logo

номаҳо

ВАТАНАМОНРО ОБОД ВА ДАВЛАТАМОНРО ПЕШРАФТА МЕГАРДОНЕМ

Дар ҳошияи мулоқоти Сарвари давлат бо намояндагони ҷомеаи кишвар
12 майи соли 2018 дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон  бо намояндагони ҷомеаи кишвар, фаъолони соҳаҳои иҷтимоӣ, олимон, зиёиёни эҷодкор ва ходимони дин мулоқоти судманд анҷом доданд, ки мо онро тариқи шабакаҳои телевизионӣ тамошо намудем ва ба худ як ҷаҳон маънӣ ва таассурот бардоштем. Ҳар як вохӯрӣ, мулоқот ва суханронии Пешвои миллат барои мо дарси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ мебошад.
Дар мулоқот Пешвои муаззами миллат бар он таъкид доштанд, ки «вазъияти ниҳоят ҳассосу ноороми ҷаҳон мову шуморо  водор мекунад, ки нисбат ба ҳар вақти дигар  зираку ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфиату зарари худро  дар гуфтору амали хеш  дарк кунем, ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои зиндагиамон – истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ,сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ расем» .
Аз ин рӯ, бояд ҳар як шаҳрванд, хосса ҷавонон ин Ватанро самимӣ ва бештар аз ҷонашон дӯст доранд. Сулҳ, ваҳдат, истиқлолият-ин неъматҳои бебаҳоро чун гавҳари ноёб азиз доранд, нигаҳбон бошанд.
Мо - ҷавонони ин диёри обод ва зебо бояд пайваста хонему донишу малакаи худро афзун намоем. Вақти холигии худро беҳуда сарф накарда, пайи омӯзиш ва ихтироъ бошем. Чуноне ки Президенти мамлакат дар мулоқоташон иброз доштанд: «Танҳо  миллати босаводу соҳибмаърифат ва кадрҳои донишманду баландихтисос метавонанд дар оянда давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро ба ҷомеаи башарӣ ба таври шоиста  муаррифӣ кунанд ва обрӯю  мартабаи Тоҷикистони мо дар байни кишварҳои пешрафтаи олам боз ҳам баландтар гардад».
Ин суханҳои пур аз панду насиҳати Пешвои миллат чун дастурамали рӯимизии мо гашта, бояд бештар биомӯзему фаъолият бинамоем,  то кишварамонро  аз ин ҳам ободтар бигардонем.
Убайдулло МИРЗОФАТОЗОДА,
ноҳияи Спитамен


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.06.2018    №: 118    Мутолиа карданд: 3451
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед