суханрониҳо
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалӣ ба муносибати 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, шаҳри Душанбе, 6 сентябри соли 2008
Рӯдакӣ шоири ҳамаи давру замонҳост
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалӣ ба муносибати 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, шаҳри Душанбе, 6 сентябри соли 2008
Дӯстони азиз!
Меҳмонони гиромӣ!
Барои мо, тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, ифтихори бузург аст, ки бо қарори ЮНЕСКО соли равон ҷомеаи фарҳангии ҷаҳон 1150-солагии фарзанди арҷманди халқи тоҷик устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро таҷлил менамояд. Дар ин лаҳзаҳои шодиву сурури ҷашни миллии худи мо таърихи гузаштаамон, яъне асри тиллоии давлати Сомониёнро, ки як қатор нобиғаҳои сатҳи ҷаҳониро ба майдон овардааст, бо ифтихор ба ёд меорем.
Замоне, ки Рӯдакӣ қадам ба арсаи ҳастӣ ниҳод, аз давраҳои дурахшони таърихи халқи тоҷик мебошад. Пас аз муборизаҳои зиёди озодихоҳона аҷдоди мо соҳиби давлати мустақил гардида, истиқлолияти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ ба даст оварданд. Дар авҷи истиқлолхоҳии хонадони Оли Сомон халифаи Бағдод ваколати идораи мустақилонаи қисми зиёди Мовароуннаҳрро ба Наср ибни Аҳмади якум таслим намуд.
Давлати Сомониён тавонист дар як муддати кӯтоҳ дар мамлакат оромиву суботро пойдор сохта, баробари ба вуҷуд овардани сохтори муназзами идораи давлатӣ густариши фарҳанги бузурги миллии мардуми ориёинажодро таъмин намояд. Дар ин давра сарзамини Хуросону Мовароуннаҳр, бахусус шаҳрҳои бузурги он, ба марказҳои иқтисодиву фарҳангии минтақа табдил ёфта, соҳаҳои гуногуни илму фан, тиҷорату кишоварзӣ ва иқтисодиёту фарҳанг густариши бесобиқа пайдо карданд. Вазири донишманди амири сомонӣ Абӯабдуллоҳи Муҳаммади Ҷайҳонӣ, ки худ яке аз ҷуғрофишиносони машҳури он замон буд, донишмандону олимони машҳури замонро ҷамъ овард ва барои фаъолияти пурбори онҳо шароити мусоид фароҳам намуд. Дар ин замон Абӯалӣ ибни Сино илми фалсафаи Арастуро зинда кард ва донишномаи нави тибби ҷаҳониро бунёд гузошт. Вазирони бузурги Сомонӣ Абулфазли Балъамӣ ва писари ӯ Муҳаммади Балъамӣ барои мустаҳкам кардани мавқеи забони тоҷикӣ хизматҳои шоистаи таърихӣ карданд. Бо ҳиммат ва ташаббуси Балъамии сонӣ тарҷума ва тафсири аввалини Қуръони маҷид ба забони модарии мо ба вуҷуд омад.
Донишмандони тоҷик дар муҳити созгоре, ки муҳайё шуда буд, ба омӯзиши амиқи илму дониши халқҳои гуногуни олам, бахусус Юнону Рими бостон, Ҳинду Чини қадим пардохта, муҳимтарин осори онҳоро ба забонҳои арабиву тоҷикӣ тарҷума карданд, ки ин ҳамчунин боиси боқӣ мондани онҳо гаштааст.
Хизмати бузурги Сомониён дар он буд, ки онҳо дар баробари таъмин намудани ҳаёти осудаи кишвар, ба рушди илму фарҳанг таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекарданд. Бунёди бегазанди адабиёти нави тоҷику форс маҳз дар ҳамон давра - асрҳои IX-X ба дӯши шоире афтод, ки бо ному тахаллуси Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммади Рӯдакӣ аз деҳаи дурдасти Панҷрӯди воқеъ дар болооби Зарафшон зуҳур намуд. Мегӯянд, ки Рӯдакӣ ҳанӯз дар овони наврасӣ Қуръонро азбар намуда, ба омӯзиши дигар илмҳои маъмули замонаш оғоз карда буд.
Маълум мешавад, ки илму дониш дар он аср на танҳо дар шаҳрҳои бузург, балки дар музофоти кӯҳистони тоҷик низ вуҷуд доштааст.
Ашъори шоироне, ки то замони ӯ суруда шуда буданд ва суруду таронаҳои маҳаллии деҳоту шаҳракҳои кӯҳистон завқи шоиронаи Рӯдакии ҷавонро шодоб мегардониданд.
Рӯҳи ватанпарастонаи Деваштич, ки дар қалъаҳои дастнораси кӯҳистон паноҳ ёфта, ба муқобили аҷнабиён диловарона мубориза бурда буд, дар сирату тинати Рӯдакӣ озодманишиву озодпарастиро парвариш дода буд. Сипас Рӯдакии наврас, чунон ки дар қитъаи шеъре гуфтааст, савору ҷавону тавонгару некандеш, бо ҳазорон умеду орзу роҳи шаҳрҳои бузургро пеш мегирад ва ба омӯзиши илму адаб мепардозад. Солҳои таҳсилу илмомӯзӣ Рӯдакӣ бо шеъри худ дар байни мардуми шеърдӯсту шеърпарвари диёри худ батадриҷ шӯҳрату овоза пайдо мекард.
Дар нимаи аввали асри X Исмоили Сомонӣ, бузургтарин чеҳраи хонадони Оли Сомон, ҳукмрони мустақили қаламрави бузурги Мовароуннаҳр гардид. Аммо дар солҳои аввали ҳукмронии ӯ ва писараш Аҳмад таъмин кардани рушди ҳаматарафаи давлати Оли Сомон ҳанӯз имкон надошт.
Соли 914 тахти аморат ба Наср ибни Аҳмади чаҳордаҳсола расид, аммо ҳукмрони воқеии давлат Абӯабдуллоҳ Муҳаммади Ҷайҳонӣ - донишманди бузург ва сиёсатмадори тавоно буд. Ҷайҳонӣ сохтори давлатро ба низому тартиб овард ва донишмандону шоирони номдорро аз саросари кишвар гирд намуд. Муҳаққиқони рӯдакишинос бар онанд, ки Рӯдакӣ низ дар ҳамон давра, яъне солҳои аввали вазорати Ҷайҳонӣ, ба дарбор омадааст.
Сӣ соли давраи ҳукмронии амири Сомонӣ Наср ибни Аҳмад замони шукуфоӣ ва камолоти давлати Сомониён буд. Ҳамин сӣ сол давраи пурмаҳсул ва пурбор, давраи камолоти эҷодии Рӯдакӣ низ ба шумор меравад. Зеро замони осоишта ва рушди иқтисодиву сиёсии давлати Сомониён ба Рӯдакӣ илҳому нерӯи эҷодӣ мебахшид. Дар он рӯзгор дар шаҳру деҳоти қаламрави давлати Сомониён пеш аз ҳама таронаву сурудаҳои шодиёнаву ошиқонаи Рӯдакӣ вирди забонҳо буданд. Ин шеърҳо, ки бо забони содаву равон ва тасвири эҳсоси поку наҷиби инсонӣ аз қалби шоир берун мешуданд, ба дили мардум ҷой мегирифтанд. Дар эҷодиёти устод Рӯдакӣ масъалаҳои тарғиби одоби ҳамида, ахлоқи пок, дӯстиву рафоқат ва илму дониш тараннум мешаванд ва баръакс, нуқсҳои табиати инсонӣ ва иллатҳои ҷомеа мазаммат мегарданд. Рӯдакӣ сулҳу накӯкорӣ, дӯстӣ ва рафоқатро барои зиндагии одамон эҳтиёҷи табиӣ мешуморад. Вай дӯстии ҳақиқӣ ва беғаразро мепарастад. Панду андарзҳои Рӯдакӣ, ки аз фалсафаи ҳаёт сарчашма мегиранд, дурдонаҳои тобноки ганҷинаи ҳикмати халқи тоҷикро ташкил мекунанд.
Ба ин сабаб онҳо аз имтиҳони таърих гузашта, чун ҳикмати рӯзгорон боқӣ мондаанд ва то имрӯз барои покии ахлоқ ва равшан гардонидани дилҳо хизмат менамоянд. Ба қавли ин шоири ҷаҳоншумул комёбии ҳар инсон ба кӯшишҳои пайваста, сабру тоқат ва донишу ҷаҳонбинии худи ӯ вобаста мебошад.
Устод Рӯдакӣ зарурати ягонагии донишҳои инсоният, иштироки халқҳои гуногуни дунёро дар кори ба вуҷуд овардани хазинаи умумии тамаддуни башарият, инчунин ҳамеша дар такомул будани илм ва нури маърифат будани онро таъкид менамояд.
Рӯдакӣ шоири ватанпараст ва миллатдӯст буд. Барои собит сохтани ин фикр далел овардани шеъри машҳури «Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме…» кофист, ки бо шунидани он амири сомонӣ Насри II бетаъхир аз Ҳирот роҳи пойтахтро пеш гирифта буд.
Рӯдакии бузургвор, ки фарогири илму дониши Шарқу Ғарб ва нобиғаи замон буд, бо фаросати эзидӣ дарк менамуд, ки чи рисолати миллатсоз ва масъулиятбори таърихӣ ба дӯши ӯ афтодааст. Аз ин рӯ, истеъдоди худро ҳимматбаландона ба бунёди адабиёти мӯҳташаме равон сохт, ки дар гирдоби пурпечутоби таърих пойдор ва устувор монда тавонад. Дар ҳамон солҳои баракати илҳому нерӯи эҷодӣ Рӯдакӣ ду маснавиро аз адабиёти қадими Машриқзамин ба назм даровард, ки яке достони «Синдбоднома» ва дигаре маснавии машҳури «Калила ва Димна» буд. «Синдбоднома» ҳамчун маҷмӯи ҳикоятҳои шавқангезу дилчасп дар достони манзуми Рӯдакӣ ба забони тоҷикӣ асари ниҳоят маҳбубу марғубе гардид. Ҳамчунин маснавии «Калила ва Димна», ки Рӯдакӣ онро бо хоҳишу тарғиби вазири сомонӣ Балъамии сонӣ ба назм даровард, бо таъсиру аҳамияти ахлоқии худ дар ҷомеаи он замон мақоми бузурги тарбиявӣ дошт.
Байти машҳуре, ки асрҳои аср вирди забонҳост:
Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Ҳеҷ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор
оҳанги пандомӯзонаи ин достон аст. Зеро ҳаёт ва таҷрибаи зиндагӣ нахустин мактабест, ки инсон аз он дониш меандӯзад. Ин шиори Рӯдакӣ дар достони «Калила ва Димна» ва дар шеърҳои дигари шоир низ ҳамеша чун панди хирадмандона садо медиҳад.
Рӯдакӣ дар воқеъ вассоф ва тараннумгари беҳамтои арзишҳои воло ва абадии маънавӣ - ватанпарастӣ, одамият, адолатхоҳӣ, дӯстиву рафоқат, саховат ва накӯкориву хайрандешӣ буд. Аз ин лиҳоз, агар гӯем, ки Рӯдакӣ шоири ҳамаи давру замонҳо буда, шеъри оламгири ӯ ҷавобгӯи ниёзмандиҳои ҳамаи наслҳои инсоният аст, камоли ҳақиқат хоҳад буд.
Хизмати Рӯдакӣ дар такомули забони тоҷикии форсӣ низ хеле бузург аст. Маҳз ӯ ва муосиронаш ин забонро ба ҳадде сайқал доданд, ки он ба забони меъёри илму адаб табдил ёфта, боиси мондагорӣ ва густариш пайдо кардани он гардид. Ва имрӯз ин забон на танҳо ба мардумони Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва дигар форсигӯён хизмат мекунад, балки чун забони байналмилалӣ асрҳои зиёд дар ривоҷи илму адаб ва фарҳанги аҳли Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Осиёи Хурд, Ҳинду Покистон ва кишварҳои дигар таъсири калон гузоштааст.
Ашъори Рӯдакӣ бо сабки ниҳоят содаву равон офарида шудааст, ки имрӯз, яъне пас аз ёздаҳ аср низ ба ҳар хонандаи форсизабон фаҳмост. Рӯдакӣ на танҳо шаклу мазмуни назми тоҷикро ба такомул расонид, балки бо эҷодиёти ғанӣ, гаронбаҳо ва нотакрори худ ба сабки хуросонӣ ибтидо гузошт, ки онро сабки Рӯдакӣ ҳам мегӯянд. ӯ ҳамчунин асоси адабиёти тоҷик ва гузашта аз он бунёди тамоми адабиёти форсизабонро устувор кард. Назми классикии ҷаҳон бо мероси гаронбаҳои шоири бузурги тоҷикон ғанӣ гардид. Вале афсӯс, ки ин ганҷинаи бебаҳои сухан ва кохи баланди шеъри Рӯдакӣ бар асари ҳамлаҳои аҷнабиён дар тӯли ҳазорсолаҳо хароб шуд ва талаву тороҷ гардид. Аз тоқу равоқҳои мӯҳташами ин кохи сухан то замони мо пораву хиштҳои парешон боқӣ мондаанд. Ин абёти парешон бо заҳмати устодони зиндаёд Садриддин Айнӣ, Саид Нафисӣ, Абдулғанӣ Мирзоев ва донишмандони имрӯзаи Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон зарра-зарра аз хазинаҳои осори хаттии кишварҳои Шарқ гирдоварӣ шуд, ки шумори онҳо имрӯз зиёда аз ду ҳазор мисраъ мебошад. Ғазалу тарона ва рубоиҳои шоир, қасидаву қитъаҳои мукаммали ӯ ва ниҳоят пораҳои боқимонда аз достонҳои «Калила ва Димна»-ву маснавиҳои гумном имрӯз бо дурахшу рангорангӣ ва мӯҳтавои ҳаётиву инсонии худ моро мафтун месозанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Мероси манзуми Рӯдакӣ ганҷинаи бузурги маънавии таърихи гузаштаи мо мебошад. Мо бояд ин мероси пурарҷро якҷоя бо ашъори бозмондаи ҳамасрони Рӯдакӣ таҳқиқ кунем, сирру асрори эъҷози сухани Рӯдакиро барои дигарон бозгӯ намоем.
Мо таъсиси Маркази илмии «Бунёди Рӯдакӣ»-ро табрик мегӯем ва корҳои аввалини омӯхтан ва ба чоп омода намудани матни илмии девони Рӯдакиро пайғоми неки рӯдакишиносӣ медонем. Рӯдакишиносӣ бояд як қисми муҳими илму адаби мо гардад ва дар марказҳои илмии донишгоҳҳо хуб ба роҳ монда шавад.
Аслан яке аз проблемаҳои ҷиддие, ки дар таърихи адабиёти мо вуҷуд дорад ва бояд бо ниҳояти диққат ва назокат ҳал шавад, ин масъалаи саҳми тоҷикони Мовароуннаҳру Хуросон дар зинда нигоҳ доштан ва парвариши забону адабиёти тоҷику форс аст. Ин ганҷинаи нодир ва саршор, бидуни шак сарвати миллии тамоми форсизабонон аст. Гузашта аз ин шоирони бузурги мо, аз қабили устод Рӯдакиву ҳаким Фирдавсӣ, Умари Хайёму Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдиву Ҳофиз ва дигарон, ба тамоми инсоният тааллуқ доранд ва дар саросари олами мутамаддин соҳиби барҳақи шӯҳрат ва маҳбубиятанд.
Имрӯз далелҳои қавӣ вуҷуд доранд, ки дар асоси онҳо донишмандон макони зуҳур ва нашъунамои забон ва адабиёти тоҷикиву форсиро Мовароуннаҳру Хуросон медонанд. Аввалин қиёмҳои сиёсӣ ба муқобили ҳукумати нерӯманди замон аз ҳамин ҷо бархостаанд ва мардоне чун Муқаннаъ, Абӯмуслим, Яъқуби Лайс ва Исмоили Сомонӣ ба ҳайси сарварони нахустин давлатҳои миллӣ аз қабили Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён дар ҳамин сарзамин ба вуҷуд омадаанд. Ва нахустин шоирон, аз ҷумла қофиласолори шеъри тоҷикиву форсӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва достонсарои камназири ҷаҳон Абулқосими Фирдавсӣ аз ин диёр бархостаанд ва аввалин осори илмиву тарҷумаҳо низ дар ҳамин ҷо пайдо шудаанд.
Мехоҳам таъкид намоям, ки бо вуҷуди он ҳама шикасту рехтҳо дар масири таърихи дурударози халқамон ба касе муяссар нашуд, ки рӯҳи миллӣ ва шӯълаи ватандӯстиву истиқлолҷӯёнаро дар ин сарзамин хомӯш созад.
Ҳамаи ин саҳифаҳои саршор аз диловариву фидокорӣ дар роҳи Ватану миллат, ин ҳама ҷидду ҷаҳди фарҳангсозиву тамаддунофаринӣ барои мардум имрӯз ҳам дарси ибрат ва намунаи пайравӣ аст.
Ин мероси пурбаҳои адабӣ барои кишвари соҳибистиқлоли мо, ки рӯ ба ҷомеаи ҳуқуқбунёди дунявӣ ниҳодааст, хеле муҳим ва зарур мебошад. Зеро бунёди ҷомеаи нав инсони худшиносу худогоҳ ва дорои ахлоқи неку маънавиёти баландро тақозо менамояд. Ва хушбахтона, осори адабии ниёгони мо саршори андешаҳои волои ахлоқиву башардӯстӣ буда, дар тарбияи эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва ваҳдату ҳамбастагии мардум нақши бузург мебозанд. Дар ин ҷо хотирнишон сохтан бамаврид аст, ки корномаи эҷодӣ ва инсонии устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар назди миллату Ватани хеш бояд барои насли имрӯзаи зиёиёни тоҷик низ ҳамчун тимсоли барҷастаи фидокорию худфарсоӣ, навҷӯиву навпардозӣ, ҷасорату матонат ва имон овардан ба рӯҳи шикастнопазири инсон бошад.
Бояд гуфт, ки шӯҳрати Рӯдакӣ дар давоми асрҳо ҳамчун бунёдгузори шеъри нави тоҷикиву форсӣ аз тарафи шоирону тазкиранависон ҳамеша зикр ва тасдиқ гардидааст. Рӯдакишиносӣ дар илми шарқшиносии Русия ва мамлакатҳои Ғарб низ мавқеи калон дошт ва мо аз хизматҳои донишмандони Олмон, Фаронса, Инглистон ва кишварҳои дигар миннатдорем.
Аз солҳои бистуми асри гузашта, яъне аз оғози таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯдакӣ ҳамчун парчами ҳувияти миллии тоҷикон шинохта шуд. Устод Айнӣ ва академик Бобоҷон Ғафуров барои ҳамчун шоири миллии тоҷикон шӯҳрат ёфтани Рӯдакӣ хизматҳои бузурге карданд. Соли 1958 ҷашни 1100-солагии Рӯдакӣ ҳамчун ҷашни миллии шеъру адаби мо таҷлил гардид ва таҷлили ҷашни 1150-солагии ӯ идомаи ҳамон анъанаҳои неки миллии мо мебошад.
Адабиёт, назми инсондӯстӣ ва симоҳои бузурги шеър, мисли Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Ҷалолиддини Балхию Камоли Хуҷандӣ ва бисёр дигарон ҳамеша васлгари дилҳо, пайвандгари халқу миллатҳои гуногун буданд ва чунин боқӣ мемонанд. Далели равшани ин суханҳо ҷашни имрӯзаи Рӯдакии бузург аст, ки бародарони ҳамзабону ҳамфарҳангамонро аз Эрону Афғонистон ва аз бисёр кишварҳои Шарқу Ғарб дар ватани Рӯдакӣ ҷамъ овардааст.
Дар осмони баланди назм шеъри тобноки устод Рӯдакӣ ҳамеша фурӯзон хоҳад монд. Халқи тоҷик чун нишони сипосу эҳтиром ноҳия, чандин муассисаҳои илмиву таълимӣ ва фарҳангӣ, хиёбони марказии пойтахти Тоҷикистон ва чорбоғи бузургро ба номи фарзанди бузурги хеш - Рӯдакӣ гузошта, дар зодгоҳи шоир - деҳаи Панҷрӯд мақбараашро обод сохт ва муҷассамаҳои боҳашамати ӯро дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои Файзободу Рӯдакӣ бунёд кард. Мукофоти давлатии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёту санъат низ номи Рӯдакиро дорад. Бо қарори Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар моҳи сентябр рӯзи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин ҳама таҷассуми эҳтироми бузург ва муҳаббати бепоёни халқи мо ба соҳибқирони шоирон устод Рӯдакист.
Дар ин рӯзи фархунда ва муборак мо ҳамаи меҳмонони азизро бори дигар самимона хайрамақдам мегӯем ва аз забони устод Рӯдакӣ такрор мекунем:
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯи дӯстон.
Ташаккур!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 10035