logo

ҳуқуқ

ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА МАРДИ 60 – СОЛАРО БА ҶАВОБГАРӢ КАШИД

Баррасии як парвандаи ҷиноятӣ дар суди ноҳияи Вахш нишон медиҳад, ки бо вуҷуди андешидани тадбирҳои иҷтимоиву ҳуқуқӣ то имрӯз мавҷуд будани амалҳои зӯроварӣ дар оила ба назар мерасад, ки бетарафӣ нисбати раванд ба манфиати ҷомеа нест.

Ҳасан Бобоқулови шастсола, сокини ноҳияи Вахши вилояти Хатлон, ҳанӯз соли 1977 бо С. Бобоқулова оила бунёд намуда, соҳиби 8 фарзанд гардиданд. Мавҷуд набудани эҳтироми якдигар 13 декабри соли 2015 боиси ҷудоии ҳамсарон дар оила гардид. Зану шавҳар дар пайи номуросоии бардавом ниҳоят ба воситаи суд ақди никоҳи худро расман бекор карданд. Онҳо дар як манзили истиқоматӣ, вале дар алоҳидагӣ зиндагӣ мекарданд. Кор ба ҷое расид, ки баҳси тақсими замин аъзои оиларо ба сангарҳо ҷудо кард. Моҷарои оилавӣ то рафт доманадору васеътар мешуд. Ҳасан Бобоқулов бо вуҷуди ҷудо шудан аз ҳамсараш дар зарфи чаҳор соли охир ба ҳар баҳона С. Бобоқуловаро озор дода, баъзан ӯро зери лату кӯби ҷисмонӣ қарор медод. Тибқи хулосаҳои пешниҳоднамудаи коршиносони судӣ - тиббии вилояти Хатлон С.Бобоқулова дар натиҷаи лату - кӯб чанд маротиба ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштааст. Вале ин ҳама кирдори ношояму ғайриқонунӣ бепосух намонда, Ҳасан Бобоқулов барои чунин амалҳои худ ба ҷавобгарӣ кашида шуд.
Суди ноҳияи Вахши вилояти Хатлон парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Ҳасан Бобоқуловро баррасӣ намуда, тибқи моддаи 117 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 1 солу 6  моҳ бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш умумӣ таъйин кард. Баъдан, дар асоси моддаи 71 қисмҳои 1 ва 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои нисбат ба ӯ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ таъйиншуда шартан татбиқ нагардида, 1 сол муҳлати санҷишӣ муқаррар карда шуд.
Таъйиноти мазкур дар маҷлиси умумӣ бо иштироки ҳатмии нозирони минтақавии деҳаи Ҳосилобод ва кормандони ШВКД дар ноҳия Вахши вилояти Хатлон муҳокима гардида, баҳри бартараф ва дар оянда роҳ надодан ба чунин камбудиҳо, аз ҷумла бетарафӣ нисбат ба хушунату зӯроварӣ ба нозирони минтақавӣ дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд.
С. ФАЙЗУЛЛОЗОДА,
судяи суди ноҳияи Вахш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.06.2018    №: 122-123    Мутолиа карданд: 1179
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед