logo

ҳуқуқ

ҲАРАКАТ ДАР РОҲ. БАҲСҲО ХОТИМА МЕЁБАНД

Акнун мувофиқи қонунгузории нави ҳаракат дар роҳ ба назди намояндаи бозрасии давлатии автомобилӣ ё худ нозири роҳ баромадани ронандаи автомошина қатъиян манъ аст. Ин тартибот дар қонуни қаблии соли 1995 қабулшуда низ ҷорӣ буд, вале, мутаассифона, аз ҷониби ронандаҳо ва нозирони роҳ риоя нашуда, боиси таҳияи лоиҳаи нави қонуни ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ гардид. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири хотимабахшӣ ба баҳсҳои пай дар пайи нозири роҳ ва ронанда, барои ронандаҳое, ки худ ба назди нозир мебароянд, ҷазо (ба таври бастани ҷарима) муқаррар карданд.
Фирдавс Норов, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ки доимо аз нақлиёти мусофирбар истифода мекунад, иброз дошт, ки бо ҳуҷҷатҳо аз автомашина баромадани ронанда бо ишораи нозири роҳ бисёр ба мушоҳида мерасад, вале ҳолатҳои ба назди ронанда омадан ва худро муаррифӣ кардани нозир хеле каманд. Ин ҷо шояд иштибоҳ аз ҳар ду ҷониб сар мезанад? Зеро, агар ронандаро аз фаъолияти нозирон суол намоӣ, дар посух ҳатман аз ришваситонӣ сухан мегӯяд. Андеша намекунад, ки ришва ду паҳлу дорад: додан ва ситондан. Ришва созиш миёни нозири роҳ ва ронанда аст. Ҳар ду ҷониб барои манфиати худ мекӯшанд. Агар ронанда барои сарфаи вақт додани пулро беҳтар аз ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳои зарурӣ, тартиб додани протокол ё пардохти маблағи ҷарима донад (бо далели он ки нозири роҳ хоҳу нохоҳ пул меситонад), аз сӯи дигар, нозири роҳ барои ба даст овардани даромади иловагӣ мекӯшад.
Аз ин лиҳоз, иқдоми қабули қонуни нави ҳаракат дар роҳ барои ҳар чи зудтар бартараф кардани ин проблемаи сатҳи ҷаҳонӣ, саривақтӣ мебошад, махсусан ҳоло, ки бо амалисозии лоиҳаи «Шаҳри бехатар» дар роҳҳои пойтахт тағйироти куллӣ ҷараён дорад. Қонуни нав, ҳамчунин, ба ронанда ҳуқуқ додааст ҳуҷҷати худро ба корманди милитсия, ки дар даст ҳуҷҷати расмӣ – шаҳодатномаи корӣ надорад, пешниҳод насозад. Ғайр аз ин, ронанда ҳуқуқ дорад аз нозири роҳ нишон додани корти хатсайрро (корти пост) талаб кунад. Ин ҷузъи муҳими қонун баробарии ҳар ду ҷонибро, яъне ҳам ронанда ва ҳам корманди милитсияро дар пешниҳод намудани ҳуҷҷат ба ҳамдигар муайян мекунад.
- Дар маҷмӯъ амалисозии қонуни бо талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ қабулшуда минбаъд дар таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ бо назардошти омӯзондани ронандаҳо ва тақвияти муносибатҳои байналмилалии воситаи нақлиёт нақши пешбаранда хоҳад гузошт, - иброз дошт Асозода Хайрулло, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия.      
О. ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.06.2018    №: 114    Мутолиа карданд: 1146
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед