logo

ҳуқуқ

ИФРОТГАРО ГУМРОҲИ БЕДИНУ МИЛЛАТ

Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои минтақавию ҷаҳонист. Дар тӯли ин солҳо ҳамчун як кишвари  мустақил бо ташаббусҳои созандаи худ дар байни давлатҳои ҷаҳон мақоми муайянро ишғол намудааст, ки боиси фараҳмандист. Бо сарварии Пешвои миллат Тоҷикистони соҳибистиқлол ба дастовардҳои нав ба нав ноил гардида истодааст.
Дар ҳудуди мамлакат ҳизби сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шуда, ҳамаи онҳо ба таври қонунӣ фаъолияти хешро ба роҳ мондаанд. Барои ҳама имкониятҳои якхела фароҳам оварда шудааст. Ин омили асосии бунёди ҷомеаи дун-явию демократӣ дар мамлакат мебошад. Аммо баъзе аз гурӯҳ ва созмонҳое арзи ҳастӣ намуда буданд, ки озодӣ ва баробариро ба мақсадҳои нопоки худ истифода бурданд. Аз ҷумла, ҲНИТ амну оромии мардуми моро ба ҷангу ҷидол табдил додан хост, вале тираш хок хӯрд.
Асре, ки дар он зиндагӣ дорем, давраи рушди инноватсия аст. Мардуми соҳибмаърифату донишманд ба пешрафтҳои нанотехнологӣ расидаанду бо илми худ кайҳонро забт намудаанд. Аммо ин ҳизб дар ҷомеа тухми кинаву адоват-ро мекишт, насли ҷавонро чун идомадиҳандаи «амали солеҳ»-и худ тарбият менамуд.
Гуфтан ҷоиз аст, ки дар асри XXI  нодуруст паҳн кардани ғояҳои исломӣ ва ба мубориза даъват намудани мардуми мусалмон гумроҳӣ ва хиёнати бузурге аст. Ин роҳ танҳо ба самти ҷаҳолату торикӣ мебарад.
Роҳбарону аъзоёни ҲНИТ танҳо дар фикри ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ буданд. Онҳо ягон  барномаи иқтисодӣ ва сиёсии худро ба беҳбудии зиндагӣ, пешрафту тараққиёти кишвар пешниҳод накардаанд. Мумкин аст баъзе фикру ақидаҳои пойдарҳавои онҳо як гурӯҳи муайянро гумроҳ намуда бошад, лекин ин роҳ  роҳи сарбастааст ва касро ба манзили мақсуд намерасонад. 
Чуноне ки мо худ мушоҳида мекунем, вақтҳои охир дар расонаҳои иҷтимоӣ чун интернет баъзе паҳлуҳои фаъолияти норавшану сиёҳи роҳбарияти ин ҳизб ошкор гардид. Барои онҳо ва тарафдоронаш муҳим нест, ки бо инқилобхоҳиашон мардумро ба чӣ вазъи ногувор гирифтор мекунанд. Муҳим он аст, ки қудрати сиёсиро ба даст оранд.
Миллати тоҷик дигар тарафдори ҷангу ҷидол, хунрезиву низоъ ва қатлу куштор нест. Худ ва сарзаминашро ба коми оташ намепартояд.
М. ҲАСАНОВ, устоди ДДҲБСТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.06.2018    №: 118    Мутолиа карданд: 1180
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед