logo

порлумон

АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. ҲАМКОРИИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СААД ТАВСЕА МЕЁБАД

Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ ба тасвиб расид.

Мансурҷон Умаров, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии созишномаи мазкур иброз дошт, ки он аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия гардидааст. Созишномаи мазкур аз ҷониби сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 30 ноябри соли 2017 дар шаҳри Минск ба имзо расонда шудааст. Созишнома ҳадаф, самт, шакл ва механизми ҳамкориҳои давлатҳои аъзои СААД – ро ҷиҳати таъмини амнияти иттилоотӣ дар фазои давлатҳои аъзои созмон пешбинӣ  мекунад. Мақсади созишнома рушди ҳамкории тарафҳо баҳри таъмини амнияти иттилоотии давлатҳои аъзои созмон мебошад.
Тибқи созишнома ҳамаи тарафҳо уҳдадор мешаванд, ки оид ба таъмини амнияти иттилоотӣ  дар самтҳои асосӣ, аз ҷумла коркард ва пешбурди заминаҳои ҳуқуқии ҳамкорӣ ва мусоидат дар такмили онҳо, ташаккули механизмҳои амалӣ, рушди чораҳои зарурӣ оид ба устувор намудани эътимод дар бахши амнияти иттилоотӣ, такмили заминаи технологии таъмини амнияти иттилоотӣ, фароҳам овардани шароит барои ҳамкории мақомоти салоҳиятдор ҳамкорӣ намоянд.
Анвар Тағоймуродов, вакили порлумон, таҳкими сулҳу амният, суботи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла таъмини амнияти иттилоотӣ, роҳ надодан ба истифодаи технология ва захираҳои иттилоотие, ки барои ноором кардани вазъият дар ҳудуди давлатҳои аъзои созмон равона шудаанд, аз ҷумлаи ҳадафҳои ин санади муҳим арзёбӣ намуд.
Мунаввари САФАР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.06.2018    №: 122-123    Мутолиа карданд: 5319
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед