logo

мулоқотҳо

ВОХӮРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО ДОКТОР АБДУЛЛОҲ АБДУЛЛОҲ

20 июни соли 2018 Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

21 июн дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ баргузор гардид, ки зимни он маҷмӯи васеи масоили дӯстию ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид доштанд: “Тоҷикистон хоҳони рушду густариши равобити ҳасанаи худ бо Афғонистон аст ва дар ин ҷода ҳамеша кӯшишу талоши созанда ба харҷ медиҳад”.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ширкати фаъоли Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва ҳайати ин кишвари ҳамсояро дар конфронси сатҳи баланд чун нишони пуштибонии ҳамаҷонибаи давлати дӯсти Афғонистон аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар масъалаи об маънидод карданд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба, вазъияти имрӯзаи Афғонистон, инчунин, мавзӯъҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуданд.
Рушду густариш ва таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, энергетика, илму маориф ва амният аз самтҳои ояндадори барои ҳар ду ҷониб судманд арзёбӣ шуданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки мо ба сатҳи навини ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, иттилоот ва фаъолияти иҷтимоӣ низ манфиатдорем ва Тоҷикистон омодааст барои Афғонистон мутахассисони зиёди соҳаи барқ, тандурустӣ, обёрӣ, кишоварзӣ, роҳи оҳан, роҳсозӣ, сохтмон, меъморӣ, технологияҳои гуногун ва садҳо кадрҳои илмиро тарбия намояд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо, ҳамчунин, муборизаи беамон бо таҳдидҳои аслӣ - терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили фаромиллиро омили таъмини сулҳ, амният ва ҳамкории судманд ва озодӣ дар минтақа арзёбӣ карданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.06.2018    №: 121    Мутолиа карданд: 3245
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед