logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи пули нав дар деҳаи Мулло Бароти ноҳияи Рашт, 27 октябри соли 2009

Ҳамватанони азиз!
Сохтмончиёни мӯҳтарам!

Имрӯз дар арафаи яке аз санаҳои муҳимтарини таърихи навини Тоҷикистон – 15-умин солгарди қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва соли бузургдошти Имоми Аъзам дар ноҳияи Рашт боз як пули нав мавриди истифода қарор мегирад, ки, бешубҳа, барои ҳамаи мо ва сокинони меҳмоннавозу заҳматқарини ноҳия рӯйдоди фараҳбахшу хотирмон мебошад.
Ҳамаи шуморо ба ин муносибат ва ба ифтихори ҷашнҳои пуршукӯҳи миллӣ самимона табрик мегӯям.
Дар воқеъ, роҳу пулҳо ҳамчун шоҳраги асосии ҳар як кишвар омили муҳимтарини рушди иқтисодиву иҷтимоӣ маҳсуб ёфта, тавассути онҳо равобити дохиливу байналмилалӣ густариш меёбанд, мушкилоти рафтуомад, додугирифт ва ҳамлу нақли озоди молу маҳсулот осон мегардад.
Инчунин, онҳо барои пайванд ва густариши фарҳангу маданияти халқу миллатҳои гуногун хизмати беназиреро ба анҷом мерасонанд.
Бо дарназардошти ин, мо дар давоми солҳои охир барои бунёд ва таҷдиду таъмири роҳу пулҳои дорои аҳамияти дохилӣ ва байналмилалӣ, ки равобити нақлиётиро дар чор фасли сол таъмин менамоянд, ҳамаи имкониятҳои худро равона кардаем.
Ба ибораи дигар, мо аҳамият ва қадру қимати роҳҳоро хуб дарк мекунем ва беҳуда нест, ки аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани Тоҷикистонро яке аз ҳадафҳои стратегии худ қарор дода, солҳои охир дар ин самт як силсила корҳои мушаххасро ба анҷом расонидем.
Мавриди истифода қарор гирифтани пули имрӯза низ давоми мантиқии сиёсати пешгирифтаи давлат буда, барои хеле беҳтар сохтани вазъи роҳҳо дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ва Ҷиргатол имконият фароҳам меоварад ва тавассути он рафтуомади шаҳрвандон наздик шуда, ин иқдом дар навбати худ барои афзудани иқтидори иқтисодии ноҳияҳои мазкур, муносибатҳои тиҷоратӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат хоҳад кард.
Тибқи лоиҳа ҳаҷми умумии маблағгузории иншооти имрӯза ба 10 миллиону 400 ҳазор сомонӣ баробар мебошад. Илова бар ин, дар доираи маблағи мазкур 14 километр роҳҳои маҳаллӣ низ таъмир карда шуданд.
Дарозии умумии ин иншоот 226 метр ва иқтидори борбардориаш ба 30 тонна баробар мебошад. Барои сохтани он зиёда аз шашуним миллион сомонӣ маблағ сарф гардида, бунёди он аз ҷониби ширкати «Кӯпруксоз» бо сифати баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои замонавӣ анҷом дода шуд.
Ҳамзамон бо ин, дар ҷараёни корҳои сохтмони иншооти мазкур 80 нафар коргару мутахассиси маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин гардид.
Бо истифода аз фурсати муносиб, ба ҳамаи коргарон, муҳандисон, роҳбарону масъулони идораҳои роҳсозӣ, ки дар бунёди ин пул саҳми арзанда гузоштанд, изҳори миннатдорӣ менамоям.
Ҳозирини гиромӣ!
Чунонки дар хотир доред, ҳангоми мулоқоти соли гузашта бо шумо дар бораи татбиқи корҳои созандагиву ободонии ноҳия муфассал изҳори назар карда будам.
Дар ин ҷо мехоҳам танҳо зикр намоям, ки дар давоми 10 соли охир аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия қариб 140 миллион сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ 55 миллион сомонӣ, лоиҳаҳои инвеститсионӣ 32 миллион сомонӣ ва буҷети маҳаллӣ 52 миллион сомонӣ равона гардидааст.
Соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети ноҳия ба маблағи зиёда аз 7 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо карда шуданд.
Илова бар ин, бо вуҷуди таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ҷиҳати дастгирии фаъолияти соҳибкории хурду миёна дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба маблағи зиёда аз 16 миллион сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки ин нисбат ба  ҳамин давраи соли гузашта хеле зиёд мебошад.
Солҳои охир дар ноҳия  11 лоиҳаи инвеститсионӣ татбиқ гардида,  як силсила корҳо дар иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кишоварзӣ, бунёд ва таъмиру барқарорсозии иншооти коммуникатсионӣ, шабакаҳои обрасонӣ, роҳу пулҳо ба анҷом расида, бо ин мақсад зиёда аз 63 миллион сомонӣ маблағ аз худ карда шудааст.
Дар доираи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар ноҳия корҳо оид ба сохтмон ва барқарорсозии 17 иншооти соҳаи тандурустӣ ва 24 иншооти соҳаи маориф иҷро гардида, зиёда аз 107 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру сангфарш карда шудаанд.
Бояд зикр кард, ки дар доираи Барномаи дарозмуддати сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар солҳои 2009-2020  бо дастгирии молиявии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва аҳолии ноҳия 4 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Тибқи барномаи мазкур дар ҳудуди ноҳия сохтмони боз 17 нерӯгоҳи хурд бо иқтидори зиёда аз 3 ҳазор киловатт – соат ба маблағи умумии беш аз 37 миллион сомонӣ аз ҷониби Бонки исломии рушд, Ширкати «Барқи тоҷик» ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст.
Тадбирҳои дар ин самт андешидаи давлату Ҳукумат имкон медиҳанд, ки солҳои наздиктарин таъминоти аҳолии ноҳия бо нерӯи барқ хеле беҳтар гардад. 
Бо дарназардошти ин, Вазорати энергетика ва саноат, Ширкати «Барқи тоҷик» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор карда мешаванд, ки то охири соли ҷорӣ корҳои сохтмони ду нерӯгоҳи хурдро бо сифати баланд ба анҷом расонида, мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
Доир ба истифодаи дигар манбаъҳои энергетикӣ як масъаларо мехоҳам хотирнишон созам, ки ҳоло дар ноҳия 30 нуқтаи фурӯши ангишт ва 4 нуқтаи фурӯши гази моеъ фаъолият дорад. Ҳарчанд дар ноҳия захираҳои  калонтарини ангишт мавҷуданд, масъулон аз  имкониятҳои мавҷуда пурра ва самаранок истифода накарда истодаанд. Барои мисол, дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ корхонаи истеҳсолии Назарайлоқ танҳо 2 ҳазору 450 тонна ангишт истихроҷ кардааст, ки он ба 18 фоизи нишондиҳандаи нақшавӣ баробар аст. Аз ин лиҳоз, ҷиҳати ҳарчи пурра таъмин кардани талаботи аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо бо ангишти истеҳсоли худӣ ба роҳбарони корхонаҳои  Назарайлоқ ва Камароб, инчунин вазорату идораҳои дахлдор зарур аст, ки ҳаҷми истеҳсоли ангиштро зиёд намуда, барои дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба фурӯш баровардани он чораҳои зарурӣ андешанд.
Чунонки шумо дар хотир доред, қариб дар ҳамаи суханрониҳо, аз ҷумла дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид сохта будам, ки сиёсати иҷтимоии давлати  мо бо вуҷуди таъсири ҷиддии бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва мушкилоти вобаста ба он дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, рушди илму маориф, таълиму тарбияи насли наврас ва ҳифзи саломатии мардум пайгирона татбиқ мешавад. Ҳоло дар ноҳияи Рашт 110 муассисаи таълимии ибтидоӣ, асосӣ ва миёна амал менамояд, ки беш аз 22 ҳазор нафар хонанда ва 1280 нафар омӯзгорро фаро мегирад. Ҳамзамон бо ин, дар ноҳия филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ фаъолият дорад, ки ҳоло дар ду факултети он аз рӯи 6 ихтисос 730 нафар донишҷӯ таҳсил менамояд.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишомӯзии хонандагон мактабҳои ноҳия бо китобҳои дарсӣ, таҷҳизот ва мизу курсиҳо таъмин карда шудаанд. Вале бо вуҷуди ин, дар мактабҳои ноҳия 25 нафар омӯзгор намерасад.
Ҳарчанд ки аз ҷониби Вазорати маориф соли хониши гузашта 92 нафар мутахассис, аз ҷумла омӯзгорон тибқи роҳхат ба ноҳияи Рашт фиристода шуда буданд, танҳо 60 нафари онҳо ба ҷои кор ҳозир шудааст, ки ин раванд боиси нигаронӣ мебошад.
Дар ин самт Вазорати маориф ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ фаъолияти худро бояд пурзӯр намуда, ба мутахассисони ҷавон имтиёзҳои алоҳида ҷудо созанд.
Дар давоми соли гузашта ва нӯҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ бинои се мактаб таъмири асосӣ гардида, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди 5 мактаб ба анҷом расонида шудаанд ва бинои 7 мактаби дар натиҷаи заминларза зарардида аз таъмир бароварда  шудааст. Ҳоло дар филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ 2 бинои таълимӣ, як хобгоҳ ва як синфхонаи компютерӣ  мавҷуд буда, бунёди  бинои таълимии 5-ошёна ва хобгоҳи 4-ошёна барои 256 ҷой  идома дорад. Умуман, барои пурра ба анҷом расонидани иншооти зикршуда аз буҷети давлат қариб 17 миллион сомонӣ, аз ҷумла барои имсол ва соли оянда шашуним миллион сомонӣ сарф карда мешавад.
Лекин бояд гуфт, ки имрӯз дар филиали мазкур мушкилоти норасоии омӯзгорони дорои унвони илмӣ, китобҳои дарсӣ, лабораторияҳо ва озмоишгоҳҳо, китобхонаҳои электронӣ, компютер ва кабинетҳои лингофонӣ ба назар мерасад.
Бо дарназардошти чунин вазъ,  Вазорати маориф ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадоранд, ки камбудиҳои мавҷударо ҳамаҷониба таҳлил карда, ҳарчи зудтар аз паи ислоҳи онҳо шаванд.
Таъминоти соҳаи тандурустӣ дар ноҳия ҳоло нисбат ба солҳои пешин хуб ба роҳ монда, як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Аз ҷумла, шӯъбаи бемориҳои  сироятии беморхонаи марказии ноҳия таъмир гардида, дар  деҳоти ноҳия 9 бунгоҳ ва 3 маркази саломатӣ сохта шудааст.
Илова бар ин, 3 адад мошин ва таҷҳизоту доруворӣ харидорӣ гардида, 160 нафар корманди соҳа аз курсҳои бозомӯзӣ гузаронида шуд. Вале ҳанӯз дар соҳа як қатор проблемаҳо, аз ҷумла нарасидани мутахассисон ва таҷҳизоти ташхисӣ  ба мушоҳида мерасанд. Аз ин рӯ, ба Вазорати тандурустӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супориш дода мешавад, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, беҳбудии шароити муассисаҳои тандурустӣ, таъминоти онҳо бо мутахассисони зарурӣ,  таҷҳизоти замонавӣ ва доруворӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, ҷиҳати бартараф сохтани камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои муассир андешанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо вуҷуди таъсири ҷиддии бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ тамоми тадбирҳоро андешида истодааст, ки ҳадафҳои гузоштаи худро марҳала ба марҳала татбиқ созад. Ва мо итминон дорем, ки бо амалӣ гаштани ин ҳадафҳо зиндагии мардуми кишварамон ба сатҳу сифати зарурӣ бардошта хоҳад шуд. Вале мо бояд фаромӯш насозем, ки  бунёдкориву ободонӣ дар кишвар маҳз ба туфайли ваҳдати миллӣ ва таҳкими суботи иҷтимоиву сиёсӣ ба даст меояд.
Бинобар ин, ҳар кадоми мо бояд ҳамеша шукрона кунем, ки дар кишвари мо сулҳу оромӣ ҳукмфармост ва муҳимтар аз ҳама, мо соҳиби Ватани озоду соҳибистиқлол ҳастем ва давлати мустақиле дорем, ки барои зиндагии ободу осудаи мардум нақшаву ҳадафҳои неку созандаро таҳрезӣ мекунад. 
Барои расидан ба ин ҳадафҳои нек зарур аст, ки ҳар як фарди худогоҳу бедордил ва ватандӯсту ватанпараст, аз ҷумла сокинони баору номуси ноҳияи Рашт, пеш аз ҳама, манфиати халқу Ватани азизи худро аз ҳама боло гузошта, кору фаъолият намояд ва дар раванди созандагиву бунёдкории кишвар саҳми арзандаи худро гузорад.
Дар ин раванд ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки аз соли ҷорӣ сар карда, ҳар як иқдоми созандаи мо ба номи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон ва ба хотири истиқболи арзандаву сазовори ин ҷашни муборак ва бузурги миллиамон сурат мегирад.
Бо такя ба азму иродаи қавии шумо – мардуми сарбаланду заҳматдӯсти ноҳияи Рашт ҳамаатонро бори дигар ба муносибати мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани пули болои дарёи Сурхоб, солгарди понздаҳуми санади сарнавиштсози миллат – Конститутсия ва соли бузургдошти Имоми Аъзам  самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоматон тани сиҳат, хотири ҷамъ ва файзу баракати рӯзгор орзу менамоям.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2914
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед