мулоқотҳо
Гуфтугӯҳои телефонии
Сардори давлат
Нимаи аввали 26 октябр байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ гуфтугӯи телефонӣ баргузор гардид.
Ҳангоми сӯҳбат сардорони ду кишвари дӯст масоили мубрами равобити дуҷонибаро баррасӣ карда, ба ҷанбаҳои гуногуну мушаххаси он таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд.
Дар ин робита пружаҳое дар мадди назар буданд, ки ҷиҳати таҳкими ҳам муносибатҳои дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба бо ҷалби кишварҳои ҳамҷавору ҳамсоя амалӣ хоҳанд шуд.
Ба ҳайси идомаи мантиқии мавзӯоти сӯҳбат равобити минтақавӣ ва байналмилалии ду кишвар низ мавриди мусоҳибаву баррасӣ қарор доштанд.
х х х
26 октябр байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев сӯҳбати телефонӣ баргузор гардид.
Дар чаҳорчӯбаи муколамаи доимии сиёсии байни ду кишвар сардорони Тоҷикистону Қирғизистон масъалаҳои вазъи муосир ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро бо дарназардошти таҳаввулоти дар вақтҳои охир рӯйдода баррасӣ намуданд.
Зимни гуфтугӯи президентони ду кишвар як теъдод масоили минтақавию байналмилалӣ низ дар маркази таваҷҷӯҳи онҳо қарор доштанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1896