маориф
МАОРИФ. СИФАТ БОЯД ДАР МАДДИ АВВАЛ БОШАД
Яке аз масъалаҳои муҳим дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ боло бурдани мақоми омӯзгор дар ҷомеа аст. Зеро дар давраи ҷаҳонишавӣ мақоми устод – ташаббускор, муаллим – тарбиятгар, омӯзгор – олим ниҳоят муҳим мебошад.
Ин дар ҳолест, ки кишвари мо барои дар зеҳни ҷавонон ташаккул додани мафҳумҳои озодиву истиқлолият, муҳаббат ба арзишҳои олӣ ба омӯзгор бовар дорад, сарнавишти ояндаи насли фардоро аз ӯ вобаста медонад. Педагоги маъруф К. Ушинский ҳам фармудааст: «Қудрати хомае, ки омӯзгор ба даст мегирад, хомаҳои мо надорад, зеро ӯ қисмати фарзандони моро менависад, кӣ будану чӣ шудани ояндаи онҳоро муайян мекунад».
Бо назардошти чунин рисолати муҳим, моро зарур аст, ки дар оянда барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус, дар зинаи таҳсилоти касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосирро тарбия намоем. Пешвои миллат ба мо, омӯзгорон, муроҷиат намуда, таъкид кардаанд, ки: «Диққати наврасон ва хонандагону донишҷӯёро барои аз бар намудани донишҳои муосир ҷалб намуда, ба сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоем. Забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро ба роҳ монда, ба касбомӯзии шогирдону фарзандон эътибори ҷиддӣ диҳем, онҳоро дар рӯҳияи донишомӯзиву меҳнатдӯстӣ тарбия намуда, ташкили марказу маҳфилҳои техникҳои ҷавон, инкишоф ва дастгирии хонандагони болаёқат, таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо муаллимони баландихтисос, кадрҳои дорои таҳсилоти олии касбӣ мактабҳои деҳот, ташкили озмунҳо ва мусобиқаҳои илмиву эҷодӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ, тайёр кардани мутахассисони сатҳи баланди касбҳои техникӣ ва технологӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва касбомӯзӣ равона намоем».
Таъкиди махсуси Сарвари кишвар дар мавриди таваҷҷуҳи бештар ба фанҳои дақиқ асосҳои илмиву назариявӣ дорад, зеро илм дар шароити муосир нақши калидӣ дошта, ба рушду тараққиёти давлат мусоидат менамояд. Таъсиси Маркази таҳқиқоти технологияи инноватсионӣ, фаъолияти дуюмин донишгоҳи давлатии тиббии мамлакат дар вилояти Хатлон, дастгирии занон ва духтарон, фаъолияти марказҳои таълими калонсолон, идома бахшидани ислоҳоти соҳаи маориф ва илм шаҳрвандони худогоҳро водор месозад, ки донишу таҷрибаи худро барои пешбурди соҳаи маориф сафарбар созанд.
Маҳбуба НАБОТОВА,
омӯзгори МТМУ № 3 - и ноҳияи Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.06.2018 №: 114 Мутолиа карданд: 1645