logo

туризм

ПАНҶАКЕНТРО БА МАРКАЗИ САЙЁҲИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАБДИЛ ДИҲЕМ

Панҷакенти Қадим – шаҳри бостонии давраи аввали асримиёнагӣ (садаҳои V-VIII) дар теппаи Қайнар бо бозёфтҳои бешумори меъморию санъатӣ дар ҷаҳон бо номи Помпейи осиёимиёнагӣ машҳур буда, таърихи беш аз 5000 - сола дорад. Ҳафриётҳои бостоншиносӣ бозгӯи онанд, ки Панҷакенти Қадим аз шаҳристон, куҳандиз, деҳаи назди шаҳр ва қабристон иборат будааст. Бозёфтҳои зиёд, монанди муҷассамаҳои зебои шарқии чӯбиву сафолӣ, ашёҳои шишагиву оҳанӣ, маҷмӯаи мисиву нуқрагӣ, ба Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ супурда шудаанд. Чанд намунаи асли нигораҳо дар Осорхонаи бостоншиносии Академияи илмҳо нигоҳ дошта мешаванд. Ғайр аз ин, нигораҳои зиёди нодир, ки  аз Панҷакенти Қадим то давраи истиқлолият ёфт шудаанд, дар Эрмитажи давлатии Санк-Петербург маҳфузанд. Гуфтан ба маврид аст, ки ҳафриёти ин ёдгориҳо то ҳол ба итмом нарасидааст, ки омили хуби таваҷҷуҳ ва ҷалби сайёҳон ба ҳисоб меравад.
Ба андешаи мутахассисон, кӯҳҳои Фон, дараи Арчамайдон, Ҳафткӯл, Кӯли Калон ва амсоли инҳо, ки ҳудуди ин шаҳри бостониро зиннати афсонавӣ мебахшанд, имрӯз низ байни сайёҳон бениҳоят маъруфанд. Бойигарии асосии кӯҳҳои Фонро бошад, кӯлҳо ташкил медиҳанд. Кӯлҳои хурду бузург, камобу серобу афсонавӣ ва гумшуда дар тангноҳои жарф. Ба гумон аст чунин макон, ки дар паҳнои на он қадар калон, байни манзараҳои аҷиби кӯҳӣ, зери кӯҳҳои барфпӯш ва ҳавои софу нилгун кӯлҳои рангин ҷой гирифтаанд, дар дигар гӯшаҳои ҷаҳон вохӯрад. Сайёҳон майли истироҳат маҳз дар ҳамин муҳити ороми кӯҳҳо дур аз ташвиши зиндагии рӯзмарраи муосир доранд.
- Кӯҳҳои Фонро бештар сайёҳони пиёдагард меписанданд ва  барои онҳо дар давоми 7 – 10 рӯз сайрҳои кӯҳӣ ташкил карда мешаванд. Дар кӯҳҳои Фон 30 кӯл мавҷуд аст, ки ҳар кадоми он хусусияту табиати зебои ба худ хос дорад. Маҳз ба хотири дидани ин кӯлҳо сайёҳон аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ба Тоҷикистон меоянд, - мегӯяд Фаридун Ҳамроев менеҷери ширкати сайёҳии «Панҷакент интур».
Гузашта аз ин, бино ба гуфтаи коршиносон ёдгориҳои меъмории Панҷакент, наққошӣ ва ҳайкалтарошии Суғд, Саразм, Панҷакенти Қадим, мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро офаридаҳои санъат мебошанд, ки дар Осиёи Марказӣ назир надоранд. Барои мисол, Саразм чор давраи чандҳазорсоларо гузарондааст. Ковишҳои бостоншиносӣ муайян намудаанд, ки дар ин ҷо бештар биноҳои  маъмурӣ, оташкадаю ибодатхонаҳои мазҳабӣ сохта шуда, атрофи онҳоро ҳуҷраҳои хонагӣ, растаҳои ҳунармандӣ иҳота кардаанд ва иморатҳо бо кӯчаю тангкӯчаҳои сангфарш ҷудо гардидаанд. Ин нахустин ёдгории бостоншиносии Осиёи Марказӣ аст, ки соли 2011 бо қарори Кумитаи байналмилалии мероси фарҳангии ҷаҳонии ЮНЕСКО ба феҳристи мероси ҷаҳонии фарҳангӣ шомил гардид. 
Фаридун Ҳамроев  иброз медорад, ки аксар вақт мувофиқи хости худи сайёҳон хатсайрҳои нав ташкил карда мешаванд. Масалан, имсол бо дархости онҳо Боғи таърихӣ-табиии Ширкент ба хатсайрҳо ворид гардид. Бисёри ширкатҳо намедонистанд, ки чунин мавзеъ дар Тоҷикистон мавҷуд аст. Сайёҳоне, ки аз ин ҷо дидан карданд, таассуроти рангин бардоштаанд. Мавзеи дигар бо номи Аҷинатеппа, ки буддои машҳури 13 - метраро дарёфт намудаанд, ба сайёҳони Ҷопон таблиғ кардан мумкин, зеро онҳо барои дидани ҳамин хел ҷойҳо мароқи зиёд доранд.
Бо назардошти ин ва ба хотири рушди бештари соҳа бояд тадбирҳои иловагии муассир андешида шаванд. Қабл аз ҳама, бехатарии сайёҳ дар тамоми давраи будубоши ӯ бояд таъмин бошад. Дигар ин ки инфрасохтор ба сатҳи зарурӣ рушд ёфта, хизматрасонӣ бояд дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосири ҷаҳонӣ пешниҳод шавад. Чиптаҳои ҳавопаймоӣ дастрастар гарданд, хатсайрҳои бевосита ба Фаронса, Италия, Испания, Шведсия, Австрия ва дигар кишварҳои Аврупо ташкил ёбанд. Беҳтар гардидани роҳҳои байни шаҳрҳову мавзеъҳои сайёҳӣ низ аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Мутахассисон иброз медоранд, ки сохтани меҳмонхонаву ошхонаҳои миллӣ ва марказҳои сайёҳӣ дар наздикии мавзеъҳои Ҳафткӯл ва Кӯли Калон теъдоди сайёҳонро метавонад бамаротиб зиёд кунад.
Хуллас, Панҷакент - ин шаҳри бостонии соҳили рӯди Зарафшон дар сурати таблиғу ташвиқи дурусту ҳадафноки дороиҳояш воқеан ҳам, метавонад минтақаи хуб барои ташкили сайёҳии экологиву кӯҳнавардӣ, таърихиву фарҳангӣ ва дар маҷмӯъ маркази сайёҳии Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон бошад. Чаро не?!
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.06.2018    №: 118    Мутолиа карданд: 1280
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед