logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ пас аз музокироти байнидавлатии Тоҷикистону Покистон, шаҳри Душанбе, 19 июни соли 2018

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма!
Хонумҳо ва ҷанобон!
Нахуст, бори дигар ташрифи Ҷаноби Олӣ Мамнун Ҳусейн, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон ва ҳайати ҳамроҳашро ба Тоҷикистон хайрамақдам мегӯям.
 Ҷумҳурии Исломии Покистон дар сафи шарикони калидии мо қарор дорад. Мо аз раванди рушдёбандаи тамосҳои сиёсии Тоҷикистон ва Покистон, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, изҳори қаноатмандӣ менамоем.
Музокироти имрӯзаи мо дар фазои барои муносибатҳои ду кишвар хосси ҳамдигарфаҳмии пурра, созандагӣ ва ҳусни эътимоди комил доир гаштанд. Боварии комил дорам, ки натиҷаҳои сафари расмии Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Покистон ба робитаҳои дуҷонибаи кишварҳои ба ҳам дӯсти мо неруи нав бахшида, омили густариши бештари маҷмӯи ҳамкориҳои тарафҳоро ташкил хоҳанд дод.
Ҳар ду ҷониб бар онанд, ки ҳамкории фарогиру созандаи тарафҳо дар соҳаҳои сиёсиву низомӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитариву фарҳангӣ ҷавобгӯи манфиатҳои милливу дарозмуддати ду кишвар буда, ба густариши ҳамгироии минтақавӣ ва таҳкими сулҳу субот дар минтақаи фарохи Осиёи Марказию Ҷанубӣ мусоидат менамояд.
 Бо ибрози алоқамандӣ ба тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ мо аҳамияти Комиссияи муштараки байниҳукуматиро махсусан таъкид намудем. Аз ҳисоби фаъолияти самарабахши комиссия боз ҳам ғанитар гардондани мазмуну муҳтавои ҳамкориҳои мо дар ин арса амри муҳим дониста шуд.
Дар ин зимн афзоиш додани ҳаҷми савдои хориҷии байни ду кишвар то ба 500 миллион доллари амрикоӣ дар меҳвари гуфтушуниди ҷонибҳо қарор дошт. Мо изҳори умед намудем, ки доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузории Покистон дар татбиқи лоиҳаҳои бузургу миёнаи кишвари мо иштироки судманд хоҳанд кард.
Мо омодаем, ки ҷиҳати ҳамкориҳои ҷонибҳо, алалхусус дар татбиқи барномаҳои рушди саноат, энергетика, инфрасохтори энергетикию нақлиётӣ, туризм, маориф ва тандурустӣ, шароити мусоид фароҳам орем.
Тоҷикистон ҳамчун кишвари маҳсур бо хушкӣ бори дигар алоқамандии худро ба истифодаи имкониятҳои бандарҳои баҳрии Покистон ва шабакаҳои мавҷудаи транзитии он барои тавсеаи тиҷорати минтақавӣ иброз дошт. Дар ин замина, зарурати барқарор кардани хатсайрҳои ҳавоӣ низ мавриди баррасӣ қарор дошт.
Айни замон дар Тоҷикистон дар соҳаи энергетика якчанд лоиҳаҳо амалӣ шуда истодаанд, ки имкониятҳои густариши ҳамкориҳои моро дар ин ҷода афзун мегардонанд. Дар ин росто оғози ҳарчи зудтари татбиқи яке аз лоиҳаҳои муҳими дорои аҳамияти минтақавӣ – CASA – 1000 махсус таъкид гардид.
Ҳар ду ҷониб ба мавзӯоти густариши ҳамкории фарҳангию башарӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд. Мо ба дурнамои неки робитаҳоямон дар соҳаҳои маорифу фарҳанг, тандурустӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои илмию техникӣ ишора кардем.
Дар ҷараёни музокирот атрофи доираи васеи масъалаҳои умдаи минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкори судманд сурат гирифт. Дар ин иртибот, ба мавзӯи густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба ва рушду такомули онҳо, аз ҷумла дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои ҳамкории Шанхай, ҳамкории исломӣ ва ҳамкории иқтисодӣ, таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.
Ба эътидол овардани вазъи Афғонистон ва истиқрори сулҳу суботи комил дар ин кишвари ҳамсоя яке аз мавзӯъҳои меҳварии музокироти мо буд. Ба манзури мусоидат ба ин раванд, мо тасмим гирифтем, ки ҳамоҳангию ҳамкории дуҷонибаву бисёрҷонибаро таҳкими бештар бахшем.
Ҳамчунин, масъалаҳои муборизаи муассир алайҳи терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, ки ба амнияти ҳар ду кишвар ва тамоми минтақа хатар эҷод месозанд, дар маркази диққати мо қарор доштанд.
Масъалаҳои таҳкими суботи минтақавӣ, мубориза алайҳи таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ҷавҳари ҳамшарикии кишварҳои моро дар соҳаи амният ташкил медиҳанд. Мо сари он қарор омадем, ки ҳамкориҳои судмандамонро дар ин арса таҳким бахшида, пеш барем.
Ҷониби Тоҷикистон аз натиҷаҳои музокироти имрӯза бо Ҷаноби Олӣ Мамнун Ҳусейн изҳори қаноатмандӣ намуда, муҳим арзёбӣ менамояд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.06.2018    №: 120    Мутолиа карданд: 2255
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед