logo

туризм

САЙЁҲӢ. ВОСИТАҲОИ ОДӢ, ВАЛЕ БОСАМАРИ РУШД

Ба гумони ғолиб, ҳадафи  аслии аз ҷониби Сарвари муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон эълон шудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, на танҳо ривоҷу равнақ бахшидани ин соҳаҳо, балки муаррифии таърихи пурғановат, фарҳанги қадимӣ, табиати зебою мафтункунанда ва ҳунарҳои дилпазири халқамон мебошад. Воқеан, Ватани маҳбубамон бо мазеъҳои афсонавӣ ва ёдгориҳои фарҳангиву таърихӣ, ба монанди Чилучорчашма, Искандаркӯл, кӯли Сарез, Ҳафткӯл, дараи Мухтор, шаршараи Балҷувон, Саразми бостонӣ, Панҷакенти Қадим, Тахти Сангин, Тахти Қубод, мақбараҳои Абуабдуллоҳ Рӯдакиву Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва амсоли инҳо, дер боз таваҷҷуҳи оламиёнро ба худ ҷалб намудааст.
Ҳамзамон, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат дар пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе майдонҳо ва хиёбону гулгаштҳо таҷдиду азнавсозӣ гашта, иншоотҳои зебо, аз қабили Қасри миллат, Кохи Наврӯз, Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ қомат афрохта, иқтидори туристии кишварро боз ҳам афзунтар гардонданд.
Аз ин рӯ, дар иртибот ба ин мавзӯъ, мехоҳам чанде аз андешаҳои хешро иброз дорам. Баҳри пешрафти соҳа моро зарур аст, ки, пеш аз ҳама, таваҷҷуҳи хешро ба ҷалби сайёҳони дохилӣ равона созем. Зеро чуноне таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, дар ибтидои кор маҳз ҳамин омил метавонад ба рушди туризм такони ҷиддӣ бахшад.  Инчунин, дар тақвияти ин гуфтаҳо мехоҳам замони Иттиҳоди Шӯравиро ба ёд оварам. Ҳангоми сафар ба шаҳрҳои Москва, Ленинград (ҳоло Санкт - Петербург), Кишинёв, Алма - Ато, Киев, Бухоро, Самарқанд, Хива ва Тошканд борҳо шоҳид будам, ки кормандони бахши сайёҳӣ дар ҷойҳои серодам истода, мардумро бо баландгӯяк барои тамошои  ин ё он мавзеъ даъват намуда, барои онҳо саёҳати автомобилӣ ё заврақӣ, ки хеле арзону дастрас буданд,  ташкил менамуданд. Ва ман ба ҳамин васила ҷойҳои зебоманзари кишвари паҳновари Иттиҳоди Шӯравиро тамошо кардаам.
Аз ин лиҳоз, фикр мекунам, ки ҷорисозии чунин  таҷриба дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Норак, Кӯлоб, Бохтар, Ҳисор, Турсунзода, Хоруғ, ҳамчунин мавзеъҳои хушманзараи Варзоб, Ромит, Қаратоғ, Искандаркӯл, водии Вахони ВМКБ, Балҷувон, Чилучорчашмаи Шаҳритуз, Бешаи палангон ва монанди инҳо аз фоида холӣ нахоҳад буд. Зеро теъдоди зиёди мардум дар орзуи дидани ин ҷойҳо мебошанд. Барои ҳамин, ҷиҳати ҷалби онҳо ҷамоатҳо, коллеҷу омӯзишгоҳҳо, донишкадаю донишгоҳҳо, корхонаю муассисаҳо бояд фаъ-олони ҷамъиятии худро дошта бошанд ва онҳо миёни  аҳолӣ, махсусан наврасону  ҷавонон,  ташвиқот бибаранд. Ва бояд ба хотир гирифт, ки хонандагони мактабҳои  деҳотӣ ба тамошои шаҳрҳо, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ майли зиёд доранд.
Ин суханон беасос нестанд. Мо, солҳои 80 - уми асри гузашта, маҳз бо ҳамин усул, гурӯҳ - гурӯҳ хонандагони мактабҳои шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) ва ноҳияи Бохтар (ҳоло Кӯшониён) - ро ба тамошои шаҳри Душанбе, қалъаи Ҳисор ва дараҳои Варзобу Ромит меовардем. Ба ҷуз ин, чанде аз гурӯҳҳо Осорхонаи таъриху кишваршиносӣ ва Намоишгоҳи хоҷагии халқи ҷумҳуриро тамошо карда, бо фаъолияти «Тоҷикфилм», Телевизиони Тоҷикистон, фабрикаи дӯзандагии «Гулистон» ва ғайра ошно шуда буданд. Чунин сайру саёҳатҳо бештар дар моҳҳои апрелу май, пеш аз он ки хонандагон, махсусан синфҳои болоӣ, ба таътили тобистона мебаромаданд, сурат мегирифтанд. Ин чорабиниҳо натиҷаҳои хуб ба бор меоварданд. Аз тариқи онҳо сатҳи дониши хонандагон баланд гашта, муҳимтар аз ҳама, ҷаҳонбиниашон васеъ мешуд ва дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ тарбия меёфтанд.
Қобили қайд аст, ки дар пешрафт ва рушду такомули сайёҳии дохилӣ барқароркунии хатсайрҳои замони Шӯравӣ нақши муассир хоҳад гузошт. Дар ин самт, қабл аз ҳама, эҳёи хатсайрҳои пиёдагардӣ аҳамияти бузург дорад, зеро онҳо арзон ва дастрасанд. Инчунин, нашри харитаҳои хурди хатсайрҳо, ёдномаҳои суратдор ва кисагӣ, видео ва сураталбомҳои хурд - хурди ҷолиб ва армуғонҳо ба фоидаи кор хоҳад буд.  Дар баробари ин, ба тарбияи кадрҳои ҳирфаӣ, бавижа роҳбаладон, ки дорои одоби баланд ва донандаи забонҳои гуногун бошанд, аҳамияти махсус бояд дод.
Бе шубҳа, ин ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ва поягузори рушди ин соҳаҳо буда, раванди инкишофи онҳо дар солҳои минбаъда, албатта, давом  ёфта, хусусияти ҳамешагӣ пайдо мекунад ва дар ояндаи наздик Ватани маҳбубамонро ба яке аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон табдил хоҳад дод.
Ҳасан Юсуфи ФАЙЗБАХШ, нависанда


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.06.2018    №: 121    Мутолиа карданд: 1055
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед