logo

сафарҳо

САФАРИ КОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ЧИН

8 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар карданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири рушди иқтисод ва савдо, вазири энергетика ва захираҳои об,  раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.
9 июни соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай вориди шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин шуданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Чиндао меҳмони олимақом Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

САФАРИ КОРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХЭНАНИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Чен Рунер
10 июни соли 2018 пас аз иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ҷенҷоуи вилояти Хэнани Чин ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Ҷенҷоу меҳмони олимақом, Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми ҳукумати вилояти Хэнан гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Дар доираи сафар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо губернатори вилояти Хэнан Чен Рунер мулоқот карда, масъалаҳои ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистону Чинро баррасӣ карданд.
Президенти мамлакат таъкид  доштанд, ки мо аз рушди ҳамкории гуногунҷанба бо кишвари дӯсту ҳамсояи Чин қаноатмандем ва дар байни онҳо  ҳамкорӣ дар сатҳи минтақаҳо ҷойгоҳи муҳим дорад.
Ҷонибҳо зимни суҳбати самимӣ вазъи ҳамкории шарикию стратегиро баррасӣ карда, ба масъалаи амалисозии пурсамари Ёддошти татбиқи муштараки ташаббуси Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим, ташаббуси “Як камарбанд - як роҳ”, Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон дар давраи то соли 2030 ва Барномаи ҳамкории байни Тоҷикистону Чин таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.
Сарвари давлат ҷалби сармояи чинӣ ва ширкатҳои ин кишварро баҳри истифодаи захираву имкониятҳои фаровони неъматҳои моддӣ барои ҳар ду ҷониб судманд арзёбӣ намуданд.
Рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои коркарди саноати кӯҳӣ, химия, саноати сабуку бофандагӣ, бахшҳои кишоварзиву саноат, ҳамчунин, истифодаи самараноки захираҳои ғании гидроэнергетикиву минералии кишвари мо аз самтҳои ояндадори муносибатҳои ҳамкорӣ номида шуд.
Ҷонибҳо дигар масъалаҳои равобити ду кишвар, аз қабили таъсис додани муассисаҳои муштараки парвариши навъҳои нави маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахта, ҷуворимакка ва гандумро дар Тоҷикистон баррасӣ карданд.
Тавсеаи равобити дуҷониба дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, сайёҳӣ, варзиш, кӯҳнавардӣ, табобатӣ, этникӣ ва рушди шикори байналмилалӣ дар Тоҷикистон, аз самтҳои барои ҳар ду ҷониб судовар арзёбӣ гардид.
Дар мулоқот, ҳамчунин, дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуданд.

Гуфтугӯи судманд бо Ван Гошен
11 июни соли 2018 дар шаҳри Ҷенҷоуи вилояти Хэнан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо котиби кумитаи ҳизбии вилояти Хэнан Ван Гошен мулоқот карданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масоили рушду густариши муносибатҳои ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои сиёсат, иқтисодиёт, робитаҳои муҳими тиҷоратию иқтисодӣ, табодули таҷриба баҳри пешрафти соҳаи кишоварзӣ ва дигар самтҳои барои ҳар ду ҷониб судманд баррасӣ шуданд.
Президенти мамлакат аз сатҳ ва мазмуну муҳтавои ҳамкории шарикӣ бо Чин, ки бар асоси боварию эътимод ба манфиати мардумони Тоҷикистону Чин ба роҳ монда шуда, бахшҳои муҳим, аз ҷумла сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитариро дар бар мегирад, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ҷалби сармоя ва ширкатҳои музофоти Хэнан дар пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштарак барои коркарди маҳсулоти кишоварзию саноатӣ намунаи ибратбахши рушди ҳамкориҳои минтақавӣ арзёбӣ гардиданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаи таъмини амнияти минтақавӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ карданд.

Мулоқот бо роҳбари ширкати “Чайна глобал” Хуанг Ҷийен Ронг
11 июн дар доираи сафари корӣ дар вилояти Хэнани Ҷумҳурии Мардумии Чин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор ширкатҳои бонуфузи Чин, ки бо ворид кардани сармоя, таъсиси корхонаҳои муштарак дар пешрафти иқтисодиёти кишвари мо саҳм мегузоранд, мулоқот карданд.
Зимни суҳбат бо роҳбари ширкати “Чайна глобал” Хуанг Ҷийен Ронг масъалаи таҳкиму густариши ҳамкорӣ, ҷалби ҳар чи бештари сармояи чинӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ бо истифода аз фазои мусоиди сармоягузорӣ муҳокима карда шуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар кишвари мо барои ривоҷ додани соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ, ҷалб намудани сармояи хориҷӣ, технологияҳои нави истеҳсолӣ, ба кор даровардани иқтидорҳои нави саноатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, таъмини сокинони маҳаллӣ бо кор, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, равнақ додани инфрасохтори минтақаҳои саноатӣ ва зиёд намудани маҳсулоти саноатии содиротшаванда имкониятҳои фарох мавҷуданд.
Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин, доир ба густариши ҳамкорӣ дар дигар бахшҳои иқтисодию сармоягузорӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.06.2018    №: 116    Мутолиа карданд: 7478
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед