logo

ҳуқуқ

ИФРОТГАРОӢ. ДАР МУҚОВИМАТ АЛАЙҲИ ОН БЕТАРАФ НАБОШЕМ!

Ифротгароӣ одатан ҳамчун ғоя, идеология ва сиёсат, зуҳурот вақте ба ҷиноят табдил меёбад, ки усули ноилшавӣ ба мақсад роҳи ҳалли масъалаҳои сиёсӣ роҳи зӯрӣ ё усули террор интихоб карда мешавад. Ифротгароён метавонанд ба музокирот ворид гардида, шарт ба миён гузоранд, ки уҳдадориҳои муайянро ба зимма гиранд, ё ки қонунҳо ва роҳи ғайризӯрии ҳалли масъаларо рад кунанд. Ифротгароии идеологии сиёсӣ мумкин аст ҳамчун шакли радикалии зуҳуроти миллию этникӣ, динӣ ва ҷиноию иқтисодӣ фаҳмида шавад. Ифротгароии миллию этникӣ дар зери идеологияи миллатгаро аз мавқеи манфиатҳо ва ҳуқуқҳои миллӣ ё этникӣ бар зидди сиёсати миллии ҳокимияти давлатӣ баромад мекунад, аз ин рӯ, метавонад кирдори дар шакли миллатгароӣ (натсизм), фашизм, саҳюнизм ва ғайра ба миён ояд. Ҳамин тариқ, ифротгароӣ метавонад аз идеологияи гузарои ақаллияти  сиёсӣ ва сиёсати таъқиботкунии аксарияти сиёсӣ иборат бошад.
Мувофиқи моддаи 8 Конститутсия дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ дар асоси бисёрҳизбӣ сурат мегирад. Ягон мафкурае, аз он ҷумла ислом, ба сифати мафкураи давлатӣ эътироф намегардад. Ташкилотҳои динӣ, ки тибқи қонун аз давлат ҷудо мебошанд, ба корҳои давлатӣ дахолат карда наметавонанд. Ин маънои онро дорад, ки дар Тоҷикистон, ҳамчун давлати дунявӣ, муассисаҳои динӣ аз мақомоти давлатӣ ҷудо карда шудаанд ва онҳо имконият надоранд, ки ба мақомоти давлатӣ таъсир расонанд.
Шаҳрвандон дар интихоби дин озоданд ва давлат ҳақ надорад, ки ба онҳо дар риояи анъана ва муқаррароти динӣ маҳдудият ба миён оваранд. Ба тарзи дигар гӯем, инсон дар эътиқоди динӣ, виҷдон ва шахсият озод аст. Барои мубориза бар зидди ифротгароӣ дар баробари меъёри ҳуқуқии дар моддаи 8 Конститутсия омада Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо экстремизм”, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон тамоми чораҳои қонуниро меандешанд, ки мардуми кишварро аз ифротгароӣ ва ифротгароён ҳимоя намоянд.
Мардуми Тоҷикистон зуҳуроти ифротгароии диниро қабул карда наметавонад. Ақидаи халқ дар қонунгузорӣ ва Конститутсия таҳким ёфтааст. Ин маънои онро дорад, ки мардум аз радикализми давлатӣ, кадоме, ки атеизм аст, халос шуда, радикализми дигар – режими сиёсии диниро қабул карданӣ нест.
Фаҳмиши зарурати дар ҷомеаи Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқӣ муҳим аст. Бояд ба мардум ёрӣ расонид, то ки арзиши ҳуқуқи инсон, фарҳанги ҳуқуқ ва таҳаммулро бубинанд, бо ин роҳ мақоми иҷтимоии худро бифаҳманд, муноқиша ва низоъҳоро тавассути роҳҳои ҳуқуқӣ ва ба таври осоишта ҳал карда тавонанд. Ҳамаи ин мардумро ба зидди ифротгароӣ хуб тайёр мекунад.
Солҳои охир дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба ҷараёни корҳои тарбиявӣ  диққат ва аҳамияти бештар дода мешавад. Зеро тарбия падидаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, психологӣ ва педагогӣ буда, барои танзими ҳаёти инсон ва пешрафти ҷамъият хизмат менамояд. Он ҳамчун фаъолияти махсуси мақсадноки инсон барои рушди шахс ва ворид шудани ӯ ба ҷараёни воқеӣ ва бунёди ҳаёти маданӣ равона карда мешавад. Соли  2017 20 - умин солгарди  Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд. Ин ҷашн тантанаи неруи бегазанду созандаву пешбару тавонои ваҳдат хоҳад буд. Ва боз ҳам ба ҷаҳониён собит  хоҳад кард, ки халқи тоҷик табиатан ваҳдатпараст буда, на ин ки дар дохили кишвари худ, балки дар саросари ҷаҳон онро меписандад. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ваҳдат дар байни халқи тоҷик мартабаю мақом ва аҳамияти бештар пайдо кард. Моҷарою даргириҳое, ки дар кишвар солҳои 90 - уми асри гузашта ба вуқӯъ пайвастанду боиси ғаму андуҳу маҳрумиятҳо гаштанд, бори дигар аҳамияти ваҳдат ва нақши онро дар ҳаёти осоишта собит сохтанд. Маҳз гаравиши дубора ба ваҳдат дар охири ҳамон солҳо ба халқи мо бахту саодат овард, мамлакатро тинҷу осуда, мардумро хурраму хушрӯзгор сохт. Ба ифтихори мо, ваҳдати миллат дар ин муддат неруманд гашта, устувор шуд ва ҳама  боварӣ дорем, ки ҳаргиз он завол нахоҳад ёфт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон чандин маротиба аз минбари баланди СММ ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид намудаанд, ки Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар ҳама давру замони давлатдориашон зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм буданд ва ҳастанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм чун як иштирокчии фаъол мешиносанд ва арзёбӣ мекунанд. Дар масъалаи бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани ин қабил ҷиноятҳо оварда мерасонад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қишрҳои ҷомеа чораҳо андешида шуда истодаанд.
Сулҳе, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон оварданд, нодиртарин ва қиматтарин неъмат мебошад. Ба мо зарур аст, ки ин ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар бас-та, дар муқовимат ба афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем ва нагузорем, ки нохалафе фазои ороми кишвари азизамонро ғуборолуд созад.
М. ГУЛЗОДА,
ректори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.06.2018    №: 121    Мутолиа карданд: 1113
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед