logo

туризм

ХОНАИ ТОҶИКӢ. САЙЁҲОН МАФТУН МЕШАВАНД

Эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ боз як тасмими хирадмандона ва ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад, ки он аз як тараф таъриху фарҳанг, анъанаҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва манзараҳои зебову нотакрори табиати кишварамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд, аз тарафи дигар  ба рушди соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, фаро гирифтани аҳолӣ бо шуғли фоиданок ва дар умум ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад.
Бешубҳа, соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ заминаест барои таъсис ва бунёди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии таъриху фарҳанг ва ҳунарҳои мардумӣ. Хуб мешуд, ки дар ин маврид аз таҷрибаи ғании дигар кишварҳо низ истифода барем. Масалан, дар шаҳри Дамамаи Арабистони Саудӣ бинои сохти шарқӣ, ки хеле зебо ва дорои нишони қудсияти ниёгони арабҳост  бо номи «Деҳаи халқӣ» (қаря шаъбия) яке аз беҳтарин макон барои сайёҳ дар минтақаи Шарқ ба ҳисоб меравад. Дар пештоқи он навиштаҷоти «Зоири шарқӣ, хонаи бобоиро фаромӯш накун», насб ёфтааст. Зиёрати ин макон касро ба тамаддуни гузаштаи Саудия ошно месозад. Зоири он аз анъанаву расму одат, нишасту маҷлисороӣ ва тарзи зиндагии мардуми Наҷд огоҳ мегардад.
Дар хонае, ки  онро нишасти наҷдӣ меноманд ва хонаи қабул аст, қолини дастии зебо ва кӯрпаву такягоҳҳо густурда шуда, мизҳои қаҳванӯшӣ гузошта шудаанд. Сақфи хона аз чӯб сохта шуда, деворҳояшро корду камонҳои гуногун оро медиҳанд. Дар ҷевонаш ҳар гуна ҷому кӯза ва обдаставу дигар зарфҳо ҷойгир аст. Дар он ҷо сайёҳон ва меҳмононро бо ҳамон қаҳваи машҳури арабӣ муроот мекунанд. Хонае бо расму одоти мардуми Наҷд ва дигаре бо намунаҳо аз анъанаҳои мардуми минтақаи Асир ороиш дода шудааст. Хонаи мардуми минтақаи Албаҳа бо дари кандакорӣ ва ороиши хона фарқ дорад. Мардуми соҳили шарқӣ низ хонаи ба худ хос доранд. Ҳамчунин, дар дохили бино дӯкон -  намоишгоҳи зарфҳои мухталифи мисӣ ва маснуоти дастӣ фароҳам оварда шудааст. Дар дохили бино хонаи шеър ҷойгир аст, ки нисбатан хеле калон буда, дар он мардуми бодиянишини мамлакат ҷамъ омада, ба шеъргӯиву сурудхонӣ машғул мешаванд. Дар хона - музейи қарияи халқӣ намунаҳои гуногуни зарфу амволи нисбатан қадима ва китобу дастхатҳо ҷамъоварӣ шудаанд. Ҳатто дастгоҳи суратгирии «Зенит», ки 30 сол қабл онро аксари мардуми араб бо талош ва қимати гарон харидорӣ мекарданду истифода мебурданд, имрӯз  дар қатори санги осиё ба намоиш гузошта шудааст. Дар девори он намудҳои гуногуни туфангчаи дастиву камон ва корду шамшерҳо овезонанд. Дар байни толори калон ҳавз бо фаввора ва сангҳои рангорангу обсабзаҳо оро дода шуда,  дар атрофи он мизу курсиҳо гузошта шудаанд, ки сайёҳонро бо таомҳои лазизи миллӣ ва нӯшокиҳо  муроот менамоянд.
Ба ҳамин монанд дар Маскав ду тарабхона: яке «Насриддин дар Бухоро», дигаре «Насриддин дар Хива» - фаъолият доранд. Онҳо чунон бо анҷому молу колои қадима оро дода шудаанд, ки кас худро дар бозор ё шаҳраки сад сол қабли Осиёи Миёна тасаввур мекунад. Кӯзаҳои гуногун, обдастаҳои мисӣ, осиёбу ароба, катҳои густурда бо гилему кӯрпаву болин,  танӯру оташдон, қафасҳои овезони андалебу кабку бедона ва дигар ороишот касро ба ҳайрат меоранд.
Хуб мешуд, ки дар Душанбе ва дигар шаҳрҳои калони кишвар ҳамин гуна намоишгоҳ – тарабхонаҳо бунёд гардида, дар онҳо меҳмонхонаҳои кандакорӣ бо тамоми зарфу асбобу анҷом ва колои зебои қадима оро дода шаванд. Ҳамзамон, дигар хонаҳои хобу фароғат ва ошхона низ бо ҷиҳози миллӣ  ба маърази тамошо гузошта шаванд. Умуман, онҳо чунон таҷҳизонида шаванд, ки кас беихтиёр худро дар хонаи бобоӣ, яъне миллии тоҷикӣ эҳсос намояд ва шоҳиди таъриху фарҳанг, маданияти баланд ва санъату ҳунарҳои мардумӣ бошад. Итминон дорем, ки бунёди хонаҳои бобоӣ сайёҳонро боз ҳам бештар ба худ ҷалб месозанд.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.06.2018    №: 120    Мутолиа карданд: 1108
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед