logo

маориф

ММТ. РОҲАНДОЗИИ ИҚДОМОТИ НАВ

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол бо мақсади шаффоф, дастрас ва озод баргузор кардани бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои олии касбӣ ва миёна (ИМД) дар 55 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар 38 шаҳру ноҳия, 42 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 17 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил кард.
- Соли ҷорӣ шумораи умумии шаҳру ноҳияҳое, ки дар онҳо нуқтаҳои доимии бақайдгирӣ ташкил гардид, панҷто зиёд шуд. Шумораи шаҳру ноҳияҳое, ки соли равон дар онҳо нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил ёфтанд, нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи соли сипаришуда чорто кам гардид. Зеро шумораи шаҳру ноҳияҳое, ки онҳо нуқтаҳои доимии бақайдгирӣ доранд, афзуда, зарурати дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳо ташкил кардани нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ намонд, - изҳор дошт директори марказ Хуршед Икромӣ. 
Яке аз навгониҳои низоми ИМД дар соли равон хизматрасонии “Пешномнависӣ” дар шакли бархат (онлайн) аст. Ин хизматрасонӣ ҳам вақти довталабро сарфа мекунаду ҳам кори ӯро осон. Ин низом ба довталаб имкон медиҳад, ки маълумоти заруриро барои бақайдгирӣ (ному насаб, таърихи таваллуд, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, ҷойи истиқомат, рақами телефон барои тамос, нишонии почтаи электронӣ, муассисаи таълимии дар он таҳсилкунанда (таҳсилкарда), комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкарда аз рӯйи бартарияшон, забон ва макони имтиҳонсупорӣ, макони фиристодани даъватнома ва ғайра) омода карда, баъдан ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ ҷиҳати расман номнавис кардани худ ҳозир шавад.
Хуршед Икромӣ таъкид намуд, ки шумораи истифодабарандагони хизматрасонии “Пешномнависӣ” қонеъкунанда нест. Инчунин, аз шумораи умумии шахсони аз ин хизматрасонӣ истифодабурда ҳиссаи хеле камашон баъдан ба нуқтаи бақайдгирӣ ҳозир шуда, бо пешниҳоди рақами инфиродӣ аз қайд гузаштаанд.
Дар марҳилаи якуми бақайдгирии довталабон аз 1 март то 30 апрел 94 905 довталаб аз қайд гузаштанд, ки аз онҳо 15 928 нафарашон хатмкардаи солҳои пешини муассисаҳои таълимӣ мебошанд.
- Боиси хурсандист, ки хатмкунандагони солҳои қаблӣ низ ба хондан ҷалб мешаванд. Махсусан, онҳое, ки оиладор ва соҳиби фарзанданд, имкони аз минтақаҳои дурдасти кишвар супурдани имтиҳонҳои дохилшавиро доранд. Дигар хароҷоту роҳпуливу вақти зиёд ҳам намеравад. Ҳатто имкони бақайдгирии онлайниро низ роҳандозӣ кардем, то мушкилоти довталабон коҳиш ёбад, - баён дошт директори марказ.
Дар ин давра барои гирифтани имтиёз дар имтиҳони марказонидашудаи дохилшавӣ 257 кас ҳамчун ятими кул ва бепарастор, 5 3 23 кас ҳамчун ятим ва 13 каси дигар ҳамчун фарзандони хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми иҷрои уҳдадории хизмати ҳарбӣ ҳалок гардидаанд, аз қайд гузаштанд. Инчунин, ба 169 довталаби маъюб (аз ҷумла маъюби гурӯҳи I ва II) имтиёз дода шуд. Дар маҷмӯъ, соли ҷорӣ 215 корманди муваққатии нуқтаҳои доимӣ ва сайёри бақайдгирӣ ба муроҷиаткунандагон хизмат расонданд.
Бино ба маълумоти омории бақайдгирӣ, шумораи довталабони хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адокарда соли ҷорӣ 659 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи ИМД - 2016 - ум 173 нафар зиёд аст.
Б. САЛИМОВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.06.2018    №: 114    Мутолиа карданд: 1660
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед