озмуну олимпиадаҳо маҳсуб меёбад. Дар даври минтақавии олимпиадаи фаннӣ дар ноҳияи Рашт 15 хонандаи муассисаҳои таълимии ноҳия бо дарёфти ҷойҳои ифтихорӣ ва дар даври ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Ҳисор 6 нафар муваффақона иштирок карда, ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор шуданд.
Имсол аз 670 хатмкунандаи мактаб 200 нафарашон аз қайди Маркази миллии тестӣ гузашта, ба имтиҳоноти тести омодагӣ мегиранд. Бояд тибқи Квотаи президентӣ 21 нафар, аз ҷумла 11 нафар духтар ба макотиби олии кишвар дохил шаванд.
- Аз тарафи шуъбаи маорифи ноҳия барои таъмини сару либоси ягонаи мактабӣ бо ҶДММ «Сумая» - и ноҳияи Лахш, Литсейи касби - техникии ноҳия, ҶДММ «Достон», филиали маркази таълими калонсолон, ташкилоти ҷамъиятии «Бонуи Тоҷикобод» шартнома баста шуда, то оғози соли таҳсили нав бояд 5424 ҷуфт либос дӯхта шуда, ба хонандагон дастрас гардад, - изҳор кард Мирзомуддин Носиров.
Дилшод АМИРОВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.06.2018 №: 110-111 Мутолиа карданд: 1614