logo

ҳукумат

Кумитаи забон ва истилоҳот таъсис дода шуд

30 октябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар  он наздики 50 масъалаи муҳим баррасӣ шуд.

Дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  нахуст Нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012 маъқул дониста шуданд.
Мутобиқи ин санад  маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ барои соли 2010 бо нархҳои дурнамо ба андозаи 24 миллиарду 500 миллион сомонӣ ва барои солҳои 2011 ва 2012 мутаносибан 29 миллиарду 400 миллион ва 35 миллиарду 280 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Суръати рушди иқтисодиёт бо нархҳои муқоисавӣ барои солҳои 2010, 2011 ва 2012 мутаносибан ба андозаи 5%, 6,5 ва 7% пешбинӣ гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки соли равон ҳаҷми  маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бояд ба 21,2 миллиард сомонӣ расад ва суръати солонаи афзоиш 3% ва таваррум 8% - ро ташкил диҳад.
Сипас Барномаи рушди соҳаи пахтакорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014 ва Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои саратон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015 муҳокима ва тасдиқ карда шуданд.
Тибқи барномаи якум майдони кишти пахта то соли 2014 дар ҳаҷми 200 ҳазор гектар нигоҳ дошта мешавад ва ҳосилнокии миёнаи он бо истифода аз агротехникаи пешқадам ва такмили системаи обёриву мелиоративӣ то 30 - сентнерӣ аз ҳар гектар бояд расонда шавад. Чунин ҳаҷми истеҳсолот ҳамчунин метавонад эҳтиёҷоти барномаи коркарди пурраи пахтаи Тоҷикистонро, ки барои давраи то соли 2015 қабул шудааст, таъмин намояд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим оид ба рафти иҷрои «Нақшаи чорабиниҳо баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳангоми сафари корӣ ба шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Ишкошим ва Роштқалъа  рӯзҳои 18-20 - уми моҳи июли соли 2008 дода шуда буданд, ҳисобот дод.
Иттилоъ дода шуд, ки аз 61 банди нақшаи мазкур 10 – тоаш то имрӯз пурра иҷро шудааст ва татбиқи амалии дигар бандҳо муташаккилона идома дорад. Ҳоло мутобиқи ин нақша дар вилоят 131 адад иншооти муҳими иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла мактабу литсей, беморхонаю бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои фарҳангӣ, варзишгоҳҳо, биноҳои маъмурӣ, корхонаҳои саноатӣ, нерӯгоҳҳои хурди обӣ ва ғайра бунёд меёбанд, ки маблағи умумии сохтмони онҳо 130 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Тибқи нақша танҳо соли 2009 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 31 мактаби нави замонавӣ сохта, ба истифода дода мешавад, ки сохтмони 20- тоаш аллакай бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат ба итмом расидааст.
Ғайр аз ин дар қаламрави вилояти мазкур бо маблағи зиёда аз 130 миллион доллари амрикоӣ лоиҳаҳои инвеститсионӣ амалӣ мешаванд, ки ҳамаи ин тадбирҳо ба рушди рӯзмарраи минтақаҳои Кӯҳистони Бадахшон мусоидат намуда, боиси болоравии некӯаҳволии мардум мегардад. Танҳо соли равон дар вилоят 265 гектар замини нав аз худ карда мешавад ва минбаъд мутобиқи нақшаи мазкур ҳар сол на камтар аз 300 гектар замини ташналаб шодоб мегардад.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани суръат ва сифати корҳои сохтмонӣ дар ҳамаи иншоот, тезондани навсозии роҳҳои мошингарди шаҳри Хоруғ, таҷдиди варзишгоҳи марказии он, омода кардани лоиҳаи нерӯгоҳи обии Санобод, бунёди корхонаҳои коркарди сангҳои қиматбаҳою ороишӣ, пашму пӯст, меваю сабзавот ва умуман иҷрои пурраи нақшаи чорабиниҳои мазкур ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод.
Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат ҳамчунин ҳисоботи раиси ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон Ҷаббор Самадов оид ба бартараф намудани оқибатҳои офати табиат дар Ҷамоати деҳоти Айнӣ шунида шуд.
Хотиррасон гардид, ки рӯзҳои 21 ва 22 апрел ва 14 майи  соли равон дар натиҷаи боришоти зиёд ва омадани сел дар ин ҷо 132 хона пурра ва 97 - тои дигар қисман хароб гашта, 340 оила ё худ 1667 нафар бе сарпаноҳ монда буд.
Зикр гардид, ки дар натиҷаи амалӣ гаштани супоришҳои ғамхоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 159 оила бо хонаи нав ва тамоми ашёи рӯзгор ба таври ройгон таъмин шуд. Ба 491  оилаи дигар барои сохтмони манзил замини наздиҳавлигӣ дода шуд. Аз инҳо 312 оила ҳамчунин ба таври ройгон бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин гашт. Хулоса гардид, ки дар зимистони пешомад ҳеҷ яке аз ин оилаҳои зарардида бесарпаноҳ намемонанд. Маҳаллаҳои нави истиқоматӣ бо нерӯи барқ ва оби нӯшокӣ низ таъмин гаштаанд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳри боз ҳам беҳтар намудани шароити зисти аҳолии зарардида ва тезондани сохтмони мактаби нави маҳалла ба масъулон супоришҳои мушаххас дод.
Дар маҷлиси Ҳукумат ҳамчунин лоиҳаҳои як қатор қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаи кишвар маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Қарорҳои Ҳукумати мамлакат оид ба номгузории Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шотемур ва доир ба таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуданд.
Дар охири маҷлис Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур дод, ки то охири соли равон саҳмияҳои Нерӯгоҳи барқи обии Роғун барои ҷалби сармоягузорӣ ба сохтмони он омода карда шаванд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба масоили омодагӣ ба ҷашни солгарди 15 - уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, кушодани филиалҳои Донишкадаи энергетикӣ ва Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи шаҳри Маскави Федератсияи Русия ва Донишкадаи политехникии шаҳри Харкови Украина дар Тоҷикистон, ба масъалаи пурра гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасраф ва ба татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, дар назди роҳбарони сохторҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5679
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед