logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТ БО САРОНИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СҲШ

9 июн дар шаҳри Чиндао дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот карда, самтҳои асосии муносибатҳои шарикию стратегии ду кишварро баррасӣ намуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи ҳамкории байни давлатҳо баҳои баланд дода, ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро барои таъмиқ ва густариши онҳо иброз доштанд.
Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот зимни баррасии масъалаҳои амниятӣ ба таъмини амнияти минтақавӣ, муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ва вазъи мураккаб дар сарҳади давлатӣ бо Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир карда, ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ - техникиро аз самтҳои афзалиятноку муҳими муносибатҳои Тоҷикистону Россия маънидод намуданд.
Таъкид гардид, ки Россия ҳамчун шарики асосии тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон боқӣ мемонад ва барои таҳкими муносибатҳо дар ин самт татбиқи қарорҳои Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ зарур шумурда шуд.
Дар ҷараёни мулоқот сарони давлатҳо ба масъалаи рушду густариши муносибатҳои байниминтақавӣ, ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, саноати кӯҳӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, интиқоли молу маҳсулоти кишоварзӣ ба Россия таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Аз рафти татбиқи табдирҳо оид ба ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла эълони авф ба як қисми шаҳрвандон, беҳсозии шароити будубоши муҳоҷирон, изҳори қаноатмандӣ карда шуда, пешниҳод гардид, ки идомаи чунин чораҳои судманд, аз ҷумла тамдиди муҳлати бақайдгирӣ ва иҷозатнома барои фаъолияти муҳоҷирон, ба манфиати кор хоҳад буд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо, ҳамчунин, аз раванди ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф, омӯзиши забони русӣ, таъмини омӯзгорони забони русӣ дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, изҳори қаноат карданд.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барои бомуваффақият гузарондани мусобиқоти ҷаҳон оид ба футбол барору комёбӣ орзу карданд.

9 июн дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқоти самимӣ доир карданд.
Дар оғози суҳбат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Си Ҷинпинро барои такроран ба маснади Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин интихоб шуданашон табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки ӯ минбаъд низ барои таҳкиму тавсеаи муносиботи шарикию стратегии ду кишвар талош хоҳад кард.
Сарвари давлат барои саҳми муносиби Ҳукумати Чин дар таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ изҳори сипос карданд.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки маҷмӯи санадҳои қаблан имзошуда барои амалӣ кардани нақшаву барномаҳои давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва барои аз кишвари аграрӣ  - саноатӣ ба индустриалӣ - аграрӣ табдил додани мамлакат, саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Ҷонибҳо ба сатҳи ҳамкорӣ дар масъалаи ҷалби сармояи чинӣ дар соҳаҳои саноати кӯҳӣ, энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ, оғози татбиқи лоиҳаи бунёди Маркази барқу гармидиҳии “Фон - Яғноб” бо иқтидори 600 мегаватт, лоиҳаи сохтмони роҳҳои оҳани минтақавӣ баҳои баланд доданд.
Дар ҷараёни мулоқот ба масъалаи боло бардоштани ҳаҷми гардиши мол, афзоиши содирот ба бозори Чин, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ диққати ҷиддӣ дода шуда, барои расидан ба ин ҳадафҳо пешниҳод гардид, ки фаъолияти кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ фаъол карда шавад.
Зимни мулоқот дигар мавзӯъҳои муҳими ҳамкорӣ дар бахшҳои ҷалби сармояи чинӣ баҳри рушди инфрасохтори сайёҳӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, зарурати баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуданд.
Ҷонибҳо дар доираи ҳамкории минтақавию байналмилалӣ, инчунин, масъалаҳои робитаҳои муштарак дар самти мубориза бо таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, ҳалли вазъи мураккаби сиёсию низомӣ дар Афғонистон ва дигар самтҳои ҳамёриро дар ҷаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои ҷаҳонӣ баррасӣ намуданд.

Нимаи дуюми рӯзи 9 июн дар шаҳри Чиндао дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои  аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ мулоқоти самимию судманд анҷом дода, маҷмӯи васеи масоили ҳамкориро баррасӣ карданд.
Сарвари давлат аз сатҳи имрӯзаи ҳамдастиву эътимоди сиёсии миёни ду давлат изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид доштанд, ки ҳамёрии кишварҳо дар чорчӯбаи СҲШ боз як омили пешбурди ҳамкориҳои созандаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон хоҳад шуд.
Ҷонибҳо таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодиро муҳим маънидод карда, дар раванди пешбурди онҳо идомаи фаъолияти самарабахши муносибатҳои байнипарламентӣ ва Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро зарур шумурданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон омода аст сармояи ҳиндустониро барои татбиқи лоиҳаҳои зерсохториву истеҳсолӣ, тиҷоративу хизматрасонии худ ва татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, бахусус тавлиди энергияи таҷдидшаванда, таъсиси корхонаҳои муштараки бахшҳои гуногуни истеҳсолӣ ҷалб намояд.
Афзоиши шумораи парвозҳои мустақими байни Душанбеву Деҳлӣ, истифодаи имкониятҳои зиёди Тоҷикистон баҳри тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои туризм, густариши ҳамкорӣ ва табодули таҷриба дар соҳаи тиб барои мардумон муҳиму манфиатбахш арзёбӣ гардид.
Таҳкими муносибатҳои ҳамкорӣ дар ҷодаи таъсиси марказҳои муштараки ташхисию муолиҷавӣ, бахшҳои гуманитариву фарҳангӣ ва маориф бар нафъи ҳар ду кишвар судовар маънидод карда шуд.
Дар ҷараёни суҳбат, ҳамчунин, масъалаи таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ҳамчун омили калидии таъмини амнияти тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид.

9 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн суҳбат оростанд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз болоравии бемайлони сатҳи ҳамкории судманди ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро баҳри густариши минбаъдаи равобит иброз доштанд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, рушди муносиботи ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳими сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ, энергетикӣ ва пешбурди муштараки лоиҳаҳои зерсохториро ҳамчун омили таконбахши тавсеаи ҳамкории минтақавӣ ва таъмини амнияту суботи минтақа арзёбӣ карданд.
Таъкид гардид, ки баҳри рушду тавсеаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ идомаи фаъолияти ҳадафманду босифати Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бисёр муҳим аст.
Зимни баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика татбиқи саривақтии Барномаи дорои аҳамияти минтақавӣ САSA - 1000 ва дигар лоиҳаҳои мавҷудаи соҳа баҳри расидан ба ҳадафҳои созанда зарур шумурда шуд.
Дар мулоқот сарони давлатҳо масъалаҳои таҳкими суботи минтақавӣ, муборизаи муштарак бар зидди зуҳуроти терроризму ифротгароӣ, истеҳсолу гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории фаромиллӣ, инчунин, дигар мавзӯъҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ карданд. Ба эътидол овардани вазъияти Афғонистон ва истиқрори сулҳу субот дар ин кишвар барои Тоҷикистон ва Покистон ниҳоят муҳим маънидод гардид.

9 июн дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот карда, вазъ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорию ҳамҷавориро баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкорӣ дар доираи ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай изҳори қаноатмандӣ карданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Қирғизистон оид ба ҳалли мушкилоти глобалию  минтақавӣ мавқеи ҳамсон доранд ва ба рушди муносибатҳо дар самти таъмини амнияту суботи байналмилалию минтақавӣ аҳамияти махсус медиҳанд.
Сарони давлатҳо барои густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии байни давлатҳо, афзоиши гардиши мол, истифодаи имкониятҳои бузурги ҳамкорӣ, баҳрабардорӣ аз захираҳои обию энергетикӣ, татбиқи саривақтии лоиҳаи бузурги дорои аҳамияти минтақавӣ – СASA – 1000, фаъол кардани нақши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба маҷмӯи масъалаҳои дуҷонибаро амри муҳим донистанд.
Барои ҳалли ҳар чи зудтари масъалаҳои марбут ба сарҳади давлатӣ пешниҳод шуд, ки Созишнома дар бораи сарҳади давлатӣ ва Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба манъи фаъолияти хоҷагидорӣ дар масири хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон то охири анҷоми марҳилаи муайян ва ҷудо кардани хати сарҳад, ба имзо расад. Ба гузаргоҳи сарҳадии “Қарамиқ” додани мақоми байналмилалӣ барои ҳалли аксар масъалаҳои марбути муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ муҳиму зарур шумурда шуд.
Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин, масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, робитаҳои нақлиётӣ, транзитӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодӣ баррасӣ гардиданд.
Дар ҷараёни мулоқот дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ шуданд.

9 июни соли 2018 дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ мулоқот карданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат иброз доштанд, ки мо таъмини сулҳу суботро дар Афғонистон омили амнияти кишвари худ ва тамоми минтақа медонем.
Президенти мамлакат ҳамкории зич ва пайвастаи хадамоти амниятии Тоҷикистону Афғонистонро дар самти муборизаи муштарак бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи ғайриқонунии маводи нашъаовар, инчунин, пурзӯр кардани ҳифзи сарҳадоти давлатии Тоҷикистон зарур шумурданд.
Ҷонибҳо зимни мулоқоти судманд масъалаи таҳкими муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Афғонистонро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, маориф, таълим ва фарҳанг баррасӣ карданд.
Дар ҷараёни мулоқот татбиқи тарҳҳои зербиноии миллию минтақавии энергетикӣ, тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодии байни ду кишвар махсус  дар бахши энергетика, аз ҷумла лоиҳаи “САSA-1000”, роҳандозии лоиҳаҳои нақлиётӣ, роҳи оҳани Тоҷикистон - Афғонистон - Туркманистон ҳамчун омили беҳсозии вазъи иқтисодию иҷтимоии Афғонистон маънидод гардид.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.06.2018    №: 116    Мутолиа карданд: 1753
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед