logo

мулоқотҳо

СУҲБАТИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО НЕВЕН МИМИТСА

21 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкории байналмилалӣ ва рушд Невен Мимитсаро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар оғози мулоқот Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: “Мо ба ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоем ва Иттиҳоди Аврупоро аз ҷумлаи ҳамёрони муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонем”.
Ҷонибҳо аз қабули Стратегияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2014 - 2020 ва Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030, ки мақсад аз қабули онҳо татбиқи минбаъдаи ҳадафҳои стратегӣ мебошад, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Таъкид гардид, ки дар доираи ин стратегияҳо татбиқи тарҳҳои миллию фаромиллӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, сарҳадот, гуманитарӣ, маориф, фарҳанг ва беҳдошти аҳолӣ татбиқ шуда, муколамаи ҷонибҳо дар мавзӯъҳои амнияту субот ва ҳуқуқи инсон тавсеа меёбанд.
Зимни мулоқот масъалаи ҷалби сармояи иттиҳод ва иштироки фаъоли он дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ, дастгирии буҷети Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ, сармоягузории лоиҳаҳои иқтисодӣ дар доираи Барномаи имконияти сармоягузории Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ зарур шумурда шуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи таъмини амнияту суботи Осиёи Марказӣ ва вазъи амният дар Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор дода, аз паҳншавии терроризму зуҳуроти экстремизм дар минтақа изҳори нигаронӣ карданд.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистон ба кумакҳои шарикони рушд, минҷумла Иттиҳоди Аврупо, ҷиҳати таҳкими амнияти сарҳадот дар ин самт ниёз дорад. Дар ин ҷода ҳамкории хуби Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо тавассути Барномаи БОМКА махсус таъкид гардид.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.06.2018    №: 121    Мутолиа карданд: 3195
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед